Ҳодиса

ВКД: ДАР БОЗОРИ “САХОВАТ” ОШХОНАИ ҶДММ “ФАЗЛИДДИН” ОТАШ ГИРИФТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 3 июли соли 2023 хабари сӯхтор дар бозори “Саховат” дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанберо тасдиқ кард ва гуфт,  субҳи 2-юми июли соли 2023, соати 05:53 дақиқа, дар ошхонаи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фазлиддин”, воқеъ дар кӯчаи Крупскаяи шаҳри шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.

Вазорат гуфт, хомӯш кардани сӯхтор беш аз як соатро дар бар гирифтааст: “Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор дохил ва болопӯши ошхонаро дар масоҳати 150 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар биноҳои ҳамшафат ба миён омадааст. Зимни сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар соати 07:05-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, зиёда аз 12 миллион сомонӣ молу мулки соҳибмулкон аз коми оташ наҷот дода шуд”.

ВКД гуфт, сабаб ва ҳаҷми зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.

Қаблан хабар омада буд, ки наздики соати шаши субҳи 2 июли соли 2023, дар яке аз ошхонаҳои бозори “Саховат” дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст. Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда дида мешуд, ки ошхона дар даруни оташ қарор дорад ва сӯхторнишонҳо талош доранд, то пеши роҳи боз ҳам бештар доман густурдани алангаи оташро бигиранд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай панҷумин сӯхтори бузург дар Тоҷикистон буд.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 30 июн ба 1 июли соли 2023, тақрибан соати 23:50,  дар супермаркети “Амид”  дар касаба ё микрорайони 13-уми шаҳри Хуҷанд сӯхтор ба амал омад. Сармуҳандиси қисми сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории русии “Спутник-Тоҷикистон” хабар дод, ки баробари ворид шудани занги хатар ба ҷойи ҳодиса 12 адад мошинҳои сӯхторнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон сафарбар карда давоми ду соат охирин алангаи сӯхторро хомӯш намуданд.” Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор беш аз 400 метри мураббаъро фаро гирифта буд ва дар натиҷаи ин офат, як миқдор маҳсулоти фурӯшгоҳи “Амид” ба коми оташ рафт, вале хушбахтона, касе аз кормандон ва харидорон осеб надидааст.

Супермаркети “Амид” дар касабаи 13-уми шаҳри Хуҷанд чанд сол пеш боз шуда, шабонарӯзӣ кор мекард. “Амид” яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳо дар Хуҷанд ба шумор меравад ва бо иқдомҳои хайрияи худ, аз ҷумла бо гӯшаи нони бепул барои мардуми муҳтоҷ ном бароварда буд.

Аз он пеш, субҳи 29-уми июни соли 2023, соати 04:50, дар бозори “Қубд”, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён дар ҷанубуғарби ҷумҳурӣ ба коми оташ рафт.

 “Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар масоҳати 655 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст. Бо сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар соати 07:05 бо пуррагӣ хомӯш карда шуд”, – гуфта мешуд дар иттилоияи ВКД.
Нимашаби 24-уми июни соли 2023, тақрибан соати 00:36, дар тарабхонаи Ресто-бар “Диёр” (собиқ “Бохтариён”), воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои пайвасту насби кабелу ноқилҳои барқӣ дар ошпазхона расиши кӯтоҳ ба амал омада, дар натиҷаи он сӯхтор сар зад. Сӯхтор толори мизоҷон ва болопӯши бинои тарабхонаро дар масоҳати 200 метри мураббаъ фаро гирифта, хафви паҳншавии он ба миён омада буд. ВКД гуфт, сӯхтор дар соати 02:00 бо пуррагӣ хомӯш карда шуд. Бино ба иттилои нашршуда, дар ин сӯхтор ягон нафар зарари ҷисмонӣ надидааст.
Шаби 22 июни соли 2023 мактаби миёнаи №71 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба коми оташ рафт. Дар видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса дида мешуд, ки яке аз биноҳои сеқабатаи мактаб пурра сӯхтааст ва аз бино  алангаи дуду оташ ба осмон баланд мешавад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  хабар дод, ки барои хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125 нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150 нафар, 16 адад нақлиёти ташнишонӣ ва 18 адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд.  Дар натиҷа, сӯхтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд.

“Тибқи санҷишҳои пешакӣ, сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст”, – гуфта мешуд дар иттилоия.

Вобаста ба ҳолати мазкур низ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари сӯхтор муайян карда хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button