ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР САДАМАИ ФАЙЗОБОД 11 НАФАР ҲАЛОК ШУДААНД. ВКД НОМИ ҚУРБОНИЁНРО НАШР КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 июли соли 2023 хабар дод, ки дар садамаи шоми 2 июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод бар асари бархӯрди ду мошини “Опел Астра” ва “Опел Вектра” 11 нафар,  аз ҷумла 6 ноболиғи синнашон аз 2 то 17 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Қаблан дар бораи ҳалокати 8 нафар дар ин садамаи мудҳиш хабарҳо ба даст расида буд.  ВКД гуфт, “Опел Астра” ба самти муқобили роҳ баромада, ба “Опел Вектра” бархӯрдааст.

Ин пурқурбонитарин садама дар соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. ВКД исми ҳамаи қурбониёни ин садамаро нашр кард.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 2-юми июли соли 2023, тахминан соати 20:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ибодзода Маҳмадсодиқи Маҳмадюсуф, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Шарипов Бобоҷон Икромович, соли таваллудаш 2004, сокини ҳамин ноҳия, бархӯрдааст. Дар натиҷа:

  1. ронандаи мошини “Опел-Вектра”, Шарипов Бобоҷон Икромович, соли таваллудаш 2004 ва мусофирони мошини мазкур:
  2.  Шарипова Зуҳро Икромовна, соли таваллудаш 2006,
  3. хурдсол Шарипова Хатича, соли таваллудаш 2018,
  4. Давлатов Субҳон Толибҷонович, соли таваллудаш 1998,
  5. Абдараҳмонзода Талабшои Дилшод, соли таваллудаш 2007,
  6. Бобоев Бахтовар Идибегович, соли таваллудаш 2001, сокинони ноҳияи Файзобод ва мусофирони мошини тамғаи «Опел-Астра»,
  7.  Негматова Марзия, соли таваллудаш 1959,
  8. хурдсол Ҳалимов Аюбҷон Маҳмадович, соли таваллудаш 2017,
  9. Негматова Бибиробия Валиевна, соли таваллудаш 1997,
  10. Шарипова Шаҳло Шарафовна, соли таваллудаш 2007 ва
  11. хурдсол Шарипов Абдусалом Шарафович, соли таваллудаш 2021, сокинони шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ибодзода М.М. ва мусофирони мошини мазкур Негматова Бунавша Валиевна, соли таваллудаш 1985, ноболиғ Шарипов Шоҳин Шарифович, соли таваллудаш 2011 ва хурдсол Ҳалимов Аҳмад Маҳмадович, соли таваллудаш 2019, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин шаби 2-юми июли соли 2023, тахминан соати 23:55, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Камри», Абдуллоев Акмалхон Дадахонович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар чорроҳаи кооператори шаҳри Хуҷанд дар рӯ ба рӯи истгоҳи мусофиркашонии «Зафар», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Исломзода Толиб, соли таваллудаш 1975 ва фарзандаш Исломзода Мадина Толиб, соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Хуҷандро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардон Исломзода Т. ва Исломзода М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои дигари ВКД, рӯзи 3-юми июли соли 2023, тахминан соати 11:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Муҳаммадиев Асланбек Рустамович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, мошинро  ба чуқурии канори роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур, ноболиғ Носиров Хусрав Мансурович, соли таваллудаш 2007, сокини ҳамонҷо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button