ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ВИДЕО: МУСОҲИБА БО ШОҲИДИ ТИРПАРОНИИ РУСТАМ АШӮРОВ ДАР ФУРУДГОҲИ КИШИНЁВ

Нашрияи молдовании Newsmaker.md  бо зане, ки рӯзи 30 июн бо Рустам Ашӯров дар як ҳавопаймо аз Истанбул ба Кишинёв омада, шоҳиди ду афсари Молдованро куштани ӯ гардид, мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом додааст. Нимаи дуюми рӯзи 30 июн мақомоти марзбонии Молдова аз байни мусофироне, ки аз Истанбул ба Кишинёв омаданд, 12 нафар: шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбеекистон, Озарбойҷон, Русия ва Туркияро иҷозат вуруд надодаанд. Ин зан, ки ҳамроҳи кӯдакаш ба хотири дарёфти паноҳандагӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо раҳсипор буд, мисли Рустам Ашӯров иҷозати вуруд ба Молдоваро ба даст оварда натавонистааст ва чанд соат ҳамроҳи ӯ дар дохили фурудгоҳи Кишинёв будааст.   Барно Бегматзода, журналисти сисола аз Тоҷикистон ба нашрияи NewsMaker.md нақл кардааст, ки он шоми наҳси 30 июн дар фурудгоҳ чӣ гузашт ва чӣ гуна Рустам Ашӯров дар фосилаи ҳамагӣ як ило ду метр аз ваю кӯдакаш афсари марзбони Молдоваро бо мушт зада, аз пой афтонд ва пистолеташро кашида гирифта, ӯро паронд.

ТАФСИЛОТИ ТИРПАРОНӢ ДАР ФУРУДГОҲ

Бино ба нақли Барно Бегматзода, ӯву кӯдакаш бояд тариқи транзит аз Молдова бояд ба Украина ва аз онҷо ба Полша мерафтанд, вале дар фурудгоҳи Кишинёв ӯро роҳ надодаанд ва гуфтаанд, барои рафтан ба Украина бояд даъватнома дошта бошад.

Барно Бегматзода дар бораи Рустам Ашӯров чунин нақл кардааст:

“Дар ҳавопаймо ман ӯро надидам. Вале баъдан моро ба фурудгоҳ роҳ надоданд ва гуфтанд: “Бишинед ва мунтазир бошед, то мо масъалаи шуморо ҳал кунем”. Ман ӯро ҳамон вақт дидам. Хеле агрессивӣ ба назар мерасид ва пешу қафо қадам ммезад.

Маро афсар бо номи Сергей (Мунтяну) даъват кард ва ҳадафи сафарам ба Украинаро пурсид. Ман ба ӯ мушкиламро гуфтам. Ӯ бо ман ягон 10 дақиқа ҳарф зад ва сипас гуфт: “Шумо инҷо бимонед, бақияро бо парвози бозгашт ба Истанбул мефиристем”.

Дар ҳамин лаҳза, барои ман аз Украина даъватнома фиристоданд ва ман онро зуд ба Сергеи марзбон нишон додам. Ӯ акси даъватномаро гирифт ва гуфт: “Шумо мунтазир бошед”.

Баъди ин Рустам Ашӯров  пешам омад ва пешниҳод кард, ки ба Сергей ягон сӯм диҳам,то маро ҳам ба Истанбул пас нафиристад. Ман гуфтамаш, ки агар пул пешниҳод кунам, маро ҳам пас мефиристанд”.

Барно Бегматзода лаҳзаи шурӯи тирпарониро низ нақл кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса дар фосилаи ҳамагӣ як ило ду метр аз ҷои нишасти ӯву кӯдакаш рух дод:

“Марзбон Сергей ва мусофироне, ки ба Молдова роҳ дода нашуданд, аз пеши ман мегузаштанд. Он одам аввал ба рӯи Сергей  бо мушт зад. Сергей афтод ва ӯ пистолеташро гирифт. Ин дар фосилаи ҳамагӣ як ё ду метр аз ман рух дод. Баъди онки тирпаронӣ сар шуд, ман кӯдакамро гирифта, ҳамроҳи як нафари дигар аз онҷо гурехтем.

Мо мешунидем, ки тир паронда истодаанд ва намедонистем, ки кӣ киро кушт? Баъди ним соат, вақте ҳама ҷо ором шуд, моро ба боғ бурданд. Мо онҷо мунтазир шудем. Сипас кормандони пулис омада, моро ба дигар ҷо барои бозпурсӣ бурданд”.

БОЗҶӮӢ

Барно Бегматзода мегӯяд, ки дар ҷараёни бозпурсиҳо ба сари ӯ боз як мушкили дигар омад, чунки ҳама фикр мекарданд, ки ӯ ҳамсари Рустам Ашӯров асту инро пинҳон мекунад:

“Мақомоти Молдова аввал фикр мекарданд, ки ман ҳамсари тирандозам ва бо ӯ робита доштам. Ман боварихат ва телефони худро додам, то мутолиа ва таҳқиқ кунад, ки ман бо ин одам ягон умумитя надорам… Ман ӯро намешинохтм, вале ҳис мекардам, ки ӯ ё корманди милиса, ё муҳофиз аст, чунки одами оддӣ чунин кореро анҷом дода наметавонист, ки пистолетро бигираду чанд касро ҷобаҷо бикушад. Шояд агар мо намегурехтем, ин ҳамватани мо ману кӯдакамро ҳам мекушт. Барои ӯ дигар фарқ надошт, ки киро мекушад.

Ман хеле мутаассифам ва ин бароям сахт аст, ки як шаҳрванди мо шаҳрвандони шуморо кушт. Мо фақат ба хотири зиндагии беҳтар фирор карда будем ва намедонистем, ки дар фурудгоҳ чунин иттифоқе меуфтад. Ин барои ман ногаҳонӣ ва сахт буд. Ин ба маъное нест, ки ҳамаи тоҷикҳо бад бошанд…”

Баъди анҷоми бозпурсӣ Барно Бегматзода аз Молдова паноҳгоҳ хостааст, то ки як муддат инҷо монда, сипас ба Аврупо биравад. Рӯзе баъд ба пеши ӯ адвокат ва корманди Созмони Милал омадаанд ва Барнову кӯдакашро ба урдугоҳи паноҳҷӯён бурдаанд.

Барно Бегматзода гуфтааст, ки маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад, чунки вазъи журналистон дар кишвар хеле печида буда, ба зиддашон парвандаҳои ҷиноӣ мекушоянд. Барно гуфтааст, ба зидди ӯ ҳам парванда кушода, ҷаримааш бастанд ва ӯ маҷбур шуд, ки тарки Тоҷикистон кунанд ва аз тариқи Истанбул ба Кишинёв рафт, то худашу кӯдакашро ба Аврупо бирасонад ва онҷо оромона зиндагӣ кунад.

Шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон Рустам Ашӯров, шоми 30 июн, баъди онки ӯро ба Молдова роҳ надоданд ва мехостанд ба Истанбул пас бифиристанд, дар фурудгоҳи Кишинёв пистолети корманди 31-солаи пулиси марзбонии Молдова Сергей Мунтянуро кашида гирифта, ин афсар ва нозири хадамоти амнияти фурудгоҳ, подполковники мустаъфии Хадамот муҳофизати давлатӣ Игор Чофуи 40-солро кушт.

Ашӯров ҳангоми амалиёти боздошташ 10 тир хӯрд ва шоми 3 июл ба ҳуш наомада, дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ”и шаҳри Кишинёв ҷон дод. Гуфта мешавад, ҷасади ӯро барои дафн ба Тоҷикистон мефиристанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Ашӯровро узви гуруҳи муташаккили ҷиноятии номид, ки таҳти раҳбарии Дилшод Саидмуродов шоми 23 июн муовини аввали раиси “Ориёенбонк” Шуҳрат Исматуллоевро рабуда, баъди чанд соати шиканҷа куштаанд ва ҷасадашро ба дарё партофтаанд.

Ҳам Дилшод Саидмуродов ва ҳам Рустам Ашӯров дар гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекарданд. Ашӯров соли 2012 барои куштор ва ғорати саррофон дастгир ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале соли 2021, пеш аз муҳлат озод шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button