ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНЗАН АЗ РАШТРО СОАТИ СЕЮНИМИ ШАБ ДАР ДУШАНБЕ ЛАТТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11.07.2023

Боздошт гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

064

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 7-уми июни соли 2023, тахминан соати 03:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Айнии пойтахт қарор доштанаш, бе ягон асос ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Раштро лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 840 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хуавей»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 33-сола бо ҷурми дуздии ҷавоҳирот

13

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми июни соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 590 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 46-сола

12

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи пирамарди 72-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 14-уми апрели соли 2021, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 73 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш хонаи истиқоматӣ аз бинои баландошёна гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2022, зани 48-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ

009

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми октябри соли 2022, марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ барои равнақ додани тиҷораташ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button