ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ДАР ИСТАРАВШАН ЯК ҶАВОН МАЪШУҚААШРО КУШТА, МОДАРИ ӮРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани куштори маъшуқа аз дасти марди ошиқаш дар Истаравшан хабар дод. Ин мард баъди аз ҷониби модари маъшуқааш вайрон шудани мулоқоти ошиқонаи онҳо даст ба ин ҷинояти сангини задааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд, ин дафъа бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти хеле вазнинтар: одамкушӣ дастгир карда шуд.
Худи дастгиршуда ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ВКД мегӯяд, ин ҷавон шаби 4-уми июли соли 2023, тахминан соати 23:00 барои “анҷом додани муносибатҳои ошиқонааш” ба хонаи истиқоматии дӯстдоштааш, зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур омадааст. Аз ин ҳолат модари 47-солаи ҷавонзан дарак ёфта, корд дар даст аз ҳуҷраи худ мебарояд ва  бо мақсади аз хонаи истиқоматиаш  рондани ошиқи духтараш ӯро бо корд таҳдид кардааст.

Дар ин лобало, байни онҳо баҳсу муноқиша сар зада, гумонбаршаванда кордро аз дасти ҷабрдида кашида гирифтааст ва , бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан зани 27-соларо 3 маротиба ва модарашро 1 маротиба ба аъзои баданашон задааст.
Дар натиҷа, зани дӯстдоштаи ин ҷавон аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида ва модараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
ВКД гуфт, нисбат ба гумонбаршаванда бар моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button