ВидеоИқтисодТоҷикистон

ОХИРИН СУҲБАТИ РУСТАМ АШӮРОВ БО МОДАРАШ: МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”-РО ДИЛШОДИ СБ КУШТ, МУРДААШРО МАН БА ДАРЁ ПАРТОФТАМ…

Ба дасти идорам пойгоҳи хабарии “Бомдод” ва нашрияҳои дигар ахиран видеоҳое расид, ки дар он суҳбати охирини Рустам Ашӯров, яке аз муттаҳамони асосӣ дар рабудани бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев сабт шудааст.  Ин суҳбат, тавре аз равишаш бармеояд, шоми 30 июни соли 2023 тавассути мессенҷер аз фурудгоҳи Кишинёв, лаҳзаҳое қабл аз ҳуҷуми ниҳои вижаи Молдова ба Рустам Ашӯров сурат гирифтаст. Қарори маълум, он шом Рустам Ашӯров баъди манъи вурудаш ба Молдова туфанчаи як афсари марзбонро кашида гирифта, ин афсар ва як подполковники мустаъфӣ аз Хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро паронд ва баъдан худаш ҳам дар ҷараёни амалиёти боздошт 10 тир хӯрда, шаби 3 ба 4 июл дар бемористони пойтахти Молдова ҷон дод.

Он вақт гуфта мешуд, ки Рустам Ашӯров сирри рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро акнун бо худ ба зери хок мебарад. Аммо дар суҳбати телефонӣ бо модараш, ки тавассути як нафари дигари он лаҳза дар хонаи Ашӯровҳо қарордошта, вале маълум нест, ки бо кадом мақсад, бо як телефони дигар сабт кардааст, Рустам Ашӯров бархе ҷузъиёти ин ҳодисаро нақл кардааст.

Бино ба нақли Рустам Ашӯров, сухан дар бораи  ба маблағи 100 то 200 миллион биткоин (як навъ асъори электронӣ) доштани Исматуллоев мерафт.

Рустам Ашӯров ба модараш нақл мекунад, ки ба ӯ гуфтанд, ки ин пулҳоро мегирем аз дасташу ҷавобаш медиҳем.  “Вале дар онҷо чунон задаш, ки ӯ мурд”, – нақл мекунад Рустам Ашӯров.

“Кӣ зад?” – мепурсад модараш. “Дилшоди СБ”, – ҷавоб медиҳад Ашӯров. “Дилшоди СБ” лақаби Дилшод Саидмуродов ном корманди собиқи ВКД, Агентии мубориза бо коррупсия ва Додситонии кул аст, ки мутахассиси бахши мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ ба шумор мерафт ва зоҳиран ба ҳамин сабаб, бо харидуфурӯши биткоин сару кор доштани Исматуллоевро медонист.

“Ту чӣ кор кардӣ?” – мепурсад модараш. “Ман ҳам бо онҳо будам”, – ҷавоб медиҳад Ашӯров. Модараш боз мепурсад, ки “ту, ки ягон кори бад накардаӣ?” Вале Рустам Ашӯров ҷавоб медиҳад, ки “ман мурдааш бурда, ба дарё партофтам”.

Дар сабти дуюм Рустам Ашӯров бархе ҷузъиёти дигарро нақл мекунад ва хабар медиҳад, ки дар киссаш 2500 доллар. “Намедонам, инҳо мегиранд ин пулро ё не, чӣ мешавад ё намешавад, таваккалам дигар ба Худо”, – мегӯяд Ашӯров, ки дар тӯли суҳбат ҳар лаҳза ҳаросон ба чор тараф нигоҳ мекард. Бовар меравад, ин лаҳзаҳое буд, ки нирӯҳои вижаи Молдова ба ҳамла болои камингоҳи Ашӯров дар дохили фурудгоҳ тайёрӣ медиданд ва сабаби ҳаросон ҳар лаҳза ба атроф гаштаю баргашта нигоҳ кардани ӯ ҳамин буд.

Рустам Ашӯров 43 сол дошта, қаблан 7 сол дар ВКД кор кардааст, вале ба сабаби рафтори номуносиб аз саффи мақомот ронда шуда, соли 2012 барои ҳамлаи хунин ба саррофон дастгир ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ соли 2021 аз маҳбас озод шуд ва бархе расонаҳо хабар доданд, ки як муддат дар саффи ЧВК “Вагнер” ҳам ҷангидааст.

Шуҳрат Исматуллоев, ки солҳои тӯлонӣ дар “Ориёнбонк” кор карда, дасти рости роҳбари ин бонк Ҳасан Асадуллозода ба шумор мерафт, шоми 23 июни соли 2023 аз назди манзилаш дар маркази шаҳри Душанбе рабуда шуд. Бо гузашти инак ду ҳафта аз нопадид шуданаш дигар ягон дараке аз вай пайдо накардаанд. Қаблан дар бораи боздошти 4 нафар дар робита ба қазияи рабудани Истматуллоев хабарҳо ба даст расида буд. Гуфта мешуд, ки ҳамаи онҳо кормандони собиқи мақомоти қудратианд. Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” баъди ин ҳодиса ба Русия фирор кардааст. Ҳоло ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Да куҷояш мегуяд гап дар бораи биткоини 100 200 миллиона ?? Кани вай сухане ки дилшод кушту ман дар дарьё андохтам?

  2. Интиқоми Ҳасан Асадуллозода аз хонаводаи ин ҷинояткорон интиқоме, ки дар 50-аср як бор рух медиҳад, хоҳад буд, чунки бо аз даст додани Шуҳрат Исматуллоев ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳар рӯз беш як миллард доллар зарар мебинад. Ҳатто беҳтарин муттахассиси хориҷӣ аз кишварҳои G7 ҷойгузини исматуллоев шуда наметавонад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button