ВидеоКоррупсияТоҷикистон

ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК, САРКАРДАИ ОДАМРАБОЁН КИСТ?

Дар рӯзҳои охир дар робита ба рабудани бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев номи Дилшод Саидмуродов (муллақаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”), корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вирди забони мардуму мақомот ва расонаҳо шудааст. Ӯро саркардаи гуруҳи одамрабоён мешуморанд ва тавре шарики ӯ Рустам Ашӯров дар суҳбати телефонӣ бо модараш эътироф кард, Исматуллоевро маҳз Саидмуродов “чунон зад, ки вай мурд”.

Ин “Дилшоди СБ” ё “Дилшоди Красавчик” кист?

Ҳафтаномаи “СССР”, чопи Душанбе тавонистааст тарҷумаи ҳоли Дилшод Саидмуродовро ба даст оварда, чоп кунад:

Дилшод – «красавчик» кист?

Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, санаи таваллудаш 04.06.1984, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, к.А.Навоӣ, бинои 5/8, ҳуҷраи 1, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Номбурда соли 2001 МТМУ №8 н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург дохил шуда, соли 2006 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ муддати 1 сол бо сабаби пайдо намудани ҷойи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсия Россия дар ш.Санкт-Петербург истиқомат намудааст.

Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ дохил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2008 вазифаи ишғолнамудаашро иваз намуда, аз РМЗҶМ ба Раёсати оператививу ҷустуҷӯӣ (РОҶ) КВД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи ваколатдори оперативӣ ба кор рафтааст. Худи ҳамон сол боз аз РОҶ ба РАД (Внутренная безопасность ё СБ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, то соли 2010 дар вазифаи нозир кору фаъолият намудааст.

Соли 2010 аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, 4 сол баъд, яъне дар соли 2014 дар мақомоти прокуратура ба кор даромада, 1 муддати кӯтоҳ дар вазифаи мутахассис – кибернетики Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.

Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад. Яъне ин шахс дар 3 вазорати калидии кишвар-ВКД, Генпрокуратура ва Агентии коррупсия кору фаъолият мекард! Чунинҳоро «оборотен в погонах» меноманд…

Пас аз содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ санаи 25.06.2023, соати 06:00 тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз толори СИП, бо хатсайри Душанбе – Москва ба Федератсияи Россия фирор намудааст.

Аз рӯи баъзе маълумот, ӯ тавассути ВИП ва СИП зали фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд зиёд парвоз карда, ӯро ҳамчун мусофири дастбахайр ва хеле ҳам забондон мешинохтаанд. Дар тарабхонаҳои шики пойтахт низ ӯро хуб медонистаанд, зеро дастархондор (медонист киро зиёфат диҳад) ва сахӣ (бо фоҳишаҳо) будааст. Ҷустуҷӯи Дилшод Саидмуродов идома дорад.

Гуфта мешавад, яке аз шахсиятҳои калидии ин ҷинояти гӯшношунид, маҳз ӯст ва ёфтану ҷазо доданаш, кори ҷонӣ ва нонии 3 мақомоти қудратист, ки дар он замоне кору фаолият дошт…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Лаънати худову малоикаву тамоми инсу ҷин бар ин авбошону ҷинояткорон бод, ки беҳтарин марди Тоҷикистон, нобиғаи тахассусро бӯздилона дӯздида, ноҷавонмардона ба қатл расонданд. Аз худои олам мехоҳам, ки то ҳафт пӯшти қотилони Шуҳрат Исматуллоевро дар қаъри ҷаҳаннам то абад азоби ҷонкоҳ бидиҳад, чеҳраҳояшонро бо оташи тафсон пайваста бисӯзонад, қалбҳояшонро аз заҳру зуқум пур кунад, чашмҳояшонро аз ҳалқумҳояшон берун кашида, овезон дар рӯзи маҳшар шармандаи дунёву охират гардонад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button