ВидеоКоррупсия

КОРМАНДИ КОМИССАРИАТ БО ҶУРМИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 700 ҲАЗОР СОМОНӢ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе прапоршик Рустам Мирсалимов, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсиро бо ҷурми қаллобӣ ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Додгоҳ ин афсарро дар фиреб додани дастикам 31 шаҳрванд ба маблағи қариб 690 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 60 ҳазор доллар гунаҳкор шинохт.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10 июли соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати хизматчии ҳарбӣ – иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Мирсалимов Рустам Обидҷонович барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон  бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонда шуда, ба додгоҳ ирсол шуда буд.

Бо ҳукми додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Мирсалимов Р.О. ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

Худи Мирсалимов ваё адвокату наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале додситонӣ мегӯяд, дар рафти тафтишот муайян шуд, ки Мирсалимов Р.О. бо мақсади ғараз ва тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дар давраи аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба ҷинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб додааст ва ба онҳо дар маҷмуъ ба маблағи 689 ҳазору 493 сомонӣ, ё беш аз 60 ҳазор доллар зарари моддӣ расонидааст. 

Аз ҷумла, Рустам Мирсалимов, ба гуфтаи тафтишот, бо либоси низомӣ ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафтааст ва худро ҳамчун намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ кормандони боғчаро гумроҳ месозад, ки “гӯё аз ҳисоби ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кумакҳои башардӯстона дастрас шудааст, агар хоҳишмандон барои гирифтани кумак, метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд”.

Кормандони кӯдакистон бехабар аз мақсадҳои ғаразноки Мирсалимов Р.О., ба суханони бардурӯғи ӯ бовар карда, дар маҷмӯъ 6 ҳазору 793 сомонӣ ҷамъ оварда, ба ӯ додаанд. Прапоршик Мирсалимов ин маблағро гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст. 

Инчунин,  гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кул, “Мирсалимов Р.О. амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, 2 октябри соли 2022 бо либоси низомӣ ба бозори “Меҳргон”, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии шахри Душанбе рафта, бо сохибкор Абдураҳимов М. вохӯрда, худро ҳамчун корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ 400 халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои харбии вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд. Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115 ҳазору 500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст”.

Ба гуфтаи тафтишот, бо чунин роҳу усул Мирсалимов Р.О. боз 29 нафарро фиреб намуда, молу маблағи онҳоро бо роҳи қаллобӣ ғайриқонунӣ азхуд карда, такроран ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.    

Додситонии кул гуфт, зимни  баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мирсалимов Р.О. дар як вақт аризаи даъвогии додситонии  гарнизони Душанбе бо мақсади рӯёнидани товони зарари ба шаҳрвандон ба маблағи 570 ҳазору 654 сомонӣ расонидашуда низ баррасӣ ва қонеъ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button