ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК МАРД ДАР НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ МӮИ САРИ ҲАМСАРАШРО МАҶБУРАН ТАРОШИДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  рӯзи 11 июли соли 2023  хабар дод, ки нисбат ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асоси моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ин мард ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 7-уми июни соли 2023, дар манзили истиқоматиаш бинобар ба миён омадани муносибати оштинопазирии оилавӣ бо ҳамсари 28-солааш баҳсу муноқиша намуда, сипас, бо корд ӯро таҳдиди куштан кардааст ва ба ҳаммоми хонаашон бурда, бо таҷҳизоти мӯйсаргирӣ сарашро тарошидааст.

Дар бораи сабаби чунин бадрафтории шавҳар нисбат ба ҳамсараш дар хабар чизе гуфта нашудааст. Ин зану шавҳар ва наздикони онҳо барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот низ идома дорад.

Ба ин марди сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асоси моддаи 120 барои таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асоси тарсу ҳарос мавҷуд бошад, ҳамчун ҷазо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол таҳдид мекунад.

Бино ба хабари дигари ВКД, марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки қаблан соли 1993 дар Ӯзбекистон барои қочоқи нашъа суд шуда буд, ин дафъа барои одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои ВКД, шаби 9 ба 10-уми июли соли 2023, тахминан соати 00:30, дар манзили истиқоматии марди 69-солаи сокини  Панҷакент, онҳо ҳарду ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шудаанд, вале байни  гумонбаршаванда ва соҳибхона баҳсу муноқиша  бархостааст ва ӯ корди хоҷагиро гирифта се маротиба ба узвҳои бадани соҳиби хона задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button