ВарзишВидео

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА БОКСЁРИ ТОҶИК БАҲОДУР УСМОНОВ МОШИН ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Аз номи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Баҳодур Усмонов, муштзани тоҷик, ки моҳи май дар чемпионати бокси ҷаҳон дар шаҳри Тошканд сазовори медали биринҷӣ шуд,  мошин туҳфа кардаанд. Калиди мошини навро ба Баҳодур Усмонов рӯзи 7 июли соли 2023 дар ҷаласаи ҷамъбастии Федератсияи бокси Тоҷикистон муовини шаҳрдори Душанбе Дилбар Одилзода супурд. Федератсияи бокс ба навбати худ Баҳодур Усмоновро барои ин дастовардаш бо 70 ҳазор сомонӣ ҷоиза қадрдонӣ кардааст.

Баҳодур Усмонов баъд аз 12 сол нахустин муштзани тоҷик аст, ки дар чемпионати бокси ҷаҳон соҳиби медал шуд. Аз ин қабл дар соли 2011 Анвар Юнусов дар чемпионати ҷаҳон соҳиби медал шуда буд.

Дар чемпионати имсолаи ҷаҳон, ки дар пойтахти Ӯзбекистон доир шуд, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило то ба даври ниманиҳоӣ расид, вале мутаассифона, дар рақобат барои роҳ ёфтан ба финали ин мусобиқот аз муштзани муғул Чинзориг Баатарсух шикаст хӯрд.

Федератсияи бокси ҷаҳон, ки раҳбариашро Умар Кремлёв, фарзанди як тоҷики зодаи дараи Алмосии собиқ ноҳия ва ҳоло шаҳри Ҳисори Тоҷикистон бар дӯш дорад, Баҳодур Усмоновро барои касби мақоми сеюм бо медали биринҷӣ ва 50 ҳазор доллар ҷоиза қадрдонӣ карда буд.

Муштзани тоҷик гуфт, ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон барои ҳар як варзишгар дастоварди бузург аст, вале ин ҳадди ниҳоии имконоти ӯ нест.

“Ман боз ҳам қавитар омода мешавам ва дар радабандии ҷаҳонӣ пешсаф мешавам! Ташаккури зиёд барои дастгирӣ ва табрикатон”, – гуфта буд Баҳодур баъди чемпионат.

Роҳбарии Федератсияи бокси Тоҷикистонро чандин сол Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар бар уҳда дошт, вале дар тирамоҳи соли 2022 ӯ аз ин мақом истеъфо дод ва Комил Мирзоалӣ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон раиси нави Федератсияи бокси ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button