ВидеоТоҷикистонҲодиса

ҶАСАДИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО ТО ҲОЛ НАЁФТААНД

Рӯзи 8 июли соли 2023 дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар гуруҳи “Парвиз ТВ1” дар Фейсбук хабаре нашр шуд, ки гӯё ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ёфт шудааст.

Аммо бо гузашти як шабонарӯз аз нашри ин хабар ягон ниҳоди расмии давлатӣ маълумот дар бораи ёфт шудани ҷасади Исматуллоевро тасдиқ накардааст.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ мегӯянд, то кунун ҷасади бонкдори маъруфро пайдо накардаанд ва дар қад-қади дарёи Зарафшон ҷустуҷӯи ҷасади ӯ ва мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната”, ки Исматуллоевро шоми 23 июн аз назди хонааш дар маркази Душанбе бо ҳамин мошин рабуда буданд, идома дорад.

Як манбаи “Бомдод” гуфт, нимаи аввали рӯзи 8 июл, тақрибан соати 10, аз рӯбарӯи деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ дар ҳақиқат як ҷасадро пайдо карда, аз дарё берун оварданд ва шояд ҳамин сабаби паҳн шудани сарусадоҳо дар бораи ёфт шудани ҷасади Исматуллоев шуда бошад.

“Аммо ин ҷасаде, ки дар Хушекат аз дарё бароварданд, ҷасади як ҷавон буд, ки як дасташ ба кадом иллате аз баданаш канда шуда буд. Ин дақиқан ҷасади муовини раиси “Ориёнбонк” набуд. Мақомот алакай муайян кардаанд, ки ин ҷасади як сокини деҳаи Зеробод аст, ки чанде пеш ҳамроҳи модараш дучори садама шуда, ба дарё ғарқ шуда буд. Ҷасади модарашро пештар дар ҳудуди Панҷакент ёфта буданд, худашро нав ёфтанд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд,  барои тафтишот инки Шуҳрат Исматуллоев дигар зинда нест, яқин шудааст, вале ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол идома дорад.

Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд.

Ӯро шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, бурданд.

Тавре тафтишот то имрӯз муайян кардааст, нақшаи рабудани Исматуллоевро ҳанӯз моҳи марти соли 2022 як гуруҳи ҷиноӣ ба раҳбарии Дилшод Саидмуродов (муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”), як корманди собиқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, кашидаанд. Ба гуфтаи тафтишот, шоми 23 июн, тақрибан соати 20:10 4 узви ин гуруҳ: худи Дилшод Саидмуродов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Акбар Ахмедов Исматуллоевро рабуда, ба як хона дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд ва дар онҷо то соати сеи шаби 24 июн, яъне тӯли қариб 7 соат бо мушту лагат, автофен, электрошокер ва таҷҳизоти дигар шиканҷа додаанд. Мутаассифона, Исматуллоев ба ин шиканҷаҳо тоб наоварда, ҷон додааст ва мурдаи ӯро бурда, ҳамроҳи мошини “Ҳюндай Соната” дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Километри 130-юм дар наздикии маркази ноҳияи Айнист.

Рустам Ашӯров шоми 30 июн дар охирин суҳбати худ бо модараш, ки аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован занг зада буд, эътироф кард, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва мурдаашро ӯ бурда, ба дарё партофт.

Ашӯров гуфт, ки онҳо Исматуллоевро барои биткоинҳояш ба маблағи 100 то 200 миллион доллар рабуданд, вале ӯро чунон заданд, ки мурд. Ӯ дар бораи инки оё коди биткоинҳоро аз Исматуллоев гирифта тавонистанд ё на, дар навори нашршуда чизе намегӯяд ва танҳо гуфт, ки бо худи ҳамагӣ 2500 доллар пули нақд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button