ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 КУШТА ДАР 4 САДАМА ДАР КӮШОНИЁНУ ЗАЙНАБОБОД ВА КОНИБОДОМУ ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки аз 6 то 8 июли соли 2023 бар асари 4 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки 8-сола ва 4-сола ва зани 47-солаи савори аробаи маъюбӣ ҷон бохта, дастикам ду каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла нимаи дуюми  6-уми июли соли 2023, тахминан соати 17:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тoйота-Камри”, Эшмухамедов Ҳабибулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Сафархоҷаев Зикриё Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Сафархоҷаев З.Р. ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми июли соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Азимов Ҳасан Холбобоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Ваҳдат, дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғ Каримзода Муҳаммад Баҳром, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Каримзода М.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

8-уми июли соли 2023, тахминан соати 08:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуҷабборзода Нурулло Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди деҳаи Ниёзбек дар канори шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, аробачаи маъюбии пиёдагард Ҳайдарова Нигора Ҳусейновна, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳайдарова Н.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми июли соли 2023, тахминан соатҳои 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21093”, Ғуломшоев Сино Қиматшоевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба чуқурӣ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ғуломшоев С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Нусратшоев Сураҷ Сиддиқалиевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ ва Фарухшозода Фурқат, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Роштқалъа, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, дар чанд рӯзи гузашта аз аввали моҳи июл дар бораи кушта шудани ҳудуди 30 нафар дар садамаҳо хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button