ВидеоТоҷикистонҲодиса

ҶАСАДИ РУСТАМ АШӮРОВРО БАРОИ ДАФН АЗ МОЛДОВА БА ТОҶИКИСТОН МЕОРАНД. Ӯ КӢ БУД? (МАЪЛУМОТИ МУФАССАЛ + ВИДЕО)

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Киев, ки умури Молдоваро низ бар дӯш дорад, ҷасади Рустам Ашӯров, шаҳрванид 43-солаи Тоҷикистонро, ки шоми 30 июн ду афсари Молдоваро дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти ин кишвар кушт, рӯзи 8 июл аз тариқи Туркия ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Бино ба иттилои сафорат, яке аз наздикони Рустам Ашӯров барои овардани ҷасади ӯ ба Молдова рафтааст.

Давоми рӯзи  8 июл аз Истанбул ҳам ширкати “Сомон Эйр” ва ҳам ширкати “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” ба Душанбе парвоз доранд, вале маълум нест, ки тобути Рустам Ашӯровро бо кадоме аз ин ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон мебаранд? Ҳавопаймои “Сомон Эйр” алакай нимаи дуюми рӯзи 8 июл ба Душанбе мерасад ва ҳавопаймои “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” – соати дуи шаби алакай 9 июл.

Рустам Ашӯров дар Тоҷикистон ба даст доштан дар яке аз пурсарусадотарин ҷиноятҳои солҳои охир: рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев айбдор мешуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Дилшод Саидмуродов (муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”) гуруҳи муташаккилонаи ҷиноиро иборат аз беш аз 10 нафар ташкил дода, ҳанӯз моҳи марти соли 2022 нақшаи дуздидани Исматуллоевро кашидаанд. Бино ба гуфтаи тафтишот, шоми 23 июн, тақрибан соати 20:10 4 узви ин гуруҳ: худи Дилшод Саидмуродов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Акбар Ахмедов Исматуллоевро аз назди хонааш дар маркази Душанбе рабуда, ба мошини “Ҳюндай Соната”, рангаш сиёҳ бор кардаанд ва ба як хона дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурда, то соати сеи шаби 24 июн, яъне тӯли қариб 7 соат шиканҷа додаанд. Мутаассифона, Исматуллоев ба ин шиканҷаҳо бо истифода аз мушту лагат, автофен, электрошокер ва таҷҳизоти дигар тоб наоварда, ҷон додааст ва мурдаи ӯро бурда, ҳамроҳи мошини “Ҳюндай Соната” дар километри 130юми шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Рустам Ашӯров дар охирин суҳбати худ бо модараш, ки аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован занг зада буд, эътироф кард, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва мурдаашро ӯ бурда, ба дарё партофт.

Додситонӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса 5 нафар дастгир шудаанд, вале чоргонаи асосӣ аз кишвар фирор кардаанд. Аз ҷумла Саидмуродов ва Ахмедов рӯзи 24 июн ба Русия ва Шоҳрух Хӯҷаев ҳамон рӯз ба Туркия фирор кардаанд. Рустам Ашӯров рӯзи 25 июн ба Туркия ва рӯзи 30 июн аз Истанбул ба Молдова парвоз кардааст, то сипас дар ягон кишвари узви Иттиҳоди Аврупо пинҳон шавад, вале ӯро ба қаламрави Молдова роҳ надодаанд ва вақте мехостанд, ки ӯро ба Туркия бозпас фиристанд,  ӯ пистолети афсари марзбони Молдоваро кашида гирифта, ин афсар ва як корманди хадамоти амнияти фурудгоҳи Молдоваро куштааст. Худи Ашӯров дар ҷараёни амалиёти боздошташ 10 тир хӯрда, шоми 3 июл дар бемористон ҷон дод.

Дар бораи шахсияти Рустам Ашӯров маълумоти зиёде то кунун нашр нашудааст. Мақомоти Молдова гуфтанд, ки ӯ қаблан 7 сол дар ВКД Тоҷикистон хидмат кардааст, вале барои рафтори ношоиста аз саффи мақомот ронда ва барои ғоратгарӣ ва куштор маҳкум ба зиндон ҳам шуда буд.

Ҳафтаномаи “СССР”, чопи Душанбе тавонистааст дар бораи шахсияти Рустам Ашӯров маълумоти муфассалтареро ба даст оварда, нашр кунад:

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ РУСТАМ АШӮРОВ

Ашӯров Рустам Каримович, санаи таваллуд: 25.03.1980, зодаи ш.Душанбе, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к.С.Айнӣ, бинои 42, блоки 4, ҳуҷраи … (қаблан то санаи 30.12.2019 дар қайди кӯчаи Ҷ.Расулов, хонаи 5 қарор дошт), миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии ҳуқуқшиносӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, бекор, қаблан бо моддаи 249, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳзанӣ) суд шудааст.

Номбурда соли 1998 МТМУ №6 –и н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2003-2004 дар қисми ҳарбии №3502 РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Соли 2010 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дохил шуда, то соли 2012 дар вазифаи эксперт – криминалисти ШВКД – 2 дар н.Синои ш.Душанбе кору фаъолият намуда, соҳиби рутбаи лейтенанти калони милитсия гаштааст.

Соли 2012 барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 249 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, яъне роҳзанӣ бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гашта, соли 2019 ба озодӣ баромадааст ва бо шаҳрванд А.Ф. оила барпо намуда, дар зиндагонии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд гардида, дар суроғаи ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к.С.Айнӣ, бинои 42, блоки 4, ҳуҷраи … истиқомат мекарданд.

Эзоҳ: Чунин ба назар мерасад, ки ду фарзанди дигари вай аз зани якумаш аст, чун дар умум 4 фарзанд доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button