ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

“ОБЛАВА” ВА ДУХТАРИ НОБОЛИҒ: ТАФСИЛОТИ НАВИ ЛАТТУКӮБИ СЕ КОРМАНДИ МИЛИСА ДАР ДЕҲАИ ЛАКАТ (ВИДЕО)

Сокинони деҳаи Лакати ҷамоати Зарҳалол дар канори шаҳри Истаравшан дар шимоли Тоҷикистон рӯзи 5 июли соли 2023 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки наздики 30 сокини ин деҳаро бегуноҳ  ба ҷавобгарӣ кашидаанд ва дар муноқишаи байни онҳо ва 3 корманди милиса дар асл кормандони мақомот гунаҳкор буданд, на сокинони деҳа.

РВКД вилояти Суғд рӯзи 2 июл бо нашри як гузориши видеоӣ гуфт, ба зидди 9 сокини Лакат барои латтукӯби кормандони милиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, 18 сокини дигари ин деҳаро бо ҷурми майдаавбошӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашондаанд. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар шумораи навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, 3 корманди милиса рӯзи 31 май  гӯё “барои санҷиши маълумоти фаврии ба самти хидматӣ вобастабуда” ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Лакат рафта буданд, вале сокинони Лакат онҳоро латтукӯб кардаанд.

Акбар Шарифӣ дар бораи чӣ гуна маълумоти оперативиро санҷидани ин 3 корманди милиса тафсилот надод, вале дар видеои пурраи лаҳзаи муноқишаи сокинони Лакат бо кормандони милиса дида мешавад, ки сухан дар бораи ҳимояти сокинон аз як духтари ноболиғи 15-солаи сокини деҳаи Лакат меравад, ки дар дохили мошини милисаҳо буд.

Марди кӯҳансоли 63-солае, ки инак беш аз як моҳ боз бо ҳамдеҳагонаш дар паси панҷара қарор дорад, дар асл амаки ин духтар Ҷамолиддин Раҳматов будааст, ки баъди вафоти бародараш Наим дар соли 2013, инак 10 сол боз дар баробари тарбияи 6 фарзанди худаш, тарбияи 5 фарзанди аз бародараш ятиммондаро ҳам ба уҳда дорад.

Ин духтар  Анора Раҳматова, санаи таваллудаш 3 сентябри соли 2007, дар як нома ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода низ кормандони милисаро гунаҳкор карда, аз вазир хостааст, ҳамдеҳагонашро, ки ба ҳимоят аз номуси ӯ бархоста буданд, аз ҷумла амакашро озод кунанд.

“Ҳоло якчанд одамон барои халос кардани мани сағира дар ҳабсхонаанд. Амакам, саломатиаш вазнин дар турмахона мебошанд. 6 фарзандашон, мо, 5 сағира низ ба он кас муҳтоҷем. Амакам зери туҳмат монд, дигарон низ барои ору номуси ман ва бемасъулиятии ин 3 милиса азият кашида истодааст… Ҳоло ман дар ҳолати ногувор мондам. Дар деҳа роҳ рафта наметавонам. Бигзор он одамоне, ки маро аз кормандони милиса халос карданӣ буданд, ба озодӣ бароянд.  Дар вақти кор бо баҳонаи “облава” ба дигар корҳо машғул шудагӣ ин 3 корманди милиса ҷазои худро гиранд”, – навиштааст Анора Раҳматова.

Бино ба нақли ин духтари ноболиғ, ӯ ҳамон рӯзи 31 май аз дарс ҷавоб гирифта, хона мерафт, ки Улмасой Қодирова ном сокини Лакат бо ваъдаи ёфтани ҷои кор ӯро ба Истаравшан бурдааст. Аммо дар шаҳр, дар назди бахши шиносномадиҳӣ Қодирова ба Анора гуфтааст, ки ба як шиносаш барои “облава” ягон даъватшаванда лозим аст, оё касеро медонад ё на? Маълум нест, ки оё Анора суроғаи ягон касро додааст ё не, вале ба вай аввал 100 сомонӣ додаанд ва кормандони милиса аз бахши шиносномадиҳӣ баромада, ба онҳо ҳамроҳ шудаанд ва онҳо ҳамакаса дар ду мошин ба заминҳои деҳқонии деҳаи Лакат баргашта омадаанд.  Зоҳиран ин пул барои адреси ягон ҷавон будааст, ки Улмасой пулро гирифта, мегӯяд, “баъди қапидани бачаи ваъдашуда пулро ба дастат медиҳам”. Худи духтар мегӯяд, ки азбаски роҳкиро барои бозгашт аз шаҳр надошт, маҷбур ба яке аз ин мошинҳо нишаста омад.

Дар Лакат ду корманди милиса ба даруни заминҳо рафтаанд. Якеи дигараш аввал бо Улмасой таги тут рафта, сипас ба пеши Анора, ки дар даруни мошин буд, омадааст ва, бино ба нақли ин духтари ноболиғ, “рӯямро сила кард, миёнамро қапид ва гуфт: “Агар корамон ҳал шавад, туро ба кӯҳ мебарам. Телефони “Айфон” харида медиҳам”.

Анора мегӯяд, баъди ин ӯро дар даруни мошин, ки оинаҳояш сиёҳ буд, маҳкам карданд, вале одамоне, ки дар саҳро кор мекарданд, садои овозу гиряи ӯро шунида, ба пеши мошин омаданд, ки ӯро халос кунанд. Вале корманди милиса онҳоро дашном дода, аз онҷо пеш кардааст. Мардум мудири мактаби Лакат Исфандиёр Уринбоев ва амаки Анора Ҷамолиддин Раҳматовро хабардор кардаанд. Онҳо ҳамроҳи як издиҳом омада, аз милиса хоҳиш кардаанд, ки зӯро ҷавоб диҳад.

“Аммо 3 милиса якто шуда, куртаҳои амакамро дарронда партофт, латтукӯб кард, зад. Амакам аз ин ҳолат тоқат накард ва  ору номуси маро гуфта, мошинро зад. Ман як илоҷ карда, дарро кушодам ва маро амакам халос карда гирифтанд. Ӯлмасой то он дам дасту пои маро сахт қапида, роҳ надод, ки дарро кушоям. 3 милиса боз кӯшиш карданд, ки маро ба мошин шинонанд. Ин ҳолатро дида, одамон бетараф нашуда, барои озод кардани амакам аз онҳо ба кумак расида омаданд. Ҳодисаро шунавида, қариб 30 милиса расида омад. Маро ба милисахона бурда, аз ман баёнот гирифта, баъд иҷозат доданд. Аммо аз тарс чӣ гуфтам, намедонам…”,  – навиштааст Анора Раҳматова дар номааш ба вазири корҳои дохилӣ.

Сокинони дигари Лакат ба “Бомдод” гуфтанд, Анораро бо таҳдиди ба маҳбас шинондани амаку бародараш маҷбур кардаанд, ки фарзияи он 3 корманди милисаро тасдиқ кунад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар шумораи навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, ки рӯзи 2 июли соли 2023 нашр шуд, гуфт, ин 9 сокини Лакат санаи 31 майи соли ҷорӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ба 3 корманди милисаи шаҳри Истаравшан ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиашон дарафтодаанд.

Акбар Шарифӣ ба ҷуз инки ин се корманди милиса “барои санҷиши маълумоти фаврии ба самти хидматӣ вобастабуда” ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Лакат рафта буданд, дар бораи сабаби ба онҷо рафтани кормандони мақомот тафсилоти дигар надод. Акбар Шарифӣ гуфт, “гумонбаршудаҳои он замон мағруру ҳоло паршикаста” бо вуҷуди онки кормандони милиса дар тан либоси хидматӣ доштанду худро муаррифӣ карданд ва ҳолати кор, яъне бо чӣ мақсад ба инҷо омадани худро фаҳмондаанд, онҳоро таҳти латтукӯб қарор дода, муқобилияти ҷисмонӣ нишон додаанд ва ба милисаҳо дар роҳи иҷрои вазифаашон мамониат эҷод кардаанд.

Аз ҷумла мудири мактаби деҳаи Лакат Исфандиёр Урунбоев, соли таваллудаш 1989, ба он айбдор мешавад, ки ба ҷои халос кардани кормандони милиса аз дасти ҳамдеҳагони худ, баракс бо мошин роҳро баста, пеши роҳи фирори кормандони милисаро гирифтааст.

Яке аз дастгиршудагон дар баёноташ мегӯяд, ки рӯзи занозанӣ раиси маҳалла ва вакили деҳа низ дар ҷои ҳодиса буданд, вале касе милисаҳоро халос накард, балки “Занед!” гуфтаанд.

Як дастгиршудаи дигар гуфт, касе аз онҳо он рӯз маст набуд. “Дидам, ки ҷанг шуд, мо ҳам қӯш шудем”, – кӯтоҳ нақл кард ин сокини Лакат.

Ба зидди ин 9 сокини Лакат бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ (моддаи 237), истифодаи зӯроварӣ ва таҳқири намояндаи давлат (моддаҳои 328 ва 330) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо, ки синнашон аз 28 то 63 будааст, бар асоси ин бандҳои қонун барои авбошӣ то 7 соли зиндон ва барои латтукӯби кормандони милиса то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон мавридҳои ба кормандони мақомот дарафтодани сокинон хеле ангуштшумор аст.

Лакат беш аз 6 ҳазор аҳолӣ дошта, ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол (то соли 2012 – Коммунизм) шомил мешавад ва дар масофаи тақрибан 8 километр аз шаҳри Истаравшан ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button