ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ҲАВОИ ПУРЧАНГУ ХОКБОРИШ ВА ОМАДАНИ СЕЛҲО

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-5 июли соли 2023  бар асари боди шадиде, ки аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 13-18 м/с мевазад, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин рӯзҳои 3-5 июл дар як қатор ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавошиносон омадани селҳоро бар асари об шудани пиряхҳо пешгӯӣ мекунанд, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии вилояти Суғд низ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бештар ба касони гирифтори бемориҳои дил, диабети қанд ва гипертония таваҷҷуҳ кунанд.  

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button