ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ РОҲБАРИ ШИРКАТИ “ҶАМОЛ-2012” БАРОИ ИСТИСМОРИ ҒУЛОМОНАИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ

Додгоҳи олии Тоҷикистон мудири кулли ширкати“Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддинро бо ҷурми ташкили муҳоҷирати  ғайриқонунӣ ва харидуфурӯши одамон ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Расулов дар дастикам 22 мавриди истимори занону духтарони тоҷик дар байни солҳои 2016 то 2022 гунаҳкор дониста шуд. Бино ба хулосаи тафтишот, ӯ аз рӯи ҳусни зоҳириашон занону духтарони зеборо “интихоб” карда, ба Саудӣ мефиристод ва дар онҷо “кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти иваз кардани ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳуқуқи фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд”.

Ҳукми коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олӣ ҳанӯз 19 апрели соли 2023 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон тафсилоти ин парвандаро тоза рӯзи 4 июл нашр кард. Худи Ҷамолиддин Расулов ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи ин ҳукм дастрас нестанд, вале Додситонии кул мегӯяд, ки ин ниҳод тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо айбдории муассис ва дар як вақт директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди “Ҷамол-2012” Расулов Ҷамолиддин Зиёвуддинович барои савдои одамон, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда бар асоси  моддаҳои 130, иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г,е,ё”, 32 қисми 3-130, иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в,е,ё”, 340, қисми 2 бандҳои “б,в“ ва 335,  иловаи 2, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд.

Бо ҳукми Коллегияи  суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023  Расулов Ҷ.З. дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои болозикр пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Додситонӣ мегӯяд: “Муайян гардид, ки Ҷамолиддин Расулов ба ҳайси директори генералии ҶДММ “Ҷамол-2012” ва муассиси ҷамъиятҳои “Ҷамил Бухорӣ” ва “Мадади шарқ” кор карда, бо мақсади ғараз ба сафарбарнамоии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ бо ваъдаи ба онҳо таъмин кардани кори муносиб ва даромаднок машғул шудааст. Расулов Ҷ.З. баъзе аз роҳбарони ширкатҳои хориҷиро аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, бо онҳо ҷабрдидагон, алалхусус ҷавонзанони тоҷикро, ки аз рӯи синну сол ва ҳусни зоҳирӣ “интихоб” шудаанд, ба корфармоён интиқол додааст”.

Ба гуфтаи додситонӣ, Расулов бо ваъдаҳои баръало бардурӯғ, ки дар шартномаҳои бо шахрвандон ба имзорасонидааш пешбинӣ шудаанд, боварии онҳоро ба даст оварда, шаҳрвандони корталабро ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давоми солҳои 2021-2022 танҳо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зиёда аз 122 нафар шаҳрвандонро барои кор сафарбар намудааст, ки аксари онҳоро занон ташкил додаанд. “Мутаассифона, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ва шартномаҳои басташуда кафилон ва корфармоёни хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро аз истифодаи телефони мобилӣ ва алоқа бо хешу таборон, ҳуқуқи озодона гаштугузор кардан, ҳуқуқи муошират, муроҷиат ба консулҳои дипломатии Тоҷикистон, имконияти иваз кардани ҷои будубош, бозгашт ба ватани хеш ва дигар ҳуқуқи фардии шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кул. Ин ниҳод гуфт, ба Расулов Ҷ.З. оид ба 22 лаҳзаи чунин ҷиноятҳое, ки дар давоми солҳои 2016 то соли 2022 содир кардааст, айб эълон карда, “номбурда бо ҳукми суд ба ҷазои сазовор маҳкум гардид”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button