ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ПИРАЗАНИ ТАНҲОРО АЗ МАНЗИЛАШ ДАР ДУШАНБЕ ПАЙДО КАРДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  дар бораи баъди чанд рӯзи маргаш хабар ёфтану  пайдо кардани ҷасади як пиразани танҳо дар манзилаш дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 5 июли соли 2023 навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додааст, ки як сокини солманди кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтхат, хонаи 45/1 чанд рӯз боз аз хонаи худ берун намеояд., ягон сару садое аз дохили хона ҳам шунида намешавад ва ба занги дар ва кӯфтани дар посух ҳам намедиҳад. 

Имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, дарро боз карданд ва дар дохили хона пиразани 83-соларо пайдо карданд, ки аз дунё гузаштааст. Азбаски ин пиразан танҳо мезист, касе хабар наёфтааст, ки ин ҳодиса кай иттифоқ уфтодааст?

Наҷотдиҳандагон ҷасади пиразанро ба кормандони  милитсия супурдаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, тафтишот сабабҳои марги пиразанро муайян хоҳад кард.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Дар бораи шахсияти пиразан ягон маълумот дода нашудааст.

Дар фарҳанги мардуми тоҷик танҳо гузаштани касе, бахусус солхӯрдагону ятимон ва маъюбон коре убол шумурда мешавад ва дар гузашта чунин ҳолатҳои ками дар кам иттифоқ меуфтод. Вале дар солҳои охир мавридҳои бесаробон мондани бахусус мардону занони солхӯрда ва аз ночорӣ  ҳатто ба хонаҳои пиронсолон рафтани онҳо нисбат ба солҳои қабл хеле зиёд шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button