ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САБҚАТ КАРДАНӢ ШУД… ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “МЕРСЕДЕС” БО “ДУЛАН” (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 5 июли соли 2023 бар асари ба мошини боркаши “Дулан” бархӯрдани мошини сабукрави “Мерседес” дар рӯбарӯи дарвозаи корхонаи семент дар шимоли пойтахти Тоҷикистон ду нафар: ронанда ва як зани мусофири “Мерседес” ҷон бохта, ронандаи “Дулан” ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, санаи 05.07.2023, тахминан соати 15:13, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 93 81 FF 01, Бобоҷонов К. ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи корхонаи сементбарорӣ, ҳангоми сабқат намудан  ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи «Хова» (“Дулан”), рақамҳои қайди давлатиаш 376 АА 01, таҳти идораи Шарипов Р., ки аз самти ноҳияи Варзоб ба самти кӯчаи Амиршоев бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофири «Мерседес Бенс», зани 54-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи “Дулан”, марди 44-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

РВКД Душанбе гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар чанд рӯзи аввали моҳи июл бошад, алакай беш аз 20 нафар қурбони садамаҳои нақлиётӣ шуданд. Аз ҷумла шоми 2 июл бар асари бархӯрди ду “Опел” дар Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар маҷруҳ шуданд.

 Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button