ВидеоИқтисодТоҷикистон

ДОДСИТОНИИ КУЛ КУШТА ШУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО ТАСДИҚ ВА ИСМИ 4 ОДАМРАБОРО ЭЪЛОН КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 7 июли соли 2023, бо гузашти ду ҳафта аз нопадид шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев тасдиқ кард, ки одамрабоён ӯро кушта ва ҷасадашро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофтаанд.  Додситонӣ гуфт, то имрӯз номҳои 4 тан аз одамрабоёнро муайян кардааст, вале ҷустуҷӯи ҷасади Шуҳрат Исматуллоев  ҳамчунон идома дорад.

Додситонӣ Дилшод Саидмуродов, корманди собиқи мақомотро роҳбари одамрабоён номид. Ба гуфтаи додситонӣ, ба ғайри Дилшоди СБ дар рабудани Исматуллоев ҳамчунин Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Акбар Ахмедов ва дигарон иштирок доштаанд.

Қаблан видеоҳое нашр шуд, ки дар онҳо яке аз муттаҳамон бо номи Рустам Ашуров дар суҳбат бо модараш даст доштани худаш ва Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва худашро дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ин корро барои пул карданд, вале Саидмуродов бонкдори гаравгонро чунон зад, ки ӯ ҷон дод ва Ашӯров мурдаашро бурда, ба дарё партофтааст.

Додситонӣ мегӯяд, шоми 23 июн одамрабоён Исматуллоевро зӯран ба автомашинаи тамғаи «Ҳюндай – Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд ва дар як хона дар ин деҳа муовини раиси “Ориёнбонк-”ро то соати сеи шаби 24 июн бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, одамрабоён о мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Ҳюндай- Соната»-ро дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Километри 130 ин наздикии маркази ноҳияи Айнист.

Додситонӣ мегӯяд, худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Русия, Хуҷаев Ш.Х. ба Туркия ва Ашӯров Р.К. 25 июн ба Туркия ва 30 июн аз онҷо ба Молдова фирор намудаанд. Ашӯров дар фурудгоҳи Кишинёв ду каси дигарро кушту сипас худаш кушта шуд.

Додситонӣ гуфт, дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо 5 нафар дастгир карда шудаанд. Додситонӣ номи онҳоро нашр накард, вале қаблан дар бораи боздошти 4 нафар гузориш шуда буд ва гуфта мешуд, кии ҳамаи онҳо кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқанд.

Хабари иловагӣ оид ба ҳодисаи рабудани муовини раиси Ориёнбонк

Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян карда шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба уҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд. 

Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид.

23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зуран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай – Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рабудаанд.

Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.

Айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.

Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад.

ОХИРИН СУҲБАТИ РУСТАМ АШӮРОВ БО МОДАРАШ: МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”-РО ДИЛШОДИ СБ КУШТ, МУРДААШРО МАН БА ДАРЁ ПАРТОФТАМ…

Ба дасти идорам пойгоҳи хабарии “Бомдод” ва нашрияҳои дигар ахиран видеоҳое расид, ки дар он суҳбати охирини Рустам Ашӯров, яке аз муттаҳамони асосӣ дар рабудани бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев сабт шудааст.  Ин суҳбат, тавре аз равишаш бармеояд, шоми 30 июни соли 2023 тавассути мессенҷер аз фурудгоҳи Кишинёв, лаҳзаҳое қабл аз ҳуҷуми ниҳои вижаи Молдова ба Рустам Ашӯров сурат гирифтаст. Қарори маълум, он шом Рустам Ашӯров баъди манъи вурудаш ба Молдова туфанчаи як афсари марзбонро кашида гирифта, ин афсар ва як подполковники мустаъфӣ аз Хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро паронд ва баъдан худаш ҳам дар ҷараёни амалиёти боздошт 10 тир хӯрда, шаби 3 ба 4 июл дар бемористони пойтахти Молдова ҷон дод.

Он вақт гуфта мешуд, ки Рустам Ашӯров сирри рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро акнун бо худ ба зери хок мебарад. Аммо дар суҳбати телефонӣ бо модараш, ки тавассути як нафари дигари он лаҳза дар хонаи Ашӯровҳо қарордошта, вале маълум нест, ки бо кадом мақсад, бо як телефони дигар сабт кардааст, Рустам Ашӯров бархе ҷузъиёти ин ҳодисаро нақл кардааст.

Бино ба нақли Рустам Ашӯров, сухан дар бораи  ба маблағи 100 то 200 миллион биткоин (як навъ асъори электронӣ) доштани Исматуллоев мерафт.

Рустам Ашӯров ба модараш нақл мекунад, ки ба ӯ гуфтанд, ки ин пулҳоро мегирем аз дасташу ҷавобаш медиҳем.  “Вале дар онҷо чунон задаш, ки ӯ мурд”, – нақл мекунад Рустам Ашӯров.

“Кӣ зад?” – мепурсад модараш. “Дилшоди СБ”, ҷавоб медиҳад Ашӯров. “Дилшоди СБ” лақаби Дилшод Саидмуродов ном корманди собиқи ВКД, Агентии мубориза бо коррупсия ва Додситонии кул аст, ки мутахассиси бахши мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ ба шумор мерафт ва зоҳиран ба ҳамин сабаб, бо харидуфурӯши биткоин сару кор доштани Исматуллоевро медонист.

“Ту чӣ кор кардӣ?” – мепурсад модараш. “Ман ҳам бо онҳо будам”, – ҷавоб медиҳад Ашӯров. Модараш боз мепурсад, ки “ту, ки ягон кори бад накардаӣ?” Вале Рустам Ашӯров ҷавоб медиҳад, ки “ман мурдааш бурда, ба дарё партофтам”.

Дар сабти дуюм Рустам Ашӯров бархе ҷузъиёти дигарро нақл мекунад ва хабар медиҳад, ки дар киссаш 2500 доллар. “Намедонам, инҳо мегиранд ин пулро ё не, чӣ мешавад ё намешавад, таваккалам дигар ба Худо”, – мегӯяд Ашӯров, ки дар тӯли суҳбат ҳар лаҳза ҳаросон ба чор тараф нигоҳ мекард. Бовар меравад, ин лаҳзаҳое буд, ки нирӯҳои вижаи Молдова ба ҳамла болои камингоҳи Ашӯров дар дохили фурудгоҳ тайёрӣ медиданд ва сабаби ҳаросон ҳар лаҳза ба атроф гаштаю баргашта нигоҳ кардани ӯ ҳамин буд.

Рустам Ашӯров 43 сол дошта, қаблан 7 сол дар ВКД кор кардааст, вале ба сабаби рафтори номуносиб аз саффи мақомот ронда шуда, соли 2012 барои ҳамлаи хунин ба саррофон дастгир ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ соли 2021 аз маҳбас озод шуд ва бархе расонаҳо хабар доданд, ки як муддат дар саффи ЧВК “Вагнер” ҳам ҷангидааст.

Шуҳрат Исматуллоев, ки солҳои тӯлонӣ дар “Ориёнбонк” кор карда, дасти рости роҳбари ин бонк Ҳасан Асадуллозода ба шумор мерафт, шоми 23 июни соли 2023 аз назди манзилаш дар маркази шаҳри Душанбе рабуда шуд. Бо гузашти инак ду ҳафта аз нопадид шуданаш дигар ягон дараке аз вай пайдо накардаанд. Қаблан дар бораи боздошти 4 нафар дар робита ба қазияи рабудани Истматуллоев хабарҳо ба даст расида буд. Гуфта мешуд, ки ҳамаи онҳо кормандони собиқи мақомоти қудратианд. Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” баъди ин ҳодиса ба Русия фирор кардааст. Ҳоло ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button