ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: РӮЗҲОИ 14-15 ИЮЛ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЗЕРИ ХОКБОРИШ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзҳои 14-15 июли соли 2023 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ (бо суръати 13-18 м/с) гарду чангу хокбориш дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд сатҳи олудагии ҳаво аз ҳисоби ҳиссачаҳои гарду чанги андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) боло меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин иртибот аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо ба афроди гирифтор ба бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд ва фишори хун аҳамияти бештар диҳанд.

Кумита аҳ ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва сайру сайёҳат хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд, зеро дар ин рӯзҳо хатари сангрезу селу тармаю ярч зиёд мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин барои пешгирӣ аз хатари ин ҳавои номусоид тавсия медиҳад:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингалятор дошта бошем; 

– агар талабот ба ингаляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулодда ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 занг занед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button