ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

500 РӮЗИ МУҚОВИМАТИ УКРАИНА ДАР ҶАНГЕ, КИ БА БОВАРИ КРЕМЛ, БОЯД ДАР БАЙНИ ЧАНД РӮЗ ВА ҲАТМАН БО ПИРӮЗИИ РУСИЯ ТАМОМ МЕШУД (ВИДЕО)

Рӯзи 8 июли соли 2023 аз оғози ҳамлаи Русия ба хоки Украина 500 рӯз гузашт. 24 феврали соли 2022, вақте нирӯҳои Русия вориди қаламрави Украина шуданд ва дар байни чанд рӯзи аввал минтақаҳои зиёдеро тасарруф карда, ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Киев наздик шуданд, мубаллиғони Кремл мутмаин буданд, ки ин ҷанг дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ва ҳатман бо пирӯзии бечунучаро ва мутлақи Русия ба анҷом мерасад. Аммо инак аз оғози ин ҷанги бемаънии бародаркуш байни ду халқи ба ҳам хеле наздики русу украинӣ алакай 500 рӯз мегузарад ва ҳама он интизориҳои мубаллиғони Кремл дар бораи ҳамагӣ чанд рӯз ё чанд ҳафта тӯл кашидани муқовимати тарафи Украина ботил баромаданд. Гузашта аз ин, ҳоло дигар касе гуфта наметавонад, ки оё ин ҷанг кай ба поён мерасад? Ва ҳатто мубаллиғони Кремл ҳам ҳоло дигар мутмаин нест, ки ин ҷанг ҳатман ба фоидаи Русия тамом шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 8 июл, дар 500-умин рӯзи муқовимати кишвараш бар зидди ҳамлаи артиши Русия ба таври рамзӣ аз ҷазираи Морон (остров Змеиный), ки дар рӯзҳои аввали ҷанг аз сӯи Русия ғасб ва ба рамзи муборизаи украиниҳо барои дифоъ аз марзу буми худ табдил гашта буд, суханронӣ намуда, аз ҳомиёни Украина сипосгузорӣ намуд.

“Ман аз ин ҷо истода, аз саҳмгузории якояки мудофеони Украина барои ғалаба ва дастовардҳояшон дар ин муддати 500 рӯз арзи сипос мекунам. Аз қӯшунҳои мусаллаҳ, аз кормандони истихборот, аз Гвардияи миллӣ, аз марзбонҳо, аз кормандони амнияти миллӣ, аз пулис, аз кормандони алоқа, аз мардуми Украина, аз онҳое, ки аз тарафи Украина барои озодии ин кишвар меҷангад хеле миннатдорам…” –  гуфт Зеленский.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Русия 24-уми феврали соли 2022 бо фармони Владимир Путин ба нияти дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ё чанд ҳафта ғасб намудани хоки Украина ба ин кишвари соҳибистиқлол ҳамла кард, вале бо гузашти 500 рӯз дар ботлоқи ҷанг сахт дармонда, талафоти қобили таваҷҷуҳи ҳам ҷонӣ, ҳам молӣ ва ҳам марзӣ додааст.

Аз як тараф шикаст дар хатти ҷабҳа, аз тарафи дигар шикоф дар буҷаи Русия, ки бино ба ҳисобҳо, ба 2 триллион доллар наздик шудааст, мақомоти Русияро ба ташвиш овардааст. Таҳримҳои Амрико ва Аврупо иқтисоди Русияро миёншикан ва нуфузи Путинро дар кишвар кам намудааст, ки шӯриши “Вагнер” ва уфти қурби рубли русӣ дар бозор аз нишонаҳои он аст.

Бахши русии BBC ва пойгоҳи хабарии “Медиазона” дар як таҳқиқоти муштарак, шумори кушташудагон аз тарафи Русия дар ҷанги Украинаро то санаи 7-уми июли соли 2023 беш аз 27 ҳазору 423 нафар ҳисоб кардаанд, ки миқдори кушташудагон аз ҳисоби ҷудоихоҳони Донетск ва Луҳанск ба он ворид карда нашудааст. Ва ин танҳо шумораи кушташудаҳоест, ки ном ба ном муайян ва тасдиқ шудаанд.

Ин ду нашрия менависанд, ки рӯйхаташон тақрибан нисфи шумораи умумии кушташудагонро дар бар мегирад. Ба бовари муаллифони таҳқиқрот, “Русия дар ҷанг бо Украина ҳадди ақал 55 ҳазор низомии худро кушта додааст ва наздик ба 247 ҳазор сарбози Русия маҷруҳ шуда, дигар ба майдонҳои ҷанг баргашта наметавонанд”.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки агар дар соли 2022 дар як ҳафта ихтиёриён аз 250 то 300 қабри нави кушташудагони ҷангро пайдо ва мушаххас менамуданд, пас аз ҳамлаи ҷавобии артиши Украина ин ихтиёриён ҳар ҳафта аз 600 то 700 гӯри навро пайдо мекунанд, ки ҳамаашон дар ҷанг дар Украина кушта шудаанд.

Дар мавриди талафоти Украина гузориши тозае нашр нашудааст. Вале мақомоти ҳарбии Русия тахмин мезананд, ки шумори кушташудаҳо ва захмиёни артиши Украина аз марзи 330 нафар гузаштааст.

Ахиран Пентагон аз бастаи нави кумакҳои низомии ҳукумати Амрико хабар дода, эълон намуд, ки ин баста шомили бомбаҳои хӯшаӣ ва ё ҳамон бомбаҳои кассетӣ низ ҳаст. Коршиносон бар ин назаранд, ки агар артиши Украина аз ин гуна бомбаҳо истифода кунад, ҳаҷми талафоти артиши Русия боз ҳам меафзояд.

Бомбаҳои хӯшаӣ навъи снарядҳоест, ки аз тӯпхона ва ё тайёраҳои ҷангӣ партоб карда мешавад. Пас аз шиллик ва наздик шудан ба ҳадаф он дар осмон мунфаҷир шуда, боиси пайдо шудани даҳҳо ва ё садҳо бомбаи хурде мегардад, ки дар натиҷа як масоҳати зиёдро ба хок яксон мекунад. Дар 123 кишвари ҷаҳон истифодаи ин навъи таслиҳот мамнӯъ аст. Вале дар Русия, Чин ва Амрико истифодаи он ғайриқонунӣ нест. Ин 3 кишвар аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ин навъи бомбаҳо ба ҳисоб мераванд.

То ин замон артиши Русия аз ин гуна бомбаҳои хӯшаӣ борҳо дар ҷанги Украина истифода намудааст, ки бино ба навиштаи Эътилофи бомбаҳои хӯшаӣ, бар асари таркиши чунин бомбаҳо дастикам 215 нафар кушта ва 474 тани дигар захмӣ шудаанд.

Номи ҷазираи Морон замоне дар матбуоти ҷаҳонӣ роҳ ёфт, ки гуфтугӯи як марзбони украинӣ бо як фармондеҳи киштии ҷангии Русия дар фазои интернет нашр шуд.

Дар ин сабти овозӣ фармондеҳи киштии ҷангии Русия аз марзбони украинӣ талаб мекунад, ки бе ҷанг ба русҳо таслим шавад, зеро киштиҳои ҷангии Русия ҷазираро муҳосира кардаанд ва муқовимат фоида надорад. Дар ҳолати рад шудани талаби таслим киштиҳои ҷангии Русия ҷазираро бомбаборон мекунанд. Вале марзбони украинӣ бе ягон дудилагӣ фавран бо як лафзи қабеҳ ҷавоби фармондеҳи русро медиҳад. Ин ҷавоби марзбони украинӣ он замон хелеҳоро дар сар то сари ҷаҳон дар ҳайрат гузошта буд ва ҳатто баъзе аз конгрессменҳои амрикоӣ ва канадаӣ дар нутқи худ аз ин ибора истифода намуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор, Президенти маркази таҳқиқоти ПУФ гуяд:

    Агар ҳадаф заъиф (боз ҳам заъифтар) кардани россия бошад, ҷанг ба зудӣ қатъ намешавад, чунки то охирин ғурур ва иқтидори ҷангии россия фурӯ наравад, ғарб осуда намемонад, аммо агар ҳадаф шикасти россия бошад, россия ботинан шикаст хурдааст, зоҳиран на, яъне путин то замоне, ки зинда аст, зоҳири ҷангро “шикастхурда” намеҳисобад, зеро барои ин “каша” (специальная военная операция) бояд на танҳо дар “гаага”, балки дар назди халқи “бузург”-и рус низ ҷавоб диҳад, ки чаро ин қадар кушта додем, вале Қрим ва 4-5 вилояти “нав” бозпас гирифта шуд?!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button