ВидеоИқтисод

БОНКИ РУШДИ АВРУОСИЁ БАРОИ ТОҶИКИСТОН 650 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕКУНАД

Бонки АвруОсиёии РУШД (БАОР, ЕАБР)  барои Тоҷикистон дар се соли оянда барои “тарҳҳои авлавиятнок” 650 миллион доллар ҷудо мекунад. Чунин тавофуқ рӯзи 30 июни соли 2023 дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Бонки АвруОсиё Николай Подгузов дар ҳошияи нишасти солонаи Шӯрои ин ниҳоди молиявӣ ба даст омадааст.

Сомонаи расмии вазорати рушди иқтиосод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки “дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”.

Завқӣ Завқизода аз Бонки рушди АвруОсиё  хостааст, “маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, саноатикунонӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, иқтисоди рақамӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд карда шаванд”.

Дар навбати худ Николай Подгузов низ омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, Завқизодаро итминон додааст, ки сандуқи сармоягузории бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳадди 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории ин ниҳоди молиявӣ афзоиш медиҳад.

Вазорати иқтисод гуфт: “Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми солҳои 2023-2026 БАОР барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд”. Аммо дар бораи ин ки ин 650 миллион доллар мушаххасан ба кадом лоиҳаҳо равона хоҳад шуд?, вазорати иқтисод ягон шарҳ надодааст.

То имрӯз аз ҷониби Бонки рушди АвруОсиё ва сохторҳои он дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 миллион доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаи грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 миллион доллар ва 6 лоиҳаи худи бонк ба маблағи 51,4 миллион доллар амалӣ карда шудаанд.

Бонки рушди АвруОсиё соли 2006 аз ҷониби Русияву Қазоқистон таъсис ёфта, баъдан Тоҷикистону Арманистон, Беларус ва Қирғизистон низ ба узвияти ин ниҳоди молиявӣ пайвастанд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои бонк 10,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Сармоягузорони асосии Бонки АвруОсиё Русия ва Қазоқистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button