ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

РУСТАМ АШӮРОВ, КИ ДУ АФСАРРО ДАР КИШИНЁВ КУШТ, АФСАРИ СОБИҚИ ВКД ТОҶИКИСТОН БУДААСТ

Сардори пулиси Молдова Виорел Чернэутсяну рӯзи 3 июли соли 2023 дар Кишинёв ба хабарнигорон гуфт, бино ба иттилои дарёфтии онҳо, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки шоми 30 июн ду афсарро дар фурудгоҳи пойтахти Молдова кушт, дар гузашта 7 сол дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон кор кардааст, вале баъдан барои ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудааст.

Сардори пулиси Молдова гуфт: “Муайян карда шуд, ки Ашӯров корманди собиқи милисаи Тоҷикистон аст, ӯ 7 сол дар ВКД кор кардааст, вале барои рафтори номуносибаш ронда шудааст. Ӯ узви ягон гуруҳи террористӣ нест, вале барои ғоратгарӣ зиндонӣ шуда буд. Дар гуруҳи ҷиноятие, ки Ашӯров узви он буд, ӯ иҷрокунанда будааст”.

Сардори пулиси Молдова гуфт, Рустам Ашӯров, вақте аз Туркия вориди Кишинёв шуд,  мавриди шубҳа қарор надошт, чунки “номаш дар ягон базаи байналмилалӣ набуд ва рафтораш низ ором буд”. Дар мавриди сабаби рад шудани хоҳиши ӯ ба қаламрави Молдова, сардори пулис гуфт, “бояд бигӯям, ки ҳар сол то 5 ҳазор хориҷиро иҷозати вуруд ба Молдова намедиҳанд”.

Виорел Чернэутсяну ба Молдова омадани се корманди ВКД Тоҷикистон барои кумак ба тафтиши парвандаи Ашӯровро тасдиқ кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки Ашӯровро ба Тоҷикистон нахоҳанд дод, балки барои куштори ду нафар дар худи Молдова муҳокимааш мекунанд. Ба Ашӯров тибқи қонунҳои Молдова  барои ду куштор ҳукми абад таҳдид мекунад.

Дар айни замон, Чернэутсяну ҳангоми боздошташ дастикам 10 тир хӯрдани Ашӯровро тасдиқ кард ва гуфт, вазъи ӯ дар бемористон хеле сангин боқӣ мемонад.

Шоми 30 июн шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон Рустам Ашӯровро, ки аз Туркия омада буд, дар фурудгоҳи Кишинёви  иҷозати убури марзи Молдоваро надоданд. Дар аввал фақат барои онки ӯ мақсади омаданаш ба Молдоваро дуруст фаҳмонда натавонистааст. Вале вақте ки дар ҷараёни тафтиши иловагӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштани ӯ маълум шуд, Ашӯров туфангчаи муовини сардори пулиси марзбонии ВКД Молдова Сергей Мунтянуро кашида гирифта, худи Мунтяну ва корманди бахши амнияти фурудгоҳ подполковники мустаъфии Хадамоти муҳофизати давлатии Молдова Игор Чофуро паронд. Ҳангоми ҳамлаи нирӯҳои вижа  ба ҳуҷрае, ки Ашӯров дар дарунаш сангар гирифта буд, ин шаҳрванди Тоҷикикистон дастикам 10 тир хӯрд ва инак се рӯз боз дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ қарор дорад.

Дар Тоҷикистон Рустам Ашӯровро дар рабудани бонкдори маъруф, муовини аввали раиси “Ориёнбонк Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам мекунанд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ашӯров аз тариқи Туркия ба Молдова фирор кард, то баъдан дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо пинҳон шавад.

Шуҳрат Исматуллоев, ки шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариё Розӣ дар маркази Душанбе рабуда шуд, инак 19 рӯз боз беномунишон боқӣ мемонад. ВКД барои ёфтани ӯ 30 ҳазор доллар ҷоиза муқаррар кардааст. Ахиран хабар омад, ки бо иттиҳоми даст доштан дар набудани Исматуллоев дар худи Тоҷикистон 4 корманди собиқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла як афсари собиқи ВКД ва Агентии мубориза бо коррупсия ва як додситони собиқро дастгир кардаанд.

Президенти Молдова Майя Санду рӯзи 4 июл ба ёди қурбониёни тирпаронӣ дар фурудгоҳ Рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва подполковник Игор Чофу ва муоини сардори пулиси марзбонӣ Сергей Мунтянуро баъди маргашон бо медалҳои “Барои корнамоии ҷангӣ” қадрдонӣ кардааст.

траур
Чофу ва Мунтяну

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ашӯрови малъун мисли саг бимирад, гӯраш бисӯзад, худо лаънаташ кунад, дар азоби қабр абад-ул-абад бимонад, ҳафт пушташ дар қаъри ҷаҳаннам ҳамроҳи фиръавн ҷовидона ҷон бикоҳанд, ё Аллоҳи меҳрубон ба хотири аппаи меҳрубонам ва фарзандонаш, ки падари нотакрорашонро ваҳшиёна дӯздида, шаҳидаш карданд, Худоё ин авбошонро сахтарин азоби мумкинро насиб бикун. Раис Шӯҳрат коргар набуд, кордон буд, доно набуд, нобиға буд, мисли ашӯри наҷис номард набуд, балки содиқтарин марди хона, оила, кор, бонк, тахассус ва марди сафару маслиҳату машварат буд, ба ҷонаш ҳазорҳо бор хатар таҳдид мекард, аз дасти баъзе тоҷику тоҷикистониҳои нобакор, мисли ашӯри бадбахти радди маърака ҷонаш ба лаб расида буд, аммо ӯро нагузоштанд, ки кор ва ватанро тарк кунад. Худо ё Аллоҳи меҳрубон Шуҳрат Исматуллоевро ҳамчун шаҳид бипазир, аз гуноҳҳонаш бигузар, хатоҳояшро авф кун, аз азоби қабр наҷоташ бидеҳ, қабрашро пурнур кун, биҳишти фирдавси аълоро насибаш кун ва фарзандонашро дар ҳифзу амони худат нигаҳ бидор ва ба мо қувват бидеҳ то дар хизмати фарзандони Раис бошем, омин ё раббилоламийн!!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button