ВидеоҲодисаҶомеа

СОКИНИ ТУРСУНЗОДА ҲАМСАРАШРО КУШТ ВА СИПАС ҚАСДИ ҶОНИ ХУД КАРД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  аз ошкор шудани боз як ҳодисаи куштори ҳамсар дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, як ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода худаш ба мақомоти милитсияи ин шаҳр хабар додааст, ки субҳи 7-уми июли соли 2023, тахминан соати 09:30, падараш марди 52-солаи сокини Турсунзода дар дохили ошхонаи манзили истиқоматиашон дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ бо ғазаб омада, бо корд чанд маротиба ба бадани модари 44-солааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъди ин, падари хонадон бо корд чанд маротиба ба бадани худ зада, қасди худкушӣ кардааст. Ӯро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.
ВКД ба ҷуз аз ибораи “бино бар сабаби муноқишаи оилавӣ” дар бораи сабабҳои ин муноқишаи хунини зану шавҳар дар Турсунзода тафсилоти дигар надодааст ва танҳо гуфтааст, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Дигар аъзои ин хонавода барои шарҳи мустақими ин муноқишаи хунин, ки онҳоро аз модар маҳрум кард ва падарашонро пушти панҷара бурд, дастрас нестанд.

Ба сокини Турсунзода барои куштани ҳамсараш бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Моҳе пеш ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як мавриди дигари куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ дар Турсунзода хабар дода буд.

Бино ба иттилои расмӣ, марди 51-солаи сокини шаҳри Турсунзода, санаи 10-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30, бино бар сабаби муноқишаи оилавӣ ба манзили истиқоматии падари ҳамсараш, марди 65-солаи сокини ҳамин шаҳр омадааст ва дар саҳни ҳавлӣ бо падарарӯсаш дарафтода, ӯро дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб кардааст. Хусур аз ин ба ғазаб омада, бо кедман (каланд) 2-3 маротиба ба сари домодаш задааст. Дар натиҷа, домод  бар асари ин зарбаҳои хусураш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба падарарӯси солхӯрда низ барои куштани домодаш ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар амали ӯ ҳамчун куштор бо бераҳмии махсус таъбир шавад, ин сокини Турсунзодаро метавонанд то 25 сол равонаи зиндон кунанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, бахусус кушта шудани ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон дар аксари мавридҳо дар заминаи рашк сурат мегирад.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button