ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

РУСТАМ АШӮРОВ ДАР БЕМОРИСТОН ҶОН ДОД ВА СИРРИ РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО БО ХУД БУРД

 Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, ки ду афсари Молдоваро дар фурудгоҳи Кишинёв кушт, шаби 3 июли соли 2023 дар як бемористон дар пойтахти Молдова ба ҳуш наомада, ҷон дод. Ашӯров шоми 30 июн ҳангоми амалиёти боздошташ дар фурудгоҳ дастикам 10 тир хӯрда буд ва аз ҳамон рӯз дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт.Бо ҳамин, Рустам Ашӯров сирри рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро бо худ ба гӯр мебарад. Ӯро дар Тоҷикистон ба даст доштан дар рабудани бонкдори маъруф айбдор мекарданд ва як ҳайъат аз кормандони мақомоти Душанбе барои кумак дар таҳқиқи парвандаи Ашӯров ва бозпурсии ӯ дар робита ба парвандаи Исматуллоев ба Кишинёв омада буданд.

Хабари даргузашти Ашӯровро Нозироти кулли пулиси ВКД Молдова шаби 3 июл дар каналаш дар Телеграм нашр кард.

 “Нафаре, ки ба куштори ду кас дар фурудгоҳи байналмилалии Кишинёв муттаҳам мешуд, 15 дақиқа пеш даргузашт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи кӯтоҳи пулиси Молдова.

Сардори пулиси Молдова Виорел Чернэутсяну рӯзи 3 июли соли 2023 дар Кишинёв ба хабарнигорон гуфт, бино ба иттилои дарёфтии онҳо, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки шоми 30 июн ду афсарро дар фурудгоҳи пойтахти Молдова кушт, дар гузашта 7 сол дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон кор кардааст, вале баъдан барои ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудааст.

Сардори пулиси Молдова гуфт: “Муайян карда шуд, ки Ашӯров корманди собиқи милисаи Тоҷикистон аст, ӯ 7 сол дар ВКД кор кардааст, вале барои рафтори номуносибаш ронда шудааст. Ӯ узви ягон гуруҳи террористӣ нест, вале барои ғоратгарӣ зиндонӣ шуда буд. Дар гуруҳи ҷиноятие, ки Ашӯров узви он буд, ӯ иҷрокунанда будааст”.

Сардори пулиси Молдова гуфт, Рустам Ашӯров, вақте аз Туркия вориди Кишинёв шуд,  мавриди шубҳа қарор надошт, чунки “номаш дар ягон базаи байналмилалӣ набуд ва рафтораш низ ором буд”. Дар мавриди сабаби рад шудани хоҳиши ӯ ба қаламрави Молдова, сардори пулис гуфт, “бояд бигӯям, ки ҳар сол то 5 ҳазор хориҷиро иҷозати вуруд ба Молдова намедиҳанд”.

Виорел Чернэутсяну ба Молдова омадани се корманди ВКД Тоҷикистон барои кумак ба тафтиши парвандаи Ашӯровро тасдиқ кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки Ашӯровро ба Тоҷикистон нахоҳанд дод, балки барои куштори ду нафар дар худи Молдова муҳокимааш мекунанд. Ба Ашӯров тибқи қонунҳои Молдова  барои ду куштор ҳукми абад таҳдид мекунад.

Дар айни замон, Чернэутсяну ҳангоми боздошташ дастикам 10 тир хӯрдани Ашӯровро тасдиқ кард ва гуфт, вазъи ӯ дар бемористон хеле сангин боқӣ мемонад.

Шоми 30 июн шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон Рустам Ашӯровро, ки аз Туркия омада буд, дар фурудгоҳи Кишинёви  иҷозати убури марзи Молдоваро надоданд. Дар аввал фақат барои онки ӯ мақсади омаданаш ба Молдоваро дуруст фаҳмонда натавонистааст. Вале вақте ки дар ҷараёни тафтиши иловагӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштани ӯ маълум шуд, Ашӯров туфангчаи муовини сардори пулиси марзбонии ВКД Молдова Сергей Мунтянуро кашида гирифта, худи Мунтяну ва корманди бахши амнияти фурудгоҳ подполковники мустаъфии Хадамоти муҳофизати давлатии Молдова Игор Чофуро паронд. Ҳангоми ҳамлаи нирӯҳои вижа  ба ҳуҷрае, ки Ашӯров дар дарунаш сангар гирифта буд, ин шаҳрванди Тоҷикикистон дастикам 10 тир хӯрд ва инак се рӯз боз дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ қарор дорад.

Дар Тоҷикистон Рустам Ашӯровро дар рабудани бонкдори маъруф, муовини аввали раиси “Ориёнбонк Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам мекунанд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ашӯров аз тариқи Туркия ба Молдова фирор кард, то баъдан дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо пинҳон шавад.

Шуҳрат Исматуллоев, ки шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариё Розӣ дар маркази Душанбе рабуда шуд, инак 19 рӯз боз беномунишон боқӣ мемонад. ВКД барои ёфтани ӯ 30 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар кардааст. Ахиран хабар омад, ки бо иттиҳоми даст доштан дар набудани Исматуллоев дар худи Тоҷикистон 4 корманди собиқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла як афсари собиқи ВКД ва Агентии мубориза бо коррупсия ва як додситони собиқро дастгир кардаанд.

Президенти Молдова Майя Санду рӯзи 4 июл ба ёди қурбониёни тирпаронӣ дар фурудгоҳ Рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва подполковник Игор Чофу ва муоини сардори пулиси марзбонӣ Сергей Мунтянуро баъди маргашон бо медалҳои “Барои корнамоии ҷангӣ” қадрдонӣ кардааст.

траур
Чофу ва Мунтяну

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Нопадид шудани Шуҳрат Исматуллоев бузургтарин талафот дар соҳаи бонкдории кишвар маҳсуб мешавад. Барои як чунин кадр ёфтану тарбия кардан 50-60 сол лозим аст. Мисли ашӯров саг ҳам таваллӯд мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button