ИқтисодКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

АЗ АНБОРИ ЯК СОҲИБКОР ДАР ДУШАНБЕ БА МАБЛАҒИ 2 МИЛЛИОН МОЛҲОИ ҚОЧОҚӢ ЁФТААНД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10 июли соли 2023 аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Маниёзов К.Ҷ. бо иттиҳоми қочоқи молу маҳсулот ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 200 ҳазор доллар хабар дод.

Худи ин соҳибкор ваё адвокату наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилоияи нашршуда, Додситонии кулли Тоҷикистон санаи 26 апрели соли 2023 зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов Р.М. дар корхонаи истеҳсолии  “Яхдон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (собиқ корхонаи истеҳсоли яхдонҳои тамғаи машҳури “Помир”) муайян намуд, ки шаҳрванд Маниёзов К.Ҷ. дар ҳудуди ин корхона ду анборро ба иҷора гирифта, дар онҳо 1330  адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи “Злато”, 600  адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4000 адад таҷҳизоти баркии гармидиҳӣ (радиатор) тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, 2800 адад зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ (бокал)-ро ғайриқонунӣ  бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст.

Додситонии кул гуфт, ин молҳо дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2022 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ, бо роҳи қочоқ ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон ворид карда шудаанд.

Тибқи маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, арзиши умумии эҳтимолии бозоргонии ин таҷҳизоти барқӣ ба маблағи 2 миллиону 108 ҳазору 800 сомонӣ буда, боҷ ва андози гумрукии носупурдаи он бошад, маблағи 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад.

Бар асоси натиҷаи санҷиш 5 майи соли 2023 нисбат ба Маниёзов К.Ҷ. барои содир намудани ҷинояти қочоқ ба миқдори калон бар асоси моддаи 289, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ бо он идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1456 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ) ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Додситонии кул дар иттилоияаш дар бораи инки ин соҳибкор бо кумаки кӣ чунин миқдори бузурги маҳсулотро бидуни риояи муқаррароти гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст?, чизе намегӯяд. Вале қарори маълум, бидуни ҳамдастии кормандони гумрук чунин кор, яъне ба кишвар даровардани ҳазорон таҷҳизоти барқӣ, ки чанд фура мешавад, имкон надорад. Мақомоти гумруки Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар дониста мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button