ВидеоСиёсатТоҷикистон

РУСТАМ СОЛӢ, САФИРЕ, КИ ДАР АВРУПО ЛОББИИ ТОҶИКИСТОНРО СОХТА БУД, БА НАФАҚА РАФТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 июли соли 2023 бо имзои се фармон дар сохторҳои дипломатии кишвараш тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо фармони президент Солӣ Рустам (Рустам Абдуллоев)  “ба сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷону Гурҷистон озод карда шуд. Солӣ Рустам, ки дар гузашта аз муҳофизони президенти Тоҷикистон буд, дар авоили солҳои 2000 ба кори дипломатӣ гузашт ва чандин сол муовини сафир ва сипас сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО буд. Маҳз дар давраи сафирии ӯ дар Брюссел дар ҳайъати вақти парлумони Аврупо чанд вакил пайдо шуданд, ки аз манфиатҳои Тоҷикистон, аз ҷумла аз тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун қотеона пуштибонӣ мекарданд. Намунаи барҷастатарини лоббии тарафдорони Тоҷикистон, ки Рустам Солӣ дар Аврупо ташкил кард, вакили парлумони Аврупо  аз Шотландия Струан Стивенсон буд, ки чандин бор аз Тоҷикистон ҳам боздид кард ва ба қавли онҳое, ки Стивенсонро мешинохтанд, ҳуҷраи кориаш дар парлумони Аврупо пур аз армуғонҳои тоҷикӣ, аз ҷомаву тоқӣ то шишаҳои арақи “Шоҳона” будааст. Рустам Солӣ баъди анҷоми маъмурияташ дар Брюссел сафир дар Боку таъйин гардид ва баъдан умури Гурҷистон низ ба вай супурда шуд.

Баъди Рустам Солӣ солҳои зиёде масъулияти сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дар Брюсселро дипломати пуртаҷриба Эркин Раҳматуллозода бар уҳда дошт, ки ӯ моҳе пеш ба синни 70 расид ва ба нафақа баромад. Ба ҷои ӯ Музаффар Ҳусейнзода, ки то як моҳи пеш муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, сафири нави Тоҷикистон  дар Белгия таъйин шуд. Рӯзи 3 июл Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Ҳусейнзодаро ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар  Иттиҳоди Аврупо таъйин гардид ва зоҳиран ба зудӣ масъулияти намояндагии Тоҷикистон дар паймони ҳарбии НАТО ва дигар кишварҳои Бенилюксро низ ба зимма хоҳад гирифт.

 Ҳамин тавр, рӯзи 3 июл Эмомалӣ Раҳмон Абдураҳмон Илҳом Баротзодаро сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин кард. Абдураҳмон Илҳом Баротзода фарзанди адиби шинохтаи тоҷик Барот Абдураҳмонов буда, дар гузашта солҳои зиёде дар мақоми консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул кор карда буд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
озод намудани Солӣ Рустам

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Соли Рустам бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 июли соли 2023
№598

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
таъин намудани Абдураҳмон И.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдураҳмон Илҳом Баротзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 июли соли 2023
№599

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо
таъин намудани Ҳусейнзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 июли соли 2023
№600

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button