ВидеоДин ва боварҳо

ДАРГУЗАШТИ ҚОРИИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САМАРИДДИН САМАДОВ, БАРАНДАИ САБҚАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҚИРОАТИ “ҚУРЪОН” (ВИДЕО)

Қории шинохтаи тоҷик, барандаи  мақомҳои баланди дуюм ва сеюм дар мусобиқаҳои байналмилалии қироати “Қуръон” Самариддин Самадов дар синни 41 дар Душанбе ба иллати аз кор мондани қалбаш аз олам чашм пӯшид.

Дар бораи даргузашти ин қории маъруф ҳамсабақаш Саидисоқ Бобоев рӯзи 8 июли соли 2023 дар Фейсбук бо нашри як номаи таслият хабар дод. “Даргузашти бародари азиз ва ҳамсабақам, қорӣ ва ходими “Қуръон”, довари байналмилали доктор Саид Самариддин Самадовро ба ҳамаи дӯстон ва хонаводаи марҳум таслият мегӯям ва аз даргоҳи Илоҳӣ раҳмату мағфират барояш талаб мекунем. Рӯҳат шод, ёдат гиромӣ ва ҷоят ҶаннатулФирдавс бод,  мубаллиғи “Қуръон” ва дӯсти бисёр гиромиам”,  – навиштааст Саидисоқ Бобоев.

Ӯ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ҳамсабақаш дар Душанбе ба иллати баногоҳ аз кор мондани қалбаш дар чунин синни ҷавон ҷавонмарг шудааст.

Самариддин Самадов соли 1982 дар деҳаи Чилчаи ҷамоати Бобоюнуси ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти вақти Кӯлоб ба дунё омада, дар Эрон дар Донишгоҳи ҶомиатулМустафо дар риштаи қироати “Қуръони Карим” таҳсил карда буд.

Бино ба иттилои Саидисоқ Бобоев, Самариддин Самадов ҷияни марҳум Эшони Закариё, узви собиқи раёсати ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) буд ва соли 2000 маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоии тағояш барои таҳсил ба Эрон рафту унвони докториро дар риштаи қироати “Қуръон” ба даст овард.

 Баъди бозгашт аз Эрон қорӣ Самариддин дар Душанбе зиндагӣ мекард.

Дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ ва бад шудани бархӯрди мақомот бо таҳсилкардаҳои Эрон аҳли хонаводаи қорӣ Самариддин ва хешовандони онҳо низ таҳти фишор қарор гирифтанд.

Бо ин вуҷуд ба қорӣ Самариддин муяссар шуд, ки дар чанд мусобиқаи байналмилалии қироати “Қуръон” дар Теҳрон иштирок кунад ва ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба даст биорад.

Дар охирин мусобиқаи қироати “Қуръон” дар Теҳрон қорӣ Самариддин ба ҳайси довар иштирок дошт. Баъди анҷоми мусобиқа ӯ дар Эрон чанд муддат барои табобаташ монд, вале мутаассифона, теғи аҷал риштаи умри ин қории шинохтаро дар айни ҷавонӣ барканд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button