ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ПРИГОЖИН ВА 35 ФАРМОНДЕҲИ ЧВК “ВАГНЕР” БАЪДИ ОШӮБИ ИН ГУРУҲ (САДО)

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 10 июли соли 2023 хабари мулоқоти Путин бо  роҳбари ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожинро, ки пас аз “шӯриши нобафарҷом”-и ин гурӯҳ ба Беларус “бадарға” бояд мешуд, тасдиқ намуд. Субҳи 10-уми июл аввадл рӯзномаи фаронсавии Liberation, чопи Париж, бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои ҷосусии кишварҳои  аврупоӣ хабар дода буд, ки Пригожин аз Беларус ба Маскав баргашта, дар кохи Кремл бо президенти Русия Владимир Путин вохӯрдааст.

Бино ба навиштаи ин расонаи мӯътабари фаронсавӣ,  “Пригожин 1-уми июли соли 2023 ҳамроҳи фармондеҳони саҳроии гурӯҳи “Вагнер” дар Кремл бо президенти Русия Владимир Путин, сардори Росгвардия (Гвардияи миллии Русия) Виктор Золотов ва роҳбари Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия ( Служба внешней разведки,СВР) Сергей Наришкин мулоқот кардаанд”.

Вале ин нашрия тафсилот надод, ки дар ин вохӯрӣ, ки аз як тараф, вагнериҳо ва аз тарафи дигар мансабдорони калидии мақомоти қудратии Русия иштирок доштанд, кадом мавзӯъҳо баррасӣ шудаанд?

Вале Песков гуфт, ки Владимир Путин на санаи 1-уми июл балки санаи 29-уми июн (ҳамагӣ пас аз 5 рӯзи ошӯб) бо Пригожин ва фармондеҳони “Вагнер” наздик ба 3 соат сӯҳбат намуд. Дар умум аз ду тараф 35 нафар дар ин ҷаласа иштирок доштаанд. Аммо Песков аз боқӣ иштирокчиёни ин мулоқот ном набурдааст.

https://twitter.com/adagamov/status/1678350086474981376
https://www.interfax.ru/russia/910904

Ин дар ҳолест, ки ҳамон рӯзи 29-уми июн Песков ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки аз макони будубоши Пригожин хабар надорад. Аз тарафи дигар Путин рӯзи 29-уми июн дар маҳфиле бо номи «Сильные идеи для нового времени» (“Ақидаҳои қавӣ барои замони нав” иштирок намуда сурати як “одами сурх”-ро кашида буд. 

Бархе ҳадс мезананд, ки шояд Кремл барои паст задани арзиши маълумоти ниҳодҳои ҷосусии Ғарб рӯзи баргузории мулоқоти вагнериҳо бо Путинро қасдан тағйир дода бошад. Зеро маҳз пас аз нашри хабари мулоқоти Путин бо вагнериҳо аз тарафи рӯзномаи фаронсавӣ Кремл маҷбур шуд, ки онро таъйид ва расонаӣ кунад. То ин замон ин вохӯрӣ махфӣ буд ва касе аз он хабар надошт.

Бино ба гуфтаи Песков, “раисҷумҳур тақрибан 35 нафарро дар кохи Кремл санаи 29-уми июн ба мулоқот даъват намуда буд. Аз ҷумла Евгений Пригожин ва фармондеҳони отрядҳои ин гурӯҳ дар нишаст ҳузур доштанд. Дар рафти сӯҳбат президент аз нақши ин гурӯҳ дар иҷрои  амалиёти махсуси ҳарбӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин аз роҳпаймоии онҳо ба сӯи Маскав ёдовар шуда, нуқтаи назари худро ба онҳо расонид. Ҳамзамон, президент назари фармондеҳони “Вагнер”-ро дар мавриди ҳодисаи рухдода (ошӯб) низ шунид. Ҳамаи онҳо сарсупурдагии худро нисбат ба сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ (Путин дар назар аст) иброз намуда, таъкид карданд, ки мудофиаи худ аз марзу буми кишварро идома хоҳанд дод”.

Ин аввалин дидори Путин бо Пригожин ва зархаридони ӯ баъди “шӯриши нобафарҷом”-и ЧВК “Вагнер” таҳти номи “Роҳпаймоии адолат” буд, ки 23-юми июни соли 2023  оғоз ёфта, алакай як рӯз баъд ба анҷом расид. Пригожин ва зархаридонаш ба мақсади дастгир кардани вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия Валерий Герасимов бо танку тӯп роҳсипори пойтахти Русия, шаҳри Маскав шуда, бе ягон муқовимат аз сӯи артиши Русия шаҳрҳои Ростови лаби Дон ва Воронежро таҳти контроли худ дароварда, то ба 200-километрии Маскав расида буданд. Ошӯбгарон бо миёнаравии президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 24-уми июн аз ними роҳ ба пойгоҳҳои саҳроии худ баргаштанд ва фармондеҳони “Вагнер” ҳамроҳи молики ин ширкати ҳарбии хусусӣ Евгений Пригожин ба Беларус паноҳ бурданд.

Рӯзи 27-уми июн Лукашенко таъйид карда буд, ки Пригожин дар Беларус аст. Вале рӯзи 6-уми июл Александр Лукашенко хабар дод, ки дигар Евгений Пригожин дар хоки Беларус қарор надорад ва ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебарад. Баъза аз расонаҳои Русия низ бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки роҳбари “Вагнер”-ро дар зодгоҳаш, яъне шаҳри Санкт-Петербург дидаанд.

Сухангӯи Путин ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки “ҳукумати Русия Пригожинро зери пайгард қарор надодааст ва парвандаи ӯ низ баста шудааст. Аз ин рӯ мо ӯро на зери назорат қарор додаем ва на майли онро дорем”.

Дар рӯзи ошӯб Путин дар як нутқи тунди телевизионӣ шадидан гурӯҳи “Вагнер”-ро зери тозиёнаи танқид гирифта, онҳоро ба “ватанфурӯшӣ” ва “хоинӣ” муттаҳам намуд.

Дар баробари ин мақомоти дахлдори Русия аз рӯи Евгений Пригожин ва зархаридонии “Вагнер” парвандаи ҷиноӣ кушода, зери пайгард қарор дод. Вале пас аз гузашти ҳамагӣ як рӯз, парвандаи ҷиноии ҳам Евгений Пригожин ва ҳам ҷангҷӯёни ӯ баста шуд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба расонаҳо гуфта буд, ки “аз ин рӯз пас гурӯҳи “Вагнер” фаъолияти худро дар қаламрави Русия қатъ намуда, бо дархости президенти Беларус Александр Лукашенко ба Беларус интиқол дода мешавад”.

Вазорати мудофиаи Русия зархаридони ин гурӯҳро дар саросари ҷаҳон маҷбур намуд, то бо ин вазоратхона шартнома баста, дар саффи қӯшунҳои мусаллаҳи Русия биҷанганд. Аз Африқо сар карда то Бахмути Украина ҷангҷӯёни ин гурӯҳ зери фишори мақомоти Русия бо вазорати мудофиаи Русия шартнома бастанд ва онҳое, ки инро напазируфтанд, ба Русия баргардонданд.

Дар дохили Русия бошанд ҳукумат фаъолияти ҳама ширкатҳои мутааллиқ ба Евгений Пригожинро мутаваққиф намуда, шартномаҳои худро бо онҳо ба сурати якҷониба қатъ намуд. Хона, бӯстонсаро ва коргоҳҳои Пригожинро тафтиш намуда, тилло, маблағҳои ва силоҳи зиёд пайдо карданд. Танҳо дар як мошине, ки дар назди дафтари ЧВК “Вагнер” дар Петербург боздошт шуд, 4 миллиард рубл, ё тақрибан 45 миллион доллар пули нақд пайдо кардаанд.

Матбуоти Русия як маъракаи зидди “Вагнер” ва зидди Пригожинро ба роҳ монда, мубаллиғони Кремл ба сиёҳкунии вагнериҳо оғоз намуданд. Ҳама матбуоти мансуб ба Пригожинро баста, номи Пригожин ва “Вагнер”-ро ба рӯйхати сиёҳ дохил намуданд.

Дар аввал ба назар мерасид, ки воқеан Пригожин ва “Вагнер” даст ба ошӯби мусаллаҳона задаанд. Вале ба гуфтаи бархе нозирон,  бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз ва аз гуфтаҳои Лукашенко ошкор шуд, ки ин як бозии пасипардагии Путин буда, бо ҳамин баҳона Маскав зоҳиран мехоҳад як нирӯи бузурги ҳарбиро дар наздикии марз бо кишварҳои узви НАТО ҷо ба ҷо кунад.

Ба гуфтаи ин нозирон, Путин бо ин бовар, ки кишварҳои соҳили Балтика (Латвия, Литва ва Эстония) қариб ҳамаи силоҳҳои худро ба Украина дода, акнун ба як тӯъмаи осоне табдил шудаанд, мехоҳад бо таҳдиди ҳамлаи ЧВК “Вагнер” ба ин кишварҳо бо баҳонаи инки гӯё русзабонҳои сокини ин се кишвар низ ниёз ба пуштибонӣ аз ҷониби Русия доранд, хостҳои худро болои Амрико ва Аврупо таҳмил кунад ва аз ҷумла Ғарбро ба қатъи кумак ба Украина водор кунад. Қарори маълум, ҳамла ба ҳар кишвари узви НАТО ин паймони ҳарбиро водор ба посух мекунад ва ин дигар ба маънои оғози ҷанги сеюми ҷаҳон хоҳад буд, ки дар шароити кунунӣ касе инро намехоҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Э ака нав фаҳмидм гав сари чи бдай. Набоша ячи менависида. О ҳаму кормандои Озодӣ намешава ай хдут ёд бгран навиштана. Содда, фаҳмо даказатуд да барут. Қан зан ака!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button