ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВОКУНИШИ САРЕЪ БА ГУЗОРИШИ “БОМДОД”: ХАБАР ТАСДИҚ ВА АВБОШ ДАСТГИР ШУД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 5 июли соли 2023 дар вокуниш ба гузориши сомонаи “Бомдод”  бо номи “ХУДРО КОРМАНДИ МАҚОМОТ ГУФТА, БИНИИ ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕРО ЗАДА ШИКАСТААНД” хабар дод, ки нафари гумонбар дар латтукӯби Дилшод Одилов дастгир шудааст. Дар гузориш гуфта мешуд, ки як ронандаи “Опел” худро корманди мақомот гуфта, ин сокини Душанберо мавриди латтукӯб қарор дода, бо даъвати шариконаш дар як мошини ҷипи “БМВ Х6” кӯшиши бор карда бурдани Одиловро  карда, ба ӯ таҳдид ҳам кардааст, ки “туро дасту поятро баста, бурда, ба дарёи Варзоб мепартоем”.

Бино ба иттилои нашршуда, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муроҷиати як сокини шаҳри Душанбе оид ба мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш ва хабари вобаста ба ин ҳодиса дар сомонаҳои интернетӣ нашр гардида мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Милитсияи Душанбе дар шарҳи ин қазия гуфт: “Дар натиҷа, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Афзалшоҳи Н., санаи таваллудаш 02.04.1996, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, қи санаи 03.07.2023, тахминан соати 19:30, шаҳрванд Афзалшоҳи Н., ки ҳамчун мусофир бо мошини мусофиркашони тамғаи «Опел Астра», рақамҳои қайди давлатиаш 77 79 НН 07, аз кӯчаи Садрдин Айнӣ ба самти кӯчаи Назаршоев харакат мекард, бо муроҷиаткунанда, ронандаи мошини тамғаи «Лексус 470» шаҳрванд Одилов Д., барои халалдор намудани ҳаракати воситаи нақлиёт муноқиша намудааст. Дар натиҷа дастгиршуда Афзалшоҳи Н. шаҳрванд Одилов Д.-ро мавриди латукӯб қарор дода, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дар иттилоияи милитсияи Душанбе дар бораи шарикони Афзалшоҳи Н. ва иддаои ӯ дар бораи гӯё корманди мақомот буданаш чизе гуфта нашудааст.

Дилшод Одилов, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, шоми 3 июли соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур (дар минтақаи атрофи вокзали роҳи оҳан), як нафар худро корманди ВКД муаррифӣ карда, ӯро шадидан латтукӯб кардааст ва таҳдид кардааст, ки “туро дасту поятро баста, бурда, ба дарёи Варзоб мепартоем”. Ин таҳдид дар ҳолест, ки дар ин авохир  ду ҳодисаи рабудан ва ба тарафи Варзоб бурдану бо ҳамин ғайб задани шаҳрвандон сабт шудааст.

Бар асари латтукӯб, ҷоғи Одилов осеб дида, бинияш шикастааст ва лабонаш даридаанд. Ташхис осеби расида ба саломатии ӯро осеби миёна арзёбӣ кардааст.

Дилшод Одилов  мегӯяд, ӯро ба болои латтукӯбашон боз бо худ бурданӣ ҳам буданд, вале ба сабаби ҷамъ шудани издиҳоми зиёд дар ҷои ҳодиса, он нафаре, ки ӯро латтукӯб кард, ва шарикони ба онҷо даъваткардааш ӯро бурда натавонистанд ва аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Дилшод Одилов, ки санадҳои ташхиси тиббиашро дар даст дорад, мегӯяд,  билофосила ҳамон шом ва шаби 3 июл ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ ва УБОП занг зад, вале то ҳол касе ба шикояташ расидагӣ накардааст.

Бино ба нақли Дилшод Одилов,  шоми 3 июл ӯ ҳамроҳи ҳамсару писарчааш дар мошин аз тарафи мағозаи “Ашан” ба тарафи вокзали роҳи оҳан ҳаракат доштанд. Дар роҳ як мошини тамғаи “Опел Астра”, рақами қайди давлатиаш 77 79 НН 07 чанд маротиба дар роҳ ба ӯ халал эҷод кард, ё ба қавли ронандагон, “помех додааст”.

Билохира Дилшод Одилов дар назди мағозаи “Шикорчӣ” ба “Опел” баробар шуда, эрод мегирад, ки “як бор “помех” додӣ, ду бор “помех” додӣ.. Чӣ гап аст?” Аммо аз дохили “Опел” як нафар “исто, ман занатро фалон мекунам!” гуфта, аз дари тарафи мусофир берун шудааст ва ба назди мошини Одилов омада, ӯро, ки дар дохили мошин, сари чанбари фармон буд, латтукӯб кардааст ва бар илова таҳдид кардааст, ки “5 дақиқа ист, ман корманди мақомотам,  милисаҳо  меоянд, туро  дасту поятро баста,  бурда, ба дарёи Варзоб мепартоем”.

Дар ҳақиқат, бино ба нақли Одилов, баъди чанде шарикони он нафар савори як мошини ҷипи “БМВ Х6”, рақами қайди давлатиаш 61 49 ЕМ ба ҷои ҳодиса омадаанд ва низ худро аз мақомот муаррифӣ карда,  кӯшиш кардаанд, ки ин сокини пойтахтро, ба қавле, “бардошта баранд”. Аммо азбаски дар ҷои ҳодиса издиҳоми зиёд ҷамъ шуда буд, онҳо ба амалӣ сохтани ин мақсади худ ҷуръат накардаанд ва ба мошини ҷип нишаста, аз онҷо фирор кардаанд.

Ӯ аз ҷои ҳодиса бо сару рӯи вараму пурхун рост ба бемористони Қараболо (маркази миллии тиббии “Шифобахш”) рафта, худро ташхис кардааст. Ӯ рӯзи 4 июл аз ташхиси тиббию додгоҳӣ низ гузашт, ки бар асоси натиҷаҳои он, бар асари латтукӯб, ҷоғи Одилов осеб дида, бинияш шикастааст ва лабонаш даридаанд. Эксперт гуфтааст, осеби расондашуда ба моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ) дуруст меоянд.

Ду ҳодисаи охири одамрабоӣ : ғайб задани устоди Донишгоҳи тиҷорат Исмоилҷон Раҳмонов ва муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, ки дар ҳарду ҳодиса кормандони фаъол ё собиқи мақомот даст доштаанд, сокинонро нигарон кардааст.

Дилшод Одилов умедвор аст, ки ба аризаиӯ расидагии лозим хоҳад шуд ва гунаҳкорон, ки аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сӯиистифода мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Рута сиёҳ карди т ма соҳиби мошини опел астра ма у паданалата да ягончо памех надодам да ҳаму ҷое ки ҳодиса шид да ҳамуҷа и паат мара сари раҳи ма гифта истод ба пажири ма фромад гуфт ки ее бача як тараф гир гузаррем ба вай ҳақорат кад пасажири мара ба гапошан баланд шидак ба пасажири мара зад ки ирам вайя зад да ягонҷо ма ура памех надодам вай хдш гунаҳгорай бо ранги арусо рафта азриза кадай гуё ки и пасажири ма гуфта бошаки ма тра дасту пота баста дар дарёи варзоб мепартом и полни туҳмати баралояй

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button