ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодиса

МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ… КУШТОРИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН АЗ ДАСТИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАР

Шаби 26 июни соли 2023 дар шаҳри Қаскелен, маркази маъмурии ноҳияи Қарасойи вилояти Алма-Атои Қазоқистон, воқеъ дар тақрибан 20-километрии ғарби шаҳри Алма-Ато, як зани 44-солаи маҳаллӣ ҷасадҳои ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо аломатҳои яқини марги маҷбурӣ– захмҳои зиёди корд дар баданашон – пайдо кардааст. Яке аз ин муҳоҷирони кушташуда 34 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 27 сол доштаанд. Бо гумони қатли онҳо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, соли таваллудаш 1980, дастгир шудааст.

Дар ин бора рӯзи 3 июли соли 2023 дар саҳифааш дар Инстаграм Бауржан Аленов, сардори департаменти пулиси вилояти Алма-Ато хабар дод.

 “Шаби 26 июни соли ҷорӣ, соати 00:50 ба идораи пулиси ноҳияи Қарасой С. ном шаҳрванди зан, соли таваллудаш 1979 хабар дод, ки дар шаҳри Қасқелен дар яке аз хонаҳои хусусӣ ҷасадҳои ду мардро бо захмҳои корд пайдо кардааст. Муайян карда шуд, ки ҷасадҳои ёфтшуда ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1989 ва 1996 мебошанд. Дар содир кардани ин ҷиноят як шаҳрванди дигари ин ҷумҳурӣ, соли таваллудаш 1980 гумонбар мешавад. Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, кормандони пулис макони будубоши гумонбаршавандаро муайян ва ӯро дастгир карданд. Дар ҳоли ҳозир, ӯ дар  тавқифгоҳи муваққат (ИВС) қарор дод”, – хабар додааст сардори пулиси вилояти Алма-Ато.

Бино ба иттилои ӯ, ин парванда дар ЕРДР (Рӯйхатти ягонаи тафтишоти то додгоҳӣ)-и пулиси ноҳияи Қарасой бар асоси моддаи 99, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми “куштори ду нафар” сабт шуда, ташхисҳои лозими тиббию додгоҳӣ муқаррар карда шудаанд ва тафтиши тододгоҳӣ оғоз ёфтааст. Ба шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷиктистон бар асоси қисми дуюми моддаи 99 ҳамчун ҷазо аз 15 то 20 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари қазия маълум нест. Номи кушташудаҳо ва ҳамин тавр, номи нафари гумонбар дар қатли онҳо нашр нашудааст. Бауржан Аленов гуфт,  “ҳар навъ маълумоти дигар ба хотири сирри тафтишот ошкор карда намешавад”.

Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин бозори бузурги корёбӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик, ки ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтода, барои чанд сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мешаванд, то замони ба поён расиданиин муҳри “запрет”-ашон ба ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба Қазоқистон мераванд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, дар Қазоқистон беш аз 200 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button