ВАҚТЕ КАЛБУЗ СОҲИБИ ШОХ МЕШАВАД: МУДИРИ РАДИОИ ОЗОДӢ ЗАНИ ХУДАШРО БА КОР ГИРИФТААСТ
Аз бахши тоҷикии радиои Озодӣ чанде пеш хабари “сенсатсионӣ” омад, ки мудири бахши тоҷикии ин радио Салим Аюбов (Салим Аюбзод) дар сиёсати кадриаш “инқилоб” барпо карда ва … зани худашро ба кор гирифтааст. Бовар накардам, зеро аҳмақие чунин он қадам амали ғайриахлоқист, ки сурат гирифтанаш амре боварнокарданист. Ман ҳам ба чанд манбаи дигари болотар аз бахши тоҷикӣ занг задам. Тасдиқ карданд, ки бале, зани худаш Бадалбӣ Аюбоваро ба кор гирифтааст. Албатта, гуфтанд, ки расман ҳамсараш мустақиман зердасти Салим Аюбов нест, балки ҳамчун ҳамоҳангсози (!!!) барномаву гузоришҳои тоҷикии тарҳи нави Радиои Озодӣ бо номи “Мигрант.Медиа” ба кор гирифта шудааст, вале ба фарқ аз кормандони дигари ин тарҳ ба Бадалбӣ Аюбова имтиёз додаанд, ки на дар қароргоҳи “Мигрант.Медиа” дар Қирғизистон, балки дар худи Прага, қароргоҳи марказии Радиои Озодӣ кор кунад. Имтиёзе, ки бидуни дахолати Салим Аюбов, албатта, касе ба Бадалбӣ Аюбова намедод.
Ин ҳам мисли офтоб рӯшан ва яқин аст, ки ба кор гирифтани Бадалбӣ Аюбова ҳам бидуни дахолати шавҳари ин шабу рӯз дар даруни радио “пурнуфуз”-аш имкон надошт. Зеро малакаи касбии Бадалбӣ Аюбова ҳамчун журналист ба ҳеҷ яке аз талабҳое, ки пеши ҷӯяндагони кор дар тарҳи “Мигрант.Медиа” гузошта шуда буд, ҷавобгӯ набуд:
- Беш аз 30 сол боз таҷрибаи кори фаъоли журналистӣ надошт ва ҳама собиқаи журналистиаш низ бо банду басти чанд барномаи мусиқӣ дар радиои Тоҷикистон дар солҳои 80-уми асри гузашта оғозу анҷом мешавад.
- Дар ҳоле ки радио солҳои охир ба истихдоми хабарнигорони ҷавони аз синни 30 поён бартарӣ медиҳад, синни ҳамсари мудири радиои Озодӣ аз 60 болост ва алакай ба синни нафақахӯрӣ расидааст.
- Тарҳи “Мигрант.Медиа” асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ кор мекунад ва аз ин рӯ, журналистонеро зарурат дошт, ки аз СММ ва дигар шеваҳои журналистикаи муосир огоҳ бошанд ва таҷрибаи кор дар шабакаҳои иҷтимоиро дошта бошанд. Вале, тавре гуфтем, ҳама собиқаи журналистиии Бадалбӣ Аюбова бо чанд соли кор дар идораи мусиқии радиои Тоҷикистон оғозу анҷом мешуд ва он ҳам дар солҳои 80, ки он вақт бӯе аз ягон шабакаи иҷтимоӣ набуд. Гузашта аз ин, ҳамсари Салим Аюбзод дар ҳоле ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаву гузоришҳои тоҷикии “Мигрант.Медиа” ба кор қабул карда шуд, ки ӯ дар ягон шабакаи иҷтимоӣ ҳатто саҳифа надошт ва ба гуфтаи онҳое, ки ӯро аз наздик мешиносанд, то замони ба кор гирифтанаш Инстаграмро аз 100 грамм ва шабакаи Телеграмро аз телеграммае, ки як вақтҳо бо почта мефиристоданд, фарқ намекард.
- Охирин таҷрибаи кори Бадалбӣ Аюбова ҳамчун журналист ба сӣ соли пеш, яъне ба аввали солҳои 90 рост меояд, ки дар шуъбаи мусиқии радиои Тоҷикистон асосан ба корҳои техникӣ, аз ҷумла ба интихоби сурудҳо барои барномаҳо машғул буд. Ва он ҳам даврае буд, ки дар барномаҳо сабтҳо бо лентаву қарта истифода мешуд ва аз Интернету фанновариҳои навин ҳанӯз дараке набуд.
БО РОҲИ ФИРЕБ ВА СӮИИСТИФОДА АЗ БОВАРӢ
Таҳқиқи пойгоҳи хабарии “Бомдод” нишон дод, ки Салим Аюбов барои ба кор гирифтани занаш нафақат болову поён хеле давутоз карда, пеши чандин саркалони радио ба қавли маъруф гардан каҷ кардаву ба таъбири журналистон, даст ба коррупсия ва хешутаборбозӣ задааст, балки аз ин ҳам фаротар рафта, аз тақаллуб ва тахаллуф низ кор гирифтааст. Аюбов аз ҷумла бо истифода аз мақоми худ номҳои довталабони дигари кор дар тарҳи “Мигрант.Медиа”-ро ба даст оварда, бо дастикам се нафари онҳо дар тамос шудааст ва ба ибораи роиҷ дар хабарҳои ВКД, “бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ” ба боварии онҳо даромада, ваъда додааст, ки номзади аз ҳама арзанда шумоед ва ман тамоми талошамро мекунам, то шумо гузаред. Барои ин ӯ аз он номзадҳо хостааст, ки нақшаву барномаҳои худро барояш фиристанд, то ки ӯ онҳоро такмилу хубтар кунад ва “дигар ягон ҷои шакку шубҳа ба номзадии шумо намонад”.
Ин довталабҳои бехабар аз инки як рақиби онҳо барои ин ҷои кор ҳамсари худи Аюбов аст, барномаҳои худро барои таҳрир ба “устод”-ашон ва “устод”-и чапдаст аз ин барномаҳои тайёр барои ҳамсари худ барномаи номзадӣ месозад. Фиреб хӯрдани худро он довталабони ноком фақат вақте мефаҳманд, ки Бадалбӣ Аюбова пеш аз онҳо барномаҳои онҳоро ҳамчун моли худ ба доварон нишон медиҳад ва доварон ҳам бе ҳеҷ андешидан ба инки дар синни шасту чанд дар ин хонум аз куҷо баногоҳ истеъдоди журналистӣ ҷӯш задааст?, ӯро интихоб кардаанд.
Албатта, исрору фишору гардан каҷ карданҳои Аюбов низ дили онҳоро об кардааст, ки як нафари аз лиҳози ҳунари журналистӣ хеле заиф, балки сифрро ба як мақоми муҳим ба кор бигиранд. Ва он ҳам дар як расонаи муътабари амрикоӣ.
Ин ҳам дар ҳоле буд, ки барои он довталабони фиребхӯрда ҷои кор дар Озодӣ шояд охирин умед ва замонат барои раҳоӣ аз таъқиботи мақомот буд, вале зану шавҳар Аюбовҳо бе ягон ибо баро и нафси ҳароми худ ҳатто амнияти дигаронро пушти по заданд, то чанд тангае дигар ба сарвати оилавии худ зам кунанд.
ВАҚТИ КОР: ҲАМА БА ҶОИ ЯК КАС. ВАҚТИ МАОШ: ЯК КАС БА ҶОИ ҲАМА
Вақте ҳама чиз ҳал шуду бояд янгаро ба кормандони Озодӣ ҳамчун ҳамкори навашон муаррифӣ мекард, Салим Аюбов инро ба зиммаи муовинаш Сироҷиддини Ислом (Толибов) гузошт. Аммо Толибов яқинан аз иҷрои ин “миссия” шарм кард ва ҳар рӯз ин корро ба қафо мепартофт. Билохира баъди беш аз як ҳафтаи “пинҳонкорӣ” худи Салим Аюбов маҷбур шудааст, ки занашро ба ҳамкорон муаррифӣ кунад.
“Ин зани ман нест, ин ҳамкори нави шумост”, – гуфтааст Аюбов ҳангоми муаррифии занаш.
Хуб, зани мудирро кор гирифтанд ва ӯ аз моҳҳои феврал ё март ба кор сар кард. Аммо кори журналистӣ ин фақат “чашмаки ман, чашмаки ту” нест, бояд кор кард, ҷунбид, давид, хабар ёфт, навишт, нашр кард. Ҳамсари мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, мутаассифона, аз ин матоъҳо дар бисоти худ ҳеҷ гоҳ надошт, вале маош омада истодааст ҳар моҳ ва бояд ягон натиҷа аз худ нишон диҳад. Вале мудири радиои Озодӣ ҳилаи инро ҳам ёфт.
Инак беш аз 4 моҳ боз дастикам се хабарнигори радиои Озодӣ дар баробари кори худ муваззаф карда шудаанд, ки ба ҷои “янга” ҳам кор кунанд: яке ба ҷояш матн менависад, яке видеоҳояшро дуруст мекунад ва Каюмарси Ато, сардабири сомонаи радиои Озодиро аз сомона гирифта, гӯё барои “тақвияти кор” ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофтаанд. Дар асл вазифаи нави Каюмарс асосан аз кор ба ҷои “янга” иборат аст: бояд матнҳои каҷу килеби ӯро дуруст кунад ва матлабҳову видеҳои ба ҷои зани мудир сохтаи худашу ҳамкоронашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунад.
Кормандони радиои Озодӣ мегӯянд, агар Салим Аюбов ва “янга” заррае инсоф медоштанд, бояд аз маоши ҳамсари мудир 90 фоизашро байни Каюмарсу Мӯъмину Зарангез тақсим мекарданд ва 10 фоизашро худаш мегирифт. Ҳарчанд саҳми худи “янга” ҳатто 10 фоиз ҳам нест.
УСТОД Р…Д ДАР РАИСӢ
Табиати Салим Аюбовро хуб фаҳмидаам ва медонам, ки баъди ин мақола ба кову чув сар мекунад, ки кӣ ба “Бомдод” маълумот дод? Барои онки вақташ беҳуда наравад ба ин, бояд бигӯям, ман бо бисёре аз хабарнигорони Озодӣ, чӣ дар Прага ва чӣ дар минтақаҳо суҳбат кардам дар ин мавзӯъ. Аммо ягон кас ёфт нашуд, ки зани худашро ба кор гирифтани Салим Аюбовро тарафдорӣ кунад ё ҳадди ақал маҳкум накунад. Ҳатто аз байни тарафдоронаш! Яке аз онҳо хеле тавҷеҳ ҷусту далеле наёфт ва дар ниҳоят шармида гуфт, ки “хайр, устод сари пирӣ дили янгаро ба даст оварданӣ шудааст…” Яке дигар аз шогирдонаш бидуни ягон ибо эътироф кард, ки: “Росташро гӯям, устод р…д дар раисӣ бо ин кор гирифтани занаш”!”
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Салим Аюбов аз худ имиҷи як устоди беҳамтои журналистика, нависандаи забардаст ва равшанфикри ватандӯстеро сохтааст, ки навиштаҳояшро кас мехонаду фикр мекунад, ки дилсӯзтар аз ин касе нест. Журналистиашро баҳо намедиҳам, чунки ягон 20 соли охир ягон кори ҳалоли журналистиашро надидаам, чизе агар дошт, дар ҳамон солҳои 90 ва бо сабку забону сатҳи ҳамон солҳо монд, ҳеҷ гоҳ мухлиси асарҳои адабиаш набудам, чунки ба назари ман, ончӣ менависад, графомания аст, на адабиёт. Вале дар мавриди вижагиҳои инсониаш бояд гуфт, дар байни онҳое, ки бо ин нафар таҷрибаи ҳамкорӣ дар ягон нашрияро доштанд, ба нудрат метавон касеро пайдо кард, ки аз ӯ ба хушӣ ёд кунад. Тасвире, ки ҳамкорони собиқаш аз ӯ мекашанд, тасвири як нафари кинатӯз, дилсиёҳ, маҳалгарои ашаддӣ, яъне комилан баракси он чизест, ки Аюбов аз худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар чашми мардум метарошад. Ба қавле, прототипи ҳамон “гурбаи шайх” аз достони машҳури Убайди Зоконист.
Чӣ дар “Комсомоли Тоҷикистон”, чӣ дар давраи кораш дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ГРУ (идораи ҷосусии артиши Шӯравӣ), чӣ дар “Адабиёт ва санъат”, чӣ дар “Чароғи рӯз” ва чӣ дар Радиои Озодӣ, Салим Аюбов дар ёди ҳамкорон танҳо бо тавтиаҳои бешумор, ба якдигар ҷанг андохтани ҳамкорон, хабаркашӣ ба роҳбарон, ё ба қавли дигар, “бузӣ” ва дар айни замон, ҳамчун “анонимканавис” (муаллифи шикоятҳои беимзо) боқӣ мондааст.
Аммо ниҳояти таназзули Салим Аюбов ҳамчун шахсият дар тӯли инак беш аз 30 соли кораш дар Радиои Озодӣ барҷастатар ба назар мерасад.
ДАР ИВАЗИ КУРСИИ САЙЁР САЛИМ БА ҲАР ХИДМАТ ТАЙЁР!
Дар 30 соли охир ягон раҳбари радио набуд, ки Салим Аюбов ба вай ҳамчун журналист ба кор гирифтани ҳамсарашро пешниҳод накарда бошад. Барои ин зану шавҳар ҳатто афсонаеро бофта буданд, ки гӯё Бадалбӣ Аюбова нахустин хабарнигори Озодӣ дар Тоҷикистон буд ва ҳанӯз аз замони СССР барои он аз Душанбе гузориш медод. Дар асл аз соли 1991 ба Озодӣ аз Душанбе худи Салим Аюбов гузориш медод, вале барои он ки КГБ ӯро муайян накунад, гузоришҳояшро бо садои ҳамсараш сабт мекунонд, яъне аз ҳамсараш барои худ сипар сохта буд.
Ба бовари ҳамкорон, ишқу алоқаи девонавори ин нафар ба пулу сарват ва талоши бо ҳар роҳе ба радиои Озодӣ ба кор кашондани ҳамсараш ба хотири ба даст овардани пулу боигарии бештар аз аввали ба ин радио омадани Аюбов ба назар мерасид ва ҳамин ғаризаи ба кор гирондани занаш дар ниҳоят сабаб шуд, ки ӯ охирин қатраҳои боқимондаи ғурурашро шикаста, пеши мудири вақти радиои Озодӣ Аббоси Ҷаводӣ ба зону бизанад ва ба хидматгор чӣ, ба ғуломи сарсупурдаи ин хоҷааш табдил биёбад. Ҷаводӣ ҳам, ки ин нуқтаи заъфи Аюбовро зуд фаҳмид, аз он тавре ки дилаш мехост, сӯиистифода мекард.
Гоҳо Бадалбӣ Аюбоваро ҳамчун техник ба кор мегирифт ва Салим Аюбов дар иваз кафшҳои Ҷаводиро мебӯсиду барояш шабу рӯз хабаркашӣ, яъне “бузӣ” мекард ва бо онки дар асл чашми диданаш надошт, аз Ҷаводӣ як “нобиғаи журналистика” метарошид. Ҳатто то ба ҷое рафт, ки дар пеши ҳама лаб ба тавсифи Ҷаводӣ кушоду гуфт, ки “хидматҳои шумо барои халқи тоҷик баробари хидматҳои Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ба халқи тоҷиканд”. Ҳама ҳайрон шуд, ки муҷиби ин тавсифу ситоишҳои сарбафалак чист? Баъди чанд рӯз маълум шуд, ки Ҷаводӣ занашро ҳамчун техник ба кор гирифтааст. Ба таъбири Абдуманнон Шералиев, техник, Ҷумъабой, техник!
Аҷаб он буд, ки Ҷаводӣ ҳар сари чанд вақт янгаро боз ҷавоб медод ва Салим Аюбов мулзам буд, ки барои дигарбора истихдом шудани ҳамсараш ба Ҷаводӣ хушомади бакарат бештар задаву барои хидмат ба ӯ, дақиқтараш, барои хабаркашӣ миёнашро боз ҳам сахттар бубандад.
Ҷаводӣ як вақт дар радиои Озодӣ шуъбаи беҳудае бо номи “Шабакаи хабарии Осиёи Марказӣ” таъсис дода, Салим Аюбовро мудири он гузошт. Ин шуъба дар қароргоҳи марказии радио дар Прага ҳамагӣ як коргар дошт: худи Аюбов. Ва ин коргари ягона бо вуҷуди мансабдор ба шумор рафтанаш як мизи мушаххасу собит надошт, чӣ расад ба ҳуҷраи корӣ!
Сирри ин “кашфиёт” баъдан маълум шуд. Ҷаводӣ, ки мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ буд, ҳар боре аз ягон шуъбаи ин минтақа ба курсии худ хатаре эҳсос мекард, Салим Аюбовро бурда, дар макони кори кормандони ҳамон шуъба “иҷоранишин” мекард, ки гап бичинаду ба ӯ бирасонад. Барои мисол, вақте Ҷаводӣ бо бахши ӯзбекӣ (Озодлик) мушкил дошт, курсиву мизи “сайёр”-и Салим Аюбов дар байни кормандони Озодлик гузошта мешуд, вақте буҳрон дар бахши қазоқӣ сар зад, Аюбовро ба пеши онҳо “сафарбар” карданд. Дар 4 соли кор мизу курсии “сайёр”-и Салим Аюбов қариб ҳамаи бахшҳои Осиёи Марказиро “зиёрат” кард.
Вале бо касофати ин худфурӯшӣ ва худширинкуниҳои Салим Аюбов, ки дар пушташ танҳо ҳирси пул ва ҳирси мансаб истодааст, мутаассифона, даҳҳо журналисти хуби мо қурбон шуданд. Ӯ ҳар касеро, ки мудирони вақти Озодӣ: чӣ Ҷаводӣ, чӣ Соҷидаи Мирзо, чӣ дигару дигараш мехостанд биронанд, мефурӯхт, то ки пешаш боз ягон устухон партоянд: ё тангае чанд ба маошаш биафзоянд, ё занашро ба кор бигиранд. Ҳамчун техник!
ТАНАЗЗУЛИ АХЛОҚИИ МУДИРИЯТИ ОЗОДӢ
Вале мудирони қаблии Озодӣ ба андозае фаросат доштанд, ки ҳамсари аз кӯчаи журналистика нагузаштаи Салим Аюбовро ҳамчун журналист ба кор бигиранд. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ чӣ гуна тавонистааст мудири кунунии барномаҳои Осиёи Марказии радиои Озодӣ Ҳамид Исмоиловро ба ин кор, яъне истихдоми ҳамсараш ҳамчун журналист розӣ кунонад. Худи Аюбов дар суҳбат бо як нафари марҳамаш худситоӣ кардааст, ки “ман садҳо соат суҳбатҳояшонро сабт кардаам ва дар даст дорам. Агар ба кор намегирифтанд янгаатонро, ҳолашонро табоҳ мекардам”.
Мутаассифона, ин аст ниҳояти таназзули ахлоқӣ ва ҷавви ҳоким бар муҳити мудирияти кунунии радиои Озодӣ, ки ҳамин нуқсонҳо ва заъфҳо ахиран боис шуд, ки президенти Озодӣ Ҷейми Флайро барканор кунанд ва ба ҷояш Ҷефрри Гедминро биоранд, ки алакай як навбат президенти Озодӣ буд ва бо поккории сафҳои роҳбарони ин расона дар ёдҳо боқӣ мондааст.
Аммо Аюбов, ки аз омадани Гедмин то ҳадде тарс хӯрдааст, дар як гуфтугӯи маҳрамона боз ҳам таҳдидомез гуфтааст, ки “агар Ҳамид-ака (Ҳамид Исмоилов) аз ман ҳимоят накунад, ман худам танҳо намеравам, ӯву боз чандин каси дигарро аз ақибаш кашида мебарам!.
Пиромуни ин мавзӯъ, ки чӣ гуна ҳамсари мудири бахши тоҷикиро бидуни доштани ягон таҷриба дар журналистика ҳамчун коргари эҷодӣ ба кор гирифтаанд, мехостам бо Ҳамид Исмоилов ҳамчун масъули бахшҳои Осиёи Марказӣ низ суҳбат кунам. Вале Исмоилов вақте фаҳмид, ки мавзӯъ чист?, бо баҳонаи инки дар ҳавопаймосту баъди нишастанаш худаш тамос хоҳад гирифт, суҳбатро нася гузошт. Ӯ дигар рақами “Бомдод”-ро аз шарм блок кард. Ҷаноби Исмоилов! Инсон бояд тавре корашро анҷом диҳад, ки ин хел аз шарҳи тасмимҳои шармовари худ изо накашад. Ин мавриди ҳамсари комилан нолоиқи як мансабдори радиоро ба кор гирифтан дар ҳақиқат амале хеле шармовар ва нангин аст.
Ин масъала паҳлуи дигар ҳам дорад. Қарори маълум, радиои Озодӣ пайваста ҳокимони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро танқид мекунад, ки хешу табори наздики худро дар мансабҳои баланд таъйин кардааст. Вале бояд бигӯям, ки ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ба чунин амале, ки Аюбов кард, ҷуръат накардааст ва ҳамсарашро ба кор нагирифтааст.
Аммо суол ин аст, ки аз ин ба баъд радиои Озодӣ бо кадом рӯ Эмомалӣ Раҳмон ё Шавкат Мирзиёевро барои таъйини хешовандонашон ба мансабҳо метавонад танқид кунад, вақте ки худаш дар ин масъалаи хешутаборбозӣ намунаи хеле бадтаре дорад?
МЕТАМОРФОЗАҲОИ САЛИМ АЮБОВ
Шояд касе фикр кунад, ки баъди нашри ин матлаб, раги виҷдони Салим Аюбов бедор шаваду аз карда пушаймон шавад ва аз пайи ислоҳи худ шавад. Тушбераро хом шумурдаед! Бо он шинохте, ки аз Салим Аюбов дорам, метавонам аз пеш ҳадс бизанам, ки вокунишаш чӣ гуна хоҳад шуд.
Пеш аз ҳама кормандони радиои Озодиро тергаву истинтоқ хоҳад кард, ки оё кадомаш ба “Бомдод” маълумот додааст.
Ва ҳатман қартаи ҳамеша барояш бурдовари “тавтиаи мақомоти Тоҷикистон”-ро ба байн хоҳад кашид, ки “Бомдод” бо супориши Ятимов ё ягон ниҳоди дигар ин мақоларо тайёр кардааст. Иддаое аз бех пӯч! Магар Ятимов Аюбовро маҷбур ё барои бадном сохтан маҷбур кардааст, ки занашро ба кор бигирад? Ё Рамазон Раҳимзода?
Коре дигаре, ки Аюбов хоҳад кард, талаби намоиши садоқат аз кормандони Радиои Озодӣ хоҳад буд. Худаш низ ҳатман бо ҳамаи 6 саҳифаи қалбакиаш поварақи ин мақоларо пур аз шарҳҳо ба тарафдории худ хоҳад кард. Бо як ном шарҳ менависад, бо номи дигар аз он шарҳи худ пуштибонӣ мекунад, бо номи сеюм лаб ба мазаммати “Бомдод” мекушояд, ки чаро ин “виҷдони миллат” –ро, ки гӯё умри худро дар роҳи озодии баён қурбон кардааст, бадном мекунад? Умри худро агар қурбон карда бошад, барои доллар кардааст, на барои озодии баён ё матбуот, мутмаин бошед!
Албатта, аз мухолифин ҳам тақозо хоҳад кард, ки “вақти ҳифзи номус аст”, ба дифоъ аз вай бархезанд. Ва мухолифини бечора ҳам аз тарси аз даст додани ин яке аз охирин минбарҳои худ, мулзам мешаванд, ки шармида-шармида чизе ба тарафдории ӯ бинависанд.
Ва ҳамин тавр, Аюбов бо 32 дандон талош хоҳад кард, ки ҷои кори ҳамсарашро ҳифз кунад. Инки ӯ шоистаи ин ҷои кор набуд, инки бо роҳи ошнобозиву хешбозӣ ба кор гирифта шуд, барояш аслан аҳамияте надорад. Муҳим маошаш аст, ки ҳар моҳ ба хазинаи оилавии Аюбовҳо зам мешавад.
ЭРОД БА УСТОД ГУЛРУХСОР
Устод Гулрухсор дар солҳои 80 мақоли машҳури мардумиро ба чолиш кашида, шеъре навишта буд бо чунин матлаъ:
Ба калбуз шох мехоҳам!
Устод Гулрухсор хушбинона бовар дошт, ки дар зиндагӣ ба ҳар зот бояд шонс дода шавад, то ки ӯ паҳлуҳои хуби худро ҳам намоиш дода битавонед.
Дӯстатон медорам, Устоди азиз, вале намунаи Салим Аюбов ва афроди амсоли Аюбов нишон медиҳад, ки дар ин масъала ҳақ ба ҷониби ҳамон мақоли мардумист.
Намунаи Аюбовҳо нишон медиҳад, ки соҳиби шох шудани калбуз ягон оқибати хубе надорад: ба муҷарради соҳибшох шудан ӯ ба чапу рост ҳуҷум карда, ҳар касеро, ки пеш омад, шох задан мегирад. Ниҳояти кораш ба он меанҷомад, ки як ҷои худашро бо шохи худаш ҷанг меандозад, ки дар ин намуна, яъне зани худашро ба кор гирифтани мудири радиои Озодӣ мебинем ва аз ин ҳама фақат ба як хулоса мерасем: Худо ҳеҷ гоҳ калбузро соҳиби шох накунад!
ҲУСНИ МАҚТАЪ
Аммо ба сурати умум, гапи шогирдаш рост аст: Мардак дар раисӣ р…д. Ба маънои томаш. Ва аммо дар даруни ин ҳавзи пур аз г…у р…хи худ то охир шино хоҳад кард. Ҳам бо усули брасс, ҳам бо усули батерфлай. Гоҳо салто ҳам хоҳад зад. То замоне ки мисли пираш Ҷаводӣ ягон рӯз ба поёни худ бирасад ва дар умқи ин ҳавз сарнагун шавад…
Хуб дигар чӣ бигӯям. Фақат як чиз: Туф бар чунин раису бар чунин раисӣ, туф, туф, туф!
Гурбаи мискин агар пар доштӣ, тухмипошак гунҷишк аз замин бардоштӣ,
Он ду шохи гов ,агар хар доштӣ, одамиро назди худ нагзоштӣ!
Браво, Мирзои Салимпур.
Салим Аюбуф, хеле ва хеле касиф аст.Дар ҳақиқат,радиоро “риду аҳ нагуфт”.Ин калбузи алафхоҳ ҳар касе ҳушт гӯяду алафе барояш диҳад, ҳамон тараф меравад. Мо масчоиҳоро шарманда кард.
Ааа, ма мегум и Озодӣ руз ба руз чида ҷазир шудестай. Хабару гузоришҳои хориҷиро через Гугл переводчик тарҷума мекнан. На мубтадо дора на хабар. Ба гуфти наздик ба мавзӯ “калабузи чинӣ,на шох дора на бинӣ”. Гузоришора ранги худш мекна мудир. То есть “кал” ба гуфти бародарои хуҷандӣ “бе нуру қут” . И мудир бенурчашм бдай ки аз пушти як гусалаи ри*ин, ҷони як пода дар азов.
Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд,
Ман аз гуфта чанд хоҳам бо ту ронд!
Агар ин “диктатор” мудири як расонаи ғайриамрикоӣ мебуд, боке надошт, аммо ин “диктатор” (С.А) ба чашми конгресс хок пошид, ку!!!
Макола зур аммо Мирзои Салимпур чаро беимзо нашр кард ?
Ай қандта бизан, муаллиф!
Сахти бдш гирифтай
Ҷудо ҳам мақолаи хуб ва ҳақ аз барои ин КАЛБУЗ
Шохои тра доданш-ку, алам кад?
Салим ба янгара албат пенсияи Американский карданист. Хами Салим ай оилаи чаноб чи фарк дорад?