ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ИН ЧӢ РӮЗИ СИЁҲ БУД? ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР ФАЙЗОБОД (ВИДЕО)

Шаби 2 июли соли 2023 дар як садамаи маргбор дар ноҳияи Файзобод бар асари бархӯрди ду мошини  сабукрав 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилои канали Parviz TV, синну соли қурбониёни ин садама аз 6 то 20-сола буда, ҳамаашон сокинони ноҳияи Файзобод ва 4 нафараш аз як оила будаанд. Ба иттилои ин канал, ҳамаи ҳалокшудагонро субҳи 3  июл ба хок супурданд.

Канали Parviz TV  видео аз маҳалли ин садамаи мудҳишро низ нашр кардааст. Дар ин видео шоҳидон мегӯянд, ки яке аз мошинҳо такси будааст. Дар видео дида мешавад, ки бар асари бархӯрд ҳарду мошин комилан пачақу корношоям шудаанд.

Тафсилоти дигари ин садамаи мудҳиш ва номи қурбониён ҳанӯз нашр шудааст.

ВИДЕОРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД

ВКД Тоҷикистон то ҳол дар бораи садамаи маргбор дар Файзобод хабаре нашр кардааст, вале маркази матбуоти ВКД ҶТ рӯзи 3 июл дар бораи 4 садамаи дигар марговар хабар дод.

Аз ҷумла шаби 30-юми июни соли 2023, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма”, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон мошини тамғаи “Дулан”, таҳти идораи Гадомамадов Атомамад Султонмамадович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми аз самти шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат намуданаш пиёдагард, Бахтибеков Хушбахт Муалимшоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шуғнонро пахш намудааст. Дар натиҷа, Бахтибеков Х.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 1-уми июли соли 2023, тахминан соати 12:20, ронандаи мошини “Тойота-Королла”, Имомназаров Давронҷон Ҳайдарович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат  аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Панҷ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагардон, Давлатҷонова Бахтинисо Ҳакимовна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкур ва Ёфтакова Зӯҳро Маҳмадюсуфовна, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанберо, ки роҳро аз тарафи рост ба чап мегузаштанд, пахш намудааст. Дар натиҷа, Давлатҷонова Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва Ёфтакова З. бо бародоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Шаби 1-уми июли соли 2023, тахминан соати 22:30, ронандаи мошини тамғаи «Дэу-Тико», Сатторов Элбек Абдуваҳҳобович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати шаҳраки «Зафаробод-Логин» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Ғафоров Облобердӣ Худойбердиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Ғафоров О.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 2-юми июли соли 2023, тахминан соати 12:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Вин”, Файзиев Абдулбоқӣ, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Сарқамиш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “ГАЗ 5302”, таҳти идораи ронанда, Лолаев Мирзомиддин, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Тойота” Файзиев А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button