ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

БАРКАНОРИИ САРДОРОНИ БДА ВА ТАЛАБИ АТТЕСТАТСИЯИ ҲАМАИ КОРМАНДОНИ ОН ДАР ПАЙИ ҲОДИСАҲОИ ПУРСАРУСАДОИ ОДАМРАБОӢ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июли соли 2023 дар як қатор воҳидҳои сохтори вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал баровард. Ин тағйирот дар пайи чанд ҳодисаи пурсарусадои одамрабоист, ки моҳи июн дар пойтахт, шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, бар асоси моддаи 9 қонун «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо президент, Қурбонзода Сӯҳроб Амиралӣ аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Мирзомуродзода Рустам ба ин мақом таъин гардид. Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода, ки қаблан сардори раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, моҳи феврали соли 2022, дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 аз ин мақом барканор ва муовини аввали сардори “Воҳиди махсус” таъйин шуда буд. Ин воҳиди ВКД аз ҷумла ба таъмини бехатарӣ дар тӯли роҳҳои сафари президент ва дигар мансабдорону меҳмонони баландпоя машғул аст.

Полковник Сӯҳроб Қурбонзода дар мақоми сардори раёсати БДА ҳатто як сол ҳам кор накард. Қурбонзода, ки 44 сол дорад, тоза 17 августи соли 2023 ба ин мансаб таъйин шуда буд.

Аммо дар поёни моҳи июн, дар ҷаласаи ҷамъбастии моҳонаи ҳукумат президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба афзоиши ҷиноятҳои сангин ба шиддат аз фаъолияти БДА интиқод кард ва аз ҷумла ёдовар шуд, ки одамрабоёне, ки муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро дуздиданд, аз 11 рақами қайди давлатии гуногун истифода кардаанд ва кормандони БДА ягон боз онҳоро манъ ва ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш накардаанд. Ҳатто рӯзи рабудани Исматуллоев ва баъди куштан бурда, ба дарё партофтани ҷасади ӯ, одамрабоён аз чандин посгоҳи БДА убур кардаанд, вале касе онҳоро манъ ва мошинашонро тафтиш накардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷаласаи ҳукумат талаб карда буд, ки масъалаи то чӣ андоза ба мақомаш мувофиқат кардани Суҳроб Қурбонзодаро муҳокима кунанд ва қарорашро бароранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, ҳамчунин, сардорони раёсатҳои ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси ВКД оид ба самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе иваз гардида, ба ин масанбҳо “кадрҳои соҳибтаҷриба” таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кадрҳои навтаъйин барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳамагуна қонунвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳо дода, аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат изҳори нигаронӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмн барои  тоза намудани саффи ҳайати шахсии БДА супориш додааст, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Ба роҳбарияти БДА ҳамчунин дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

БДА яке аз сохторҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. То кунун ҳама  гуна кӯшишҳои ислоҳот дар сохторҳои БДА дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, ягон натиҷа надодаанд.

ВКД Тоҷикистон дар пайи суханони президент эълон кард, ки оид ба ҳолатҳои истифода бурдани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби мутахассисони пуртаҷриба як гурӯҳи корӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят ба Кодекси мазкур ворид карда мешавад.

“Яъне тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан ва таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт ҷиноят ҳисобида шуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд”, гуфта мешавад дар шарҳи ВКД.

Генерал Рустам Мирзомуродзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button