ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатЧеҳраҳо

87% – ПИРӮЗИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ИНТИХОБОТИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН

Тавре ҳам, ки интизор мерафт, раисиҷумҳури кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки рӯзи 9 июли соли 2023 доир шуд, бар се номзади заифу ба ҷомиа ноошно ба осонӣ ғолиб омад.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев рӯзи 10 июл бо эълони натиҷаҳои муқаддамотии овоздиҳӣ хабар дод, ки “ба номзади ҳизби либерал –демократии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 87,05% аз ҷамъи овоздодагон раъй додаанд”.

Се номзади Мирзиёев якҷоя ҳудуди 12% овоз гирифтаанд. Аз ҷумла ҷои дуюмро баъди Мирзиёев бо касби 4,43 фоизи овозҳо муовини аввали раиси Додгоҳи олии Ӯзбекистон ва номзади ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” Робахон Маҳмудова ба даст оварда, ҷойи сеюмро бо 4,02% номзад ва раиси ҳизби халқии демократӣ Улуғбек Иноятов гирифт. Дар зинаи охирин бо 3,74% раҳбари ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев қарор гирифт.

Дар интихобот 15,6 миллион нафар, ё 79,8 фоиз аз наздики 20 миллион интихобкунанда иштирок кардаанд. Ёдовар мешавем, дар интихоботи соли 2020 Шавкат Мирзиёев бо касби 80 фоизи овозҳо ғолиб омада буд.

Ин нахустин интихоботи президенти Ӯзбекистон баъди ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар буд, ки тибқи ин тағйирот, аз ҷумла президент аз ин ба баъд ба ҷои 5 сол барои 7 сол интихоб мешавад ва Шавкат Мирзиёев, ки алакай ду навбат президент буд ва 24 июли соли ҷорӣ ба синни 66 мерасад, ҳақ пайдо кард, ки боз ду навбати дигари ҳафтсола, яъне то синни 80, номзадии худро ба президентӣ пешбарӣ кунад.

Натиҷаҳои расмии интихоботи Ӯзбекистон ҳанӯз эълон нашудаанд, вале шуморе аз раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла президентҳои Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон алакай Мирзиёевро бо пирӯзии бечунучаро табрик кардаанд.

Аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мирзиёев нафақат барқияи шодбошӣ ирсол кард, балки зангаш ҳам зад, ки шахсан бо пирӯзӣ табрикаш кунад. Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии қатъиятон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред. Натиҷаҳои ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ далели равшани нуфузи баланди Шумо, эътимод ва ҳимояи қавии мардуми Узбекистон аз роҳи стратегиатон мебошад, ки ба навсозии устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тақвияти пайвастаи мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст”, – навиштааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи шодбошиаш.

Аксари кулли нозирони умур аз қабл муътақид буданд, ки интихоботи  пеш аз муҳлат бо пирӯзии мутлақи Мирзиёев бар чанд рақиби барои ҷомиа ноошнояш ба анҷом мерасад. Номзадҳои оппозитсионӣ ба интихоботи президенти Ӯзбекистон роҳ дода нашуданд ва ин се рақиби роҳёфта, ба ақидаи таҳлилгарон, танҳо нақши намоиширо иҷро мекунанд, то ки интихоботро дар чашми ҷаҳониён гӯё “демократӣ” ва гӯё “алтернативӣ ва пуррақобат” ҷилва бидиҳанд.

Шавкат Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах дар хонаводаи муҳоҷирон аз деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дида ба ҷаҳон кушодааст. Мирзиёев дар замони раёсати Ислом Каримов, ки диктатори аз ҳама бераҳми Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, солҳои зиёде сарвазир буд. Ӯ соли 2016, баъди марги Каримов ба мақоми президентӣ расид, вале ба фарқ аз Каримов роҳи ислоҳотро пеш гирифта, бисёре аз қонунҳои таъқибгаронаи даврони Каримовро бекор ё сабуктар карда, садҳо маҳбуси сиёсиву мазҳабиро аз зиндонҳо ҷавоб дод ва барои мардум имкон дод, ки дар як фазои озодтар, бидуни тарси таъқиб нафас бикашанд. Дар айни замон, Мирзиёев назоратро аз болои кори ниҳодҳои амниятиву қудратӣ ва муборизаро бо коррупсия дар байни мансабдорон шадидтар кард.

Мирзиёевро барои ислоҳоти анҷомдодааш “Горбачёви Осиёи Марказӣ” ном мебурданд, вале тасмими бо роҳи тағйири Қонуни асосӣ тамдид кардани замони раёсаташ ҳатто ба бисёре аз тарафдорони ӯ хуш наомад, ки мегӯянд, Мирзиёев бо ин амал ҳамсони дигар ҳокимони худкома дар паҳнои Шӯравии собиқ мешавад.

Ӯзбекистон кишвари аз ҳама пураҳолӣ ва дар баробари Қазоқистон соҳиби яке аз иқтисодҳои аз ҳама қавӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Аҳолии Ӯзбекистон беш аз 36 миллион буда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш (ВВП) беш аз 80 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, шумораи аҳолии Ӯзбекистон аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистони ҳамсояаш 3,5 маротиба  бештар буда, вале маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш нисбат ба Тоҷикистон қариб 8 маротиба (!!!) бештар аст. Соли 2022, бино ба омори расмии ҳукумат, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳамагӣ 115,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин бо қурби расмии Бонки миллӣ, баробари каме бештар аз 10 миллиард доллар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button