ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои Бадахшон

ЛИСЕЙИ ОҒОХОНРО ДАР ХОРУҒ АЗ ҲАҚҚИ ФАЪОЛИЯТ МАҲРУМ КАРДАНД

Пойгоҳи хабарии Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 1 июли соли 2023 хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон иҷозатномаи лисейи Оғохонро бозпас хондаанд ва ин лисейи муътабар акнун ба мактаби миёнаи оддӣ табдил дода мешавад. Мақомот то ҳол расман ин хабарро шарҳ надодаанд, вале чанд манбаъ аз миёни хонандагон ва кормандони лисейи Оғохон дар Хоруғ ба Pamir Daily News ин хабарро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки ин лисей рӯзи 30 июни соли 2023 ба фаъолияти худ поён дод.

Лисейи Оғохон дар тӯли солҳо яке аз муассисаҳои аз ҳама муътабар дар байни мактабҳои миёна дар Бадахшон ба шумор мерафт ва садҳо тан аз шогирдони он ба донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дохил шуда, тавонистаанд мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногун шаванд.

Pamir Daily News тазаккур  додааст, ки вақтҳои охир муассисаҳои марбут ба Оғохон дар Тоҷикистон таҳти фишори бесобиқаи мақомот қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла қаблан мақомот лагерҳо ё урдугоҳҳои тобистона дар ҳудуди вилояти Бадахшонро, ки тақрибан 30 сол боз аз ҳисоби Фонди Оғохон маблағгузорӣ мешуданд, бастанд.

Ҳамчунин дар Хоруғ чанд боғчаву кӯдакистоне, ки Хадамоти маорифи Оғохон маблағгузорӣ мекард, давлатӣ карда шуданд. Мақомот ҳамчунин меҳмонхонаи “Serena”  дар Хоруғ ва биноҳои марбут ба Аввалин Бонки молиявии хурд ва MSDSP (Барномаи пуштибонӣ аз рушди кӯҳистон)-ро мусодира карданд ва бино ба иттилои Pamir Daily News, додситонии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба додгоҳ дар мавриди давлатӣ кардани Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ дархости расмӣ ирсол кардааст.

Pamir Daily News тазаккур  додааст, ки муассисаҳои Оғохон дар тӯли солҳои зиёд дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  уҳдадориҳои иҷтимоии ҳукуматро иҷро мекарданд ва бо ин, бори таъмини барномаҳои иҷтимоиро барои ҳукумат сабуктар мекарданд.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки 85 сол дорад, аз соли 1957, инак 66 сол боз раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аксари сокинон ва зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Оғохон ҳамчунин тавассути сохторҳои худ чандин бунёди бузурги кумакҳои хайрия, ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ ва тиҷоратҳои зиёдеро раҳбарӣ мекунад. Сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон аз ҷумла тиҷоратҳои бузурге, чун ширкати мобили ТСЕЛЛ, Аввалин Бонки молиявии хурд (Первый микро-финансовый банк, нирӯгоҳи “Помир-1” (якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ, як сохтори Бонки ҷаҳонӣ) ва меҳмонхонаҳои “Серена“ дар Душанбе ва Хоруғро идора мекунанд ё мекарданд.

Тайи як соли гузашта баъди саркӯби эътирозҳои дар Бадахшон,  сохторҳои гуногуни марбут ба Оғохон дар ин вилоят ва дар умум дар Тоҷикистон ба фишори ҷиддие аз ҷониби мақомот дучор шудаанд ва  дар пайи лисею лагерҳо ва кӯдакистонҳои Оғохон, парки Хоруғ ва меҳмонхонаи “Серена” дар маркази Бадахшон хафви давлатӣ кардани дигар сохторҳои тиҷоратии Оғохон дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button