ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ХУДРО КОРМАНДИ МАҚОМОТ ГУФТА, БИНИИ ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕРО ЗАДА ШИКАСТААНД ( 7 АКСУ САНАД)

Дилшод Одилов, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, шоми 3 июли соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур (дар минтақаи атрофи вокзали роҳи оҳан), як нафар худро корманди ВКД муаррифӣ карда, ӯро шадидан латтукӯб кардааст ва таҳдид кардааст, ки “туро дасту поятро баста, бурда, ба дарёи Варзоб мепартоем”. Ин таҳдид дар ҳолест, ки дар ин авохир  ду ҳодисаи рабудан ва ба тарафи Варзоб бурдану бо ҳамин ғайб задани шаҳрвандон сабт шудааст.

Бар асари латтукӯб, ҷоғи Одилов осеб дида, бинияш шикастааст ва лабонаш даридаанд. Ташхис осеби расида ба саломатии ӯро осеби миёна арзёбӣ кардааст.

Дилшод Одилов  мегӯяд, ӯро ба болои латтукӯбашон боз бо худ бурданӣ ҳам буданд, вале ба сабаби ҷамъ шудани издиҳоми зиёд дар ҷои ҳодиса, он нафаре, ки ӯро латтукӯб кард, ва шарикони ба онҷо даъваткардааш ӯро бурда натавонистанд ва аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Дилшод Одилов, ки санадҳои ташхиси тиббиашро дар даст дорад, мегӯяд,  билофосила ҳамон шом ва шаби 3 июл ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ ва УБОП занг зад, вале то ҳол касе ба шикояташ расидагӣ накардааст.

Бино ба нақли Дилшод Одилов,  шоми 3 июл ӯ ҳамроҳи ҳамсару писарчааш дар мошин аз тарафи мағозаи “Ашан” ба тарафи вокзали роҳи оҳан ҳаракат доштанд. Дар роҳ як мошини тамғаи “Опел Астра”, рақами қайди давлатиаш 77 79 НН 07 чанд маротиба дар роҳ ба ӯ халал эҷод кард, ё ба қавли ронандагон, “помех додааст”.

Билохира Дилшод Одилов дар назди мағозаи “Шикорчӣ” ба “Опел” баробар шуда, эрод мегирад, ки “як бор “помех” додӣ, ду бор “помех” додӣ.. Чӣ гап аст?” Аммо аз дохили “Опел” як нафар “исто, ман занатро фалон мекунам!” гуфта, аз дари тарафи мусофир берун шудааст ва ба назди мошини Одилов омада, ӯро, ки дар дохили мошин, сари чанбари фармон буд, латтукӯб кардааст ва бар илова таҳдид кардааст, ки “5 дақиқа ист, ман корманди мақомотам,  милисаҳо  меоянд, туро  дасту поятро баста,  бурда, ба дарёи Варзоб мепартоем”.

Дар ҳақиқат, бино ба нақли Одилов, баъди чанде шарикони он нафар савори як мошини ҷипи “БМВ Х6”, рақами қайди давлатиаш 61 49 ЕМ, ба ҷои ҳодиса омадаанд ва низ худро аз мақомот муаррифӣ карда,  кӯшиш кардаанд, ки ин сокини пойтахтро, ба қавле, “бардошта баранд”. Аммо азбаски дар ҷои ҳодиса издиҳоми зиёд ҷамъ шуда буд, онҳо ба амалӣ сохтани ин мақсади худ ҷуръат накардаанд ва ба мошини ҷип нишаста, аз онҷо фирор кардаанд.

Дилшод Одилов мегӯяд, ки ӯ билофосила ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ ва телефони боварии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД (УБОП) занг зад, вале дар УБОП шикояти ӯро қабул накардаанд, аз телефони боварии вазир маслиҳаташ додаанд, ки хаттӣ муроҷиат кунад. То соате ки ин гузориш нашр мешуд, аз ин ҳодиса тақрибан 15 соат гузашта буд, вале Дилшод Одилов мегӯяд, то ҳол касе ба шикояташ расидагӣ накардааст.

Ӯ аз ҷои ҳодиса бо сару рӯи вараму пурхун рост ба бемористони Қараболо (маркази миллии тиббии “Шифобахш”) рафта, худро ташхис кардааст. Ӯ рӯзи 4 июл аз ташхиси тиббию додгоҳӣ низ гузашт, ки бар асоси натиҷаҳои он, бар асари латтукӯб, ҷоғи Одилов осеб дида, бинияш шикастааст ва лабонаш даридаанд. Эксперт гуфтааст, осеби расондашуда ба моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қасдан расондани осеби миёна ба саломатӣ) дуруст меоянд.

Ду ҳодисаи охири одамрабоӣ : ғайб задани устоди Донишгоҳи тиҷорат Исмоилҷон Раҳмонов ва муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, ки дар ҳарду ҳодиса кормандони фаъол ё собиқи мақомот даст доштаанд, сокинонро нигарон кардааст.

Дилшод Одилов умедвор аст, ки ба аризаиӯ расидагии лозим хоҳад шуд ва гунаҳкорон, ки аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сӯиистифода мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button