ВидеоЧеҳраҳоҶомеа

СЮРПРИЗИ ОШПАЗИ МАЪРУФИ ТУРК БУРАК БАРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ РОҲРӮБИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Ошпази машҳури турк Бурак Ӯздемир, молики бренд ва шабакаи тарабхонаҳои “CZN Burak” дар шаҳрҳои гуногуни дунё, аз ҷумла дар Душанбе, рӯзи 10 июли соли 2023 дар саҳифааш дар Инстаграм видеои ширинеро дар бораи чӣ гуна бо дасти худаш тайёр кардани сендвичҳои ҳамбургер ва картошка ва ҳамин тавр, шахсан бурда, ба занону духтарони роҳрӯб дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон тақсим кардани ин маҳсули дастонаш нашр кард.

Бурак Ӯздемир дар поварақи ин видео навиштааст: “Муҳаббат бузургтарин иртибот аст”.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна ин ошпази машҳур дар рӯи як мизи бузург сендвичҳоро якто якто тайёр мекунад ва сипас картошкаи навъи фри пухта, дар қуттиҳои алоҳида ҷо мекунад ва сипас ба кӯчаҳои Душанбе баромада, ба занону духтарони роҳрӯб ин ҳамаро тақсим мекунад.

Ин занони духтарони роҳрӯб аз ин ки ин ошпази машҳури ҷаҳонӣ лутф карда, шахсан барои онҳо ғизо омода кардааст, ба ваҷд омада, дуояш медиҳанд ки: “Худо пеши роҳи коратонро кушода гардонад ва файзу баракатро дар кору тиҷорататон биафзояд!”

Дар байни ҳамагӣ як рӯз дар канали Бурак Ӯздемир дар Инстаграм ин видеоро 1,9 миллион нафар лайк гузошта, беш аз 25 ҳазор нафар зери он шарҳ навиштаанд. Аксари тамошобинон ба ин ошпази маъруф барои ин амали савобаш офарин хонда, барояш барору комёбии боз ҳам бештар таманно кардаанд.

Саҳифаи Бурак Ӯздемир дар Инстаграм қариб 49 миллион пайрав дорад.

Ин ошпази моҳири турк шабакаи бузурги тарабхонаҳо бо бренди “CZN Burak”-ро низ роҳбарӣ мекунад. Тарабхонае бо чунин ном соли 2022 дар шаҳри Душанбе низ дар натиҷаи ҳамкории Бурак Ӯздемир бо соҳибкори хушноми тоҷик Раҳимҷон Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, дари худро ба рӯи мардум боз кард. Ӯздемир барои иштирок дар маросими ифтитоҳи ин тарабхона худаш ҳам шахсан ба Душанбе омада буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button