ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ЛИСЕЙИ ОҒОХОН ДАР ХОРУҒ БА ЛИСЕЙИ ХОНАНДАГОНИ БОИСТЕЪДОД ТАБДИЛ ДОДА ШУД

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, лисейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба лисей барои хонандагони боистеъдод табдил дода шуд ва алакай лавҳаеро, ки дар даромадгоҳи ин мактаб овезон буд ва дар он “Лисейи Оғохон” навишта шуда буд, кандаанд. Ба гуфтаи яке аз муаллимон, мақомот аз ҳамаи омӯзгорони “Лисейи Оғохон” хостаанд, ки такрик ор накунанд ва дар мактаби нав ба кори худ идома диҳанд.

Як сокини Хоруғ, ки духтараш дар “Лисейи Оғохон” таҳсил мекард, ба “Бомдод” гуфт, волидони хонандагонро даъват карда, ваъда додаанд, ки дар мактаби нав ҳамон шароит ва усули таълим, ки дар “Лисейи Оғохон” истифода мешуд, нигоҳ дошта мешавад ва ҷое барои нигаронӣ нест.

Аммо ин сокин мегӯяд, бархе паҳлуҳои масъала волидонро нигарон сохтааст: “Аввалан, маълум нест, ки барои таъмини кори мактаб аз куҷо пул меёбанд? Қарори маълум, маблағгузории соҳаи маориф дар Тоҷикистон то ҳол мелангад ва маблағгузорӣ аз ҳисоби фақат будҷа барои таъмини фаъолияти комили чунин муассисаҳо кофӣ нест. Сониян, масъалаи сифати таълим: Агар ба омӯзгорон маоши шоистае, ки онҳо дар “Лисейи Оғохон” мегирифтанд, таъмин карда нашавад, онҳо метавонанд аз кор бираванд ва ин ба сифати таълим бетаъсир намемонад. Мо дар хотир дорем, ки вақти давлатӣ кардани лисейҳои туркӣ ва табдили онҳо ба “лисейҳо барои хонандагони боистеъдод” низ айни ваъдаро дода буданд, ки стаҳу сифати таълими замони лисейҳои туркиро нигоҳ хоҳанд дошт. Вале дар ниҳоят дидем, ки чунин нашуд ва он собиқ лисейҳои туркӣ, ки мактабҳои муътабари замони худ дониста мешуданд, ҳоло аз лиҳози сатҳу сифати таълим ҳоло аз дигар мактабҳои миёнаи оддӣ тақрибан фарқе намекунанд”.

Мақомоти вилояти Бадахшон ва Душанбе то кунун қарори бозхонди иҷозатномаи “Лисейи Оғохон” ва сабаби чунин тасмимро шарҳ надодаанд. “Лисейи Оғохон” расман рӯзи 30 июни соли 2023, баробари ба поён расидани соли таҳсил,  фаъолияти худро қатъ кард.

Лисейи Оғохон дар тӯли солҳо яке аз муассисаҳои аз ҳама муътабар дар байни мактабҳои миёна дар Бадахшон ба шумор мерафт ва садҳо тан аз шогирдони он ба донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дохил шуда, тавонистаанд мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногун шаванд.

Қаблан мақомот лагерҳо ё урдугоҳҳои тобистона дар ҳудуди вилояти Бадахшонро, ки тақрибан 30 сол боз аз ҳисоби Фонди Оғохон маблағгузорӣ мешуданд, бастанд. Ҳамчунин дар Хоруғ чанд боғчаву кӯдакистоне, ки Хадамоти маорифи Оғохон маблағгузорӣ мекард, давлатӣ карда шуданд. Мақомот ҳамчунин меҳмонхонаи “Serena”  дар Хоруғ ва биноҳои марбут ба Аввалин Бонки молиявии хурд ва MSDSP (Барномаи пуштибонӣ аз рушди кӯҳистон)-ро мусодира карданд ва бино ба иттилои Pamir Daily News, додситонии вилоят ба додгоҳ дар мавриди давлатӣ кардани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ дархости расмӣ ирсол кардааст.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки 85 сол дорад, аз соли 1957, инак 66 сол боз раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аксари сокинон ва зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Оғохон ҳамчунин тавассути сохторҳои худ чандин бунёди бузурги кумакҳои хайрия, ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ ва тиҷоратҳои зиёдеро раҳбарӣ мекунад. Сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон аз ҷумла тиҷоратҳои бузурге, чун ширкати мобили ТСЕЛЛ, Аввалин Бонки молиявии хурд (Первый микро-финансовый банк, нирӯгоҳи “Помир-1” (якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ, як сохтори Бонки ҷаҳонӣ) ва меҳмонхонаҳои “Серена“ дар Душанбе ва Хоруғро идора мекунанд ё мекарданд.

Тайи як соли гузашта баъди саркӯби эътирозҳои дар Бадахшон,  сохторҳои гуногуни марбут ба Оғохон дар ин вилоят ва дар умум дар Тоҷикистон ба фишори ҷиддие аз ҷониби мақомот дучор шудаанд ва  дар пайи лисею лагерҳо ва кӯдакистонҳои Оғохон, парки Хоруғ ва меҳмонхонаи “Серена” дар маркази Бадахшон хафви давлатӣ кардани дигар сохторҳои тиҷоратии Оғохон дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button