ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

“ПРИЧЁСКА”-АШ МАЪҚУЛ НАШУД… ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ МӮИ САРИ ЯК ҶАВОНРО ҲАМРОҲИ ПӮСТАШ КАНДА ГИРИФТААНД (ВИДЕО)

Кумитаи тафтишоти Русия видеои лаҳзаи боздошти яке аз афроди муттаҳам ба ҳамлаи мудҳиш ба як ҷавони 19-сола дар шаҳри Электростали вилояти Маскавро нашр кард. Ду мард рӯзи 9 июли соли 2023 дар Электростал танҳо ба сабаби онки “причёска”-и Юрий Макаров ба онҳо нафоридааст, мӯи сари ин ҷавонро якҷо бо пӯсташ канда гирифтаанд.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки кормандони мусаллаҳи пулис ба як манзил ворид шуда, нафари муттаҳамро дастгир мекунанд.

Муттаҳами аввал дар ин ҷиноят — сокини 24-солаи ҷумҳурии Коми Иля Т . – алакай як рӯз баъди ҳодиса, шоми 10 июл дастгир шуд ва нафари дуюм – зодаи Тоҷикистон Зафар Р. шаби 10 ба 11 июл дар шаҳри Обнински вилояти Маскав, тақрибан 200 километр дуртар аз ҷои ҳодиса ба даст афтод. Ҳардуро алакай ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Дар бораи шахсияти ҳамлагарон ва ангезаи ҳамлаашон ба ин ҷавон тафсилоти дигар дода нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки Зафар Р. шаҳрвандии Русияро ҳам дорад.

Ҳамла ба Юрий Макаров рӯзи 9 июл дар кӯчаи Спортивнаяи шаҳри Электростал дар назди ҳавзи оббозии “Кристалл” сурат гирифтааст. Ин ҷавон, ки мӯи сарашро ранги сабз карда ва ба шакли ирокез дуруст карда буд, дар кӯча ба назди Иля Т. ва Зафар Р. омада, аз онҳо сигор пурсидааст. Онҳо аз “причёска”-и Юрий Макаров изҳори норозигӣ карда, ӯро бо алфози қабеҳ таҳқир кардаанд ва сипас “причёска”-и ирокези ӯро якҷо бо пӯсти сараш бурида партофтаанд. Ирокез (як навъ “причёска”-и хоси панкҳо буда, монанд ба тоҷи хурӯс аст.

Дар пайи ин ҳам ҳамлагарон ва ҳам дӯстони ҷабрдида аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро барои Юрий Макаров, ки дар рӯи роҳ оғӯштаи хун мехобид, раҳгузарон даъват кардаанд. Ӯ ҳоло дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад. Ӯ гуфтааст, ки худашро ҳоло хубтар ҳис мекунад. Макаров ҳарду ҳамлагарро шинохтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ ва қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ҳамлагарон барои ин то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҷараёни тафтиши парвандаро додситонии вилояти Маскав таҳти назорати худ гирифтааст.

Электростал беш аз 140 ҳазор аҳолӣ дошта, дар тақрибан 52-километрии шарқи Маскав ва 38-километрии ҳалқароҳи МКАД ҷойгир шудааст.

Уроженец Таджикистана задержан по подозрению в снятии скальпа жителю Подмосковья
Юрий Макаров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button