ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ҶИЯНИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ҲИЗБИ НАҲЗАТРО БА 6 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ КАРДААНД

Саидумар Саидов, сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониён ва хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов, яке аз роҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт шуда буд, бо ҷурми “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷиктстон ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар  ин бора  Шамсиддин Саидов рӯзи 11 июли соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.

“Имрӯз хоҳарзодаам Саидумар Саидовро ҳам бо моддаи 307 ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Гуноҳаш дуъо кардан барои озодии Абдуллоҳи писарам,ки ӯро ҳам бо ҳамин модда ба 7 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд”, навиштааст Саидов.

Қаблан мақомот ифтитоҳи парванда ба зидди Саидумар Саидов бар асоси моддаи 307ро тасдиқ карда буданд. Гуфта мешуд, сабаби боздошти ӯ шарҳе дар зери як матлаб дар бораи боздошти писари Шамсиддин Саидов Абдуллоҳи Шамсиддин будааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Саидумар дар он шарҳ чунин навишта буд: “Худоё, тағоии маро аз тӯҳмати беасос ҳифз кун”.

Наздиконаш мегӯянд, ки Саидумар Саидов дар боздошт дастрасӣ ба адвокати мустақил надошт. Онҳо шикоят аз ҳукми содиршударо беҳуда мешуморанд ва бар инанд, ки дар низоми кунунии додгоҳии Тоҷикистон даст ёфтан ба тантанаи адолат имкон надорад.

Мақомоти додгоҳӣ то кунун ҳукми Саидумар Султоновро шарҳ надодаанд.

Дар моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари 32-солаи Шамсиддин Саидов ва домоди хоҳари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар поёни моҳи март додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ ва гузоштани лайк дар зери видеоҳои роҳбарони мухолифин ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Дар Олмон бо талаби раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин аз ҷониби мухолифини тоҷик ва гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ як силсила эътирозҳо доир шуда, чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла “Афви байналмилалӣ”, низ аз мақомоти Тоҷикистон озодии ӯро талаб карданд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳукми ин фарзанди яке аз раҳбарони мухолифинро расман ягон бор шарҳ надодаанд.

Шамсиддин Саидов, ки ҳоло 58 сол дорад, ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддин Саидов ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд.

Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саидов ба Аврупо паноҳ овард. Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2018  дар ғайбаш Шамсиддин Саидовро бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button