ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН ЯК МУХОЛИФИ ҲУКУМАТИ ЭРДУҒОНРО БА ТУРКИЯ СУПУРДААСТ

Эмсал (Амсол) Коч, як фаъоли зодаи  Туркия, ки аз соли 1994 ба ин тараф дар Тоҷикистон ба сар мебурд ва аз тарафдорони рӯҳонии аз Туркия фироркарда Фатҳуллоҳ Гулен ба шумор мерафт, зоҳиран бо дархости мақомоти Туркия дастгир ва ба он кишвар истирдод шудааст. Фимрӯза Коч (Худойдодова), ҳамсари тоҷики Амсол Коч гуфтааст, киӯро рӯзи 2 июн дар Душанбе аз анборе, ки онҷо кор мекард, афроди ношинос ба мошини сиёҳшиша бор карда, бурдаанд ва худи ҳамон рӯз Амсол Кочро  дар иҳотаи  кормандони пулис дар фурудгоҳ дидаанд. Шаби 2 ба 3 июн аз фурудгоҳи Душанбе ширкати ҳавопаймоии “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” ба Истанбул парвоз дошт. Баъди чанд рӯз Амсол Коч дар як боздоштгоҳ дар устони Эрзуруми Туркия пайдо шуд ва расонаҳои Туркия хабар доданд, ки ӯ дар натиҷаи як амалиёти вижа аз Тоҷикистон оварда шуд.

Амсол Коч дар Тоҷикистон чандин сол дар лисейҳои туркӣ кор карда, сипас бо ташкили  маркази “Диалог” ҳамоишҳои равшанфикрони тоҷикро ба роҳ андохта буд, ки бархе дар ин иқдомаш кӯшиши сохтани лоббии тарафдорони Туркия дар дохили Тоҷикистонро медиданд.

Эмсал Коч, собиқ роҳбари маркази “Диалог” дар Душанбе, ки аз тарафдорони Фатҳулло Гюлен ном бурда мешуд, аз Тоҷикистон ба Туркия бурда шудааст. Маркази озодии Стокҳолм бо такя ба сомонаи хабарии Bold Medya гуфтааст, ин шаҳрванди Туркияро ғайриқонунӣ ба Туркия бурда, бо далели робитааш бо ҷунбиши Гюлен боздошт карданд. Баъзе расонаҳои Туркия навиштаанд, “ӯ дар натиҷаи амалиёти вижа” аз Тоҷикистон оварда шуд.

Фирӯза Худойдодова, ҳамсари Эмсал Коч ба сомонаи Bold гуфтааст, рӯзи 2 июн се нафар шахсони ношинос шавҳарашро аз анборе, ки кор мекард ба мошини сиёҳ савор карда бурданд. Ба гуфтаи Худойдодова, худи ҳамон рӯз Кочро бо ҳамроҳии пулиси тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе низ диданд.

Ҳамсари Эмсал Коч гуфтааст, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои содир кардани ин амали ғайриқонуниро ба мақомоти маҳаллӣ ва намояндагии Созмони Миллал дар Тоҷикистон пешкаш хоҳад кард. Худойдодова дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, “шавҳарамро ғайриқонунӣ ба Туркия бурданд ва талаб мекунам, ки ӯро фавран озод кунанд.

https://twitter.com/FiruzaKoch/status/1676300240809259016

Ба навиштаи Маркази озодии Стокҳолм, баъди нопадид шудан дар Душанбе, Эмсал Коч дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Эрзуруми Туркия пайдо шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин хабар ҳанӯз вокуниш накардаанд, ҳарчанд баъзе расонаҳои туркзабон “аз амалиёти вижа” барои истирдоди Эмсал Коч ба Туркия хабар навиштаанд.

Сомонаи Bold навиштааст, Эмсал Қоч аз соли 1994 дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва то соли 2017 дар як мактаби вобаста ба ҷунбиши Гюлен кор мекард. Манзур литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аст, ки бо сармояи тарафдорони Фатҳулло Гюлен, руҳонии турки муқими Амрико кор мекард.

Номи Эмсал Коч барои доираҳои фарҳангии Тоҷикистон бегона нест. Ӯ солҳо роҳбари “Диалог” буд, ки ба ташкили вохӯрии зиёиён асосан машғул буд. Фаъолияти ин марказ соли 2016 қатъ шуда буд.

Баъди табадуллоти нофарҷоми соли 2016 дар Туркия, ҳукумати ин кишвар тарафдорони Фатҳулло Гюленро ҳадаф қарор дод. Дар муддати ҳафт соли ахир, садҳо нафар дар Туркия бо ҷурми пайравӣ аз Гюлен боздошт шуданд. Хадамоти истихборотии Туркия дар гузориши ахираш гуфтааст, барои маҷбуран баргардондани 100 нафар аз тарафдорони Фатҳулло Гюлен амалиёт анҷом додааст. Аз ҷумла Орхан Инандӣ, роҳбари муассисаи байналхалқии таълимии “Сапат” дар Қирғизистон шаби 1 июни соли 2021 нопадид шуд. 5 июл президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, Инандӣ ба Туркия оварда шудааст. Инандӣ шаҳрвандӣ Қирғизистон буд. Дертар Додситони Туркия барои Орҳан Инандӣ 22,5 соли зиндон талаб кард. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гуфт, дар рабуда шудани Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия, Бишкек низ айбдор аст.

Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button