ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ КИСАИ ЯК МАРДИ МАСТ 8 ҲАЗОР СОМОНИАШРО КАШИДА ГИРИФТААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 12.07.2023

Боздошт гардидани ҷавони 25-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

146

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки 9-уми июли соли 2023, тахминан соати 01:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 8 ҳазор сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

143

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 7-уми июли соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 16 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон нисбати марди 41-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов оғоз карда шудааст.
Номбурда, 24-уми июни соли 2023, тахминан соати 10:00, аз бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи «Раҳмонқул-Бобо», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, ки ба марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 5 ҳазору 800 сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

21

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи майи соли 2021 ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи Шуғнон даромада, аз ӯ 1-адад автомобили тамғаи “Мерседес-Спринтер”-ро ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, 27 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 88 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо писараш марди 32-солаи сокини ҳамон ҷо бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Панҷакент, даромада аз ӯ 550 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар муддати 45 шабонарӯз барояш 1-адад автомашинаи боркаши тамғаи «Ҷакман» соли бароришаш 2023-ро харидорӣ карда медиҳанд, аммо номбурдагон маблағҳои гирифтаашонро ба манфиати шахсии худ сарф кардаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button