ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЧОРТЕППА ВА ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду садамаи марговар хабар дод.

Аз ҷумла субҳи 4-уми июли 2023, тахминан соати 05:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳимзода Амир Назаралӣ, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Рӯдакӣ-Ҳисор”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ, Ёров Умар Давлатович, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаби 4-уми июли соли 2023, тахминан соати 22:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Хоҷаев Мурод Муқимович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 230-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Акоҷонов Шараф Самиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар чанд рӯзи аввали моҳи июл бошад, алакай беш аз 20 нафар қурбони садамаҳои нақлиётӣ шуданд. Аз ҷумла шоми 2 июл бар асари бархӯрди ду “Опел” дар Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар маҷруҳ шуданд.

 Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button