ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК ВА ШАРИКОНАШ ДАР БАЗАИ ЧВК “ВАГНЕР” ПИНҲОН ШУДААНД

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 11 июли соли 2023 хабар дод, ки Дилшод Саидмуродов (муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”), корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва саркардаи гуруҳи одамрабое, ки муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро рабуда, куштанд, ва чанде аз шарикони аз Тоҷикистон фироркардаи ӯ, дар Русия ё Украина дар яке аз пойгоҳҳо ё базаҳои ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” паноҳ бурдаанд.

Mанбаи “Бомдод” мегӯяд, ки изи “Дилшоди Красавчик” ва шариконашро бояд дар базаҳои  ЧВК “Вагнер” ҷустуҷӯ кунанд. Ин дар ҳолест ки ЧВК як гуруҳи пурнуфуз ва худсарест, ки дар сафҳои худ ҳазорон маҳбуси собиқро муттаҳид ва мусаллаҳ кардааст, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба афроди “Вагнер” ва пойгоҳҳои он амалан дастрасӣ надоранд.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд: “Аксари аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятии таҳти раҳбарии “Дилшоди Красавчик” то рабудани Шуҳрат Исматуллоев дар саффи ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангиданд. Рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” низ шоми 23 июни соли 2023, дар соатҳои сурат гирифт, ки молики “Вагнер Евгений Пригожин дар Русия даст ба ошӯби мусаллаҳона зада буд. Саидмуродов ҳаммаслакони худро ҳангоми дар ЧВК “Вагнер” хидмат карданаш аз байни тоҷикҳое ҷамъ оварда буд, ки барои пул кор кардан, ё гирифтани шаҳрвандии Русия ваё бо ваъдаи авфу озодӣ аз маҳбасҳои Русия ба ин ширкати ҳарбӣ пайваста буданд. Нақшаи рабудани Исматуллоевро низ онҳо ҳангоми дар саффи ЧВК “Вагнер” буданашон кашида, ба Душанбе фақат барои он омада буданд, ки ин корро анҷом дода, пулу моли ин бонкдорро ба даст биоранд ва боз ба Русия баргашта, дар пойгоҳҳои ЧВК “Вагнер” пинҳон шаванд”.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гуруҳи муташаккили ҷиноятии Дилшод Саидмуродов нақшаи рабудани Исматуллоевро ҳанӯз моҳи марти соли 2022 кашида буд. Ба иттилои додситонӣ, ин даста беш аз 10 нафарро дар бар мегирифт, ки аз ин шумор 5 нафар дастгир шуда, бақия фирор кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 24 июн, билофосила баъди бо шиканҷа куштани Шуҳрат Исматуллоев дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд.

Ҳафтаномаи “СССР”  хабар дод, ки Саидмуродов аз фурудгоҳи Душанбе тавассути толори СИП ба Русия парвоз кардааст. Манобеи дигар мегӯянд, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсари дуюмаш парвоз карда, фарзандонашро ҳамроҳи дояашон ҳанӯз як рӯз қабл, яъне пеш аз рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” ба Русия фиристода буд.

Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки мустақиман дар рабудани Исматуллоев аз назди хонааш даст дошт, рӯзи 25 июн ба Туркия ва рӯзи 30 июн аз онҷо бо қасди расидан то ба ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо ба Молдова фирор кард, вале дар фурудгоҳи Кишинёв ду афсари молдованро кушт ва худаш низ 10 тир хӯрда, шоми 3 июл ба ҳуш наомада, ҷон дод. Молдова ҷасади ӯро ба яке аз хешовандонаш супурд ва рӯзи 9 июл ҷасади Ашӯровро барои дафн ба Тоҷикистон оварданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷустуҷӯи ҷасади  Шуҳрат Исматуллоев дар дарёи Зарафшон ҳамчунон идома дорад. Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд.

Ӯро шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, бурданд.

Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт.

Бино ба иттилои тафтишот, ҷасади Исматуллоевро одамрабоён ҳамроҳи мошини “Ҳюндай Соната” дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Километри 130-юм дар наздикии маркази ноҳияи Айнист. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев аз ноҳияи Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷараён дорад, вале то ҳол бенатиҷа.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button