ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИНТИХОБОТИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ (ВИДЕО)

Субҳи 9 июли соли 2023, соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президенти Ӯзбекистон, пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Овоздиҳӣ то соати 20:00 давом мекунад ва танҳо баъди он метавонанд натиҷаҳои назарсанҷиҳои экзит-полл ва шумориши муқаддамотии овозҳо нашр шаванд.

Барои овоздиҳии тақрибан 19,6 миллион шаҳрвандони соҳиби ҳаққи овоз 10 ҳазору 784 қитъаи овоздиҳӣ, аз ҷумла 56 қитъа дар 39 кишвари хориҷӣ ташкил шуда, ҷараёни интихоботро беш аз 53 ҳазор нозири маҳаллӣ ва 797 нозири хориҷӣ, ҳамчунин наздики 2 ҳазор журналист, аз ҷумла беш аз 250 журналисти хориҷӣ назорат мекунанд.

Бино ба хабарҳо алакай аз субҳи 9 июл дар назди сафорати Ӯзбекистон дар Маскав издиҳоми бузурги интихобкунандагон аз байни муҳоҷирони ӯзбек, ки шуморашон дар Русия то 4 миллион нафар рақам зада мешавад, ҷамъ омаданд.

Ба интихоботи пеш аз муҳлати президенти Ӯзбекистон ягон номзади мухолиф роҳ дода нашуд, танҳо 5 ҳизби дар кишвар расман сабтиномшуда, ки ҳамааш тарафдори ҳукуматанд, номзадҳои худро пешбарӣ карданд. Дар ниҳоят, ин 4 номзад ба баргаҳои овоздиҳӣ роҳ ёфтанд:

  1. Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури кунунӣ, номзад аз ҳизби либерал –демократ ва ҳизби “Миллий тиқланиш”
  2. Абдушукур Ҳамзаев, олими кишоварз, раҳбар ва номзади ҳизби экологии Ӯзбекистон
  3. Улуғбек Иноятов, собиқ вазири маорифи Ӯзбекистон, роҳбар ва номзади ҳизби халқии демократӣ, ки дар замони президентии Ислом Каримов ҳизби ҳоким буд, вале ҳоло дар байни аҳзоби дигари расмии Ӯзбекистон дар ҳошия қарор дорад)
  4. Робахон Маҳмудова, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Ӯзбекистон ва номзад аз ҳизби “Адолат”.

Ягона номзади барои мардум ошно дар байни ҳамаи 4 номзади сабтиномшуда, албатта, Мирзиёев аст, ки инак 7 сол боз бар Ӯзбекистон раҳбарӣ мекунад. Мирзиёев 66 сол дорад. Ӯ соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах дар хонаводаи муҳоҷирон аз деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дида ба ҷаҳон кушодааст. Мирзиёев дар замони раёсати Ислом Каримов, ки диктатори аз ҳама бераҳми Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, солҳои зиёде сарвазир буд. Ӯ баъди Каримов ба мақоми президентӣ расид, вале ба фарқ аз Каримов роҳи ислоҳотро пеш гирифта, бисёре аз қонунҳои таъқибгаронаи даврони Каримовро бекор ё сабуктар карда, садҳо маҳбуси сиёсиву мазҳабиро аз зиндонҳо ҷавоб дод ва барои мардум имкон дод, ки дар як фазои озодтар, бидуни тарси таъқиб нафас бикашанд. Дар айни замон, Мирзиёев назоратро аз болои кори ниҳодҳои амниятиву қудратӣ ва муборизаро бо коррупсия дар байни мансабдорон шадидтар кард.

Мирзиёевро барои ислоҳоти анҷомдодааш “Горбачёви Осиёи Марказӣ” ном мебурданд, вале тасмими бо роҳи тағйири Қонуни асосӣ тамдид кардани замони раёсаташ ҳатто ба бисёре аз тарафдорони ӯ хуш наомад, ки мегӯянд, Мирзиёев бо ин амал ҳамсони дигар ҳокимони худкома дар паҳнои Шӯравии собиқ мешавад.

Аксари кулли нозирони умур муътақиданд, ки интихоботи  пеш аз муҳлат низ бо пирӯзии мутлақи Мирзиёев бар чанд рақиби барои ҷомиа ноошнояш ба анҷом мерасад. Номзадҳои оппозитсионӣ ба интихоботи президенти Ӯзбекистон роҳ дода нашуданд ва ин се рақиби роҳёфта, ба ақидаи таҳлилгарон, танҳо нақши намоиширо иҷро мекунанд, то ки интихоботро дар чашми ҷаҳониён гӯё “демократӣ” ва гӯё “алтернативӣ ва пуррақобат” ҷилва бидиҳанд.

Ӯзбекистон кишвари аз ҳама пураҳолӣ ва дар баробари Қазоқистон соҳиби яке аз иқтисодҳои аз ҳама қавӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Аҳолии Ӯзбекистон беш аз 36 миллион буда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш (ВВП) беш аз 80 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, шумораи аҳолии Ӯзбекистон аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистони ҳамсояаш 3,5 маротиба  бештар буда, вале маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш нисбат ба Тоҷикистон қариб 8 маротиба (!!!) бештар аст. Соли 2022, бино ба омори расмии ҳукумат, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳамагӣ 115,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин бо қурби расмии Бонки миллӣ, баробари каме бештар аз 10 миллиард доллар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button