ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВО-АҶАБ! МАЪШУҚАИ МАРДИ ЗАНДОР БА ХОНААШ ОМАДА, ПАДАРИ ОН МАРДРО ДУ КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.07.2023

Ошкор гардидани ду ҳолати қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ

36

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 2-юми июли соли 2023, тахминан соати 20:30-дақиқа, маъшуқаи шавҳараш зани 28-солаи сокини ноҳияи Файзобод, вориди манзили истиқоматиаш шуда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд хусураш марди 59-соларо як маротиба ба қисми дасти чапаш ва як маротибаи дигар дар қисмати миёнаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Cабаби чунин бархӯрди ин ҷавонзан бо падари марди дӯстдоштааш маълум нест.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Балҷувон дастгир карда шуд.
Номбурда, 2-юми июли соли 2023, тахминан соатҳои 23:00, дар деҳаи Каҷтути ноҳияи мазкур бо марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд якчанд маротиба дар узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Ба даст афтодани ду марди қаллоб

28

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 42 ва 27-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон аз 27-уми ноябри соли 2016 то 20-уми апрели соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи аз хориҷа ворид намудани маҳсулоти хӯрока ва равнақ додани тиҷораташон аз ӯ 533 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 19-сола бо ҷурми дуздӣ

146

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки 20-уми июни соли 2023, тахминан соати 20:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи «Маркет 1001», шуда, аз он ҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button