ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

АФСАРЕ КИ СӮИ МАРДУМИ УКРАИНА ШИЛЛИК КАРДА БУД, ДАР ДОХИЛИ РУСИЯ КУШТА ШУД

Рӯзи 10-уми июни соли 2023  хадамоти марказии ҷосусии вазорати мудофиаи Украина аз кушта шудани капитани дараҷаи дуввуми нерӯҳои баҳрии Русия Станислав Ржитский, ки фармондеҳии киштии зериобии ҷангии “Краснодар”-ро ба ӯҳда дошт, хабар дод. Бино ба навиштаи ин манбаъ, ҳамла ба Ржитский соати 6-и субҳ дар дохили Русия дар шаҳри Краснодар сурат гирифта, ҳамлагар 7 тир ба ҷониби ӯ холӣ кардааст. Аз сабабе, ки ҳаво боронӣ буд, дар ҷои ҳодиса касе набуд.

https://gur.gov.ua/content/v-krasnodari-znyshcheno-komandyra-pidvodnoho-chovna-krasnodar-prychetnoho-do-raketnykh-obstriliv-ukrainy.html

Дар Украина ӯро ба он айбдор мекунанд, ки маҳз аз киштии ҷангии ӯ дар санаи 14-уми июли соли 2022 мушакҳои навъи “Калибр” ба шаҳри Виннитса шиллик карда шуд, ки боиси кушта шудани 27 тан аз аҳолии осоишта, бо шумули 4 кӯдак гардид.

https://myrotvorets.center/criminal/rzhickij-stanislav-leonidovich/

Пас аз нашри хабари кушта шудани ин фармондеҳи рус аз ҷониби расонаҳои украинӣ, каналҳои марбут ба мақомоти қудратии Русия, мисли Baza ва Shot низ аз кушта шудани ин низомии баландрутба хабар доданд.

https://t.me/shot_shot/53969

 Бино ба навиштаи хабаргузории ТАСС, “Ржитскийи 42-соларо ҳангоми машқи варзишӣ, яъне давидан, дар назди маҷмаии варзишии “Олимп” як шахси ношинос, ки аз қабл камин гирифта будааст, бо истифода аз яроқу оташфишон 4 маротиба аз пушт ва қафаси сина парронда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳо аз тири яроқ Ржитский дар ҷои ҳодиса ҷони худро аз даст додааст”.

https://t.me/tass_agency/200397

Бино ба навиштаи Baza, гӯё шахси ҳамлагар ин фармондеҳи русро аз тариқи барномае, ки барои давидан истифода бурда мешавад, пайгирӣ намудааст: “Ржитский аз барномаи ” Strava”, ки барои давидан пешбинӣ шудааст, истифода менамуд ва пайваста натиҷа ва харитаи роҳҳои тайнамудаи худ зимни машғул шудан ба давиданро дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ нашр менамуд. Аз ин рӯ шахси ҳамлагар хеле осон ӯро ҳадаф қарор додааст, чун ӯ доим аз як масир истифода менамуд”.

https://t.me/bazabazon/19397

Бино ба навиштаи матбуоти Русия, гӯё қотили ин фармондеҳи рус дар сабти баъзе аз дурбинҳои назоратӣ афтидааст. Аз рӯи нишонаҳо, ӯ мард буда, тақрибан 30-40 сол син дошта, дар тан шим ва пероҳани сиёҳ ва дар сар кӯлоҳи кабуд (кепка) доштааст.

https://t.me/bazabazon/19401

Вале ТАСС хабар медиҳад, ки “шахси ҳамлагар хеле боэҳтиётона ва моҳирона Ржитскийро таъқиб намуда, ӯро дар ҷое паррондааст, ки ягон дурбини назоратӣ вуҷуд надорад”.

Станислав Ржитский пештар фармондеҳи киштии зериобии ҷангии “Алроса” низ буд. То ҳамлаи Русия ба Украина ӯ дар ҷанги Сурия иштирок намуда, дар киштиҳои ҷангии Русия дар баҳри Сиёҳ ва баҳри Миёназамин фармондеҳӣ кардааст.

https://t.me/vchkogpu/39864

Шоми 11 июл Кумитаи тафтишоти Русия бо нашри видео аз маҳалли куштори Ржитский хабар дод, ки дар Краснодар як марди соли таваллудаш 1959 бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир карда шудааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Русия, ки аз ҷанг дар Украина пуштибонӣ намудаанд мавриди ҳамла дар дохили хоки Русия қарор мегиранд. Аз ҷумла моҳи августи соли 2022 Даря Дугина як мубаллиғи Кремл ва духтари тарроҳи идеологияи “Русский мир”, миллатгаро ва ба гуфти мақомоти Русия “файласуф” Александр Дугинро дар Маскав дар мошини шахсиаш дар вилояти Маскав тарконида буданд. Мақомоти Русия дар ин кор Украинаро айбдор намуданд.

Ҳамчунин ба ном “мухбири ҷанг” (военкор) Владлен Татарскийро, ки аз ҷанг пуштибонӣ ва ақидаҳои русгароии худро таблиғ мекард, рӯзи 2 апрели соли 2023  дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳангоми шаби эҷодиаш дар як қаҳвахона таркониданд.  Чун дар қазияи Даргя Дугина, Русия дар мавриди Татарский низ ангушти иттиҳомро сӯи Украина дароз намуд.

Ҳамчунин 6 майи соли 2023 мубаллиғи ҷанг ва ба ном “нависанда” Захар Прилепин, ки ҷонибдори ҷанг дар Украина ва сарсупурдаи Путин ба шумор мерафт,  дар як ҳамла интиҳорӣ дар вилояти Нижний Новгород аз ду пои худ маҳрум гашт.

Дар чандин ҳолати дигар низ мақомоти Русия Украинаро айбдор намуданд, ки маҳз ҷосусҳои Украина ингуна ҳамлаҳоро дар хоки Русия анҷом медиҳанд. Украина дар навбати худ ягон маротиба даст доштанаш дар чунин ҳамлаҳоро эътироф накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button