ВидеоРӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ МУҲАҚҚИҚИ ЭТНОГРАФИЯИ ЯЗГУЛОМ ИСМОИЛ РАҲИМӢ

Исмоил Раҳимӣ (Раҳимов), доктори илмҳои филология, профессор, муҳаққиқи этнографияи водии Язгулом, рӯзи 3 июли соли 2023 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Шарофиддин Шахкамонов дар Фейсбук хабар дод.

Мо аз сӯйи Худоем ва бозгашти мо ба сӯйи Ӯст. Имрӯз устод профессор Исмоил Раҳимӣ олами ҳастиро падруд гуфт, рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад, омин!”, – навиштааст Шаҳкамонов.

Дар бораи иллати марги донишманди мардумшинос чизе гуфта нашудааст. Вале Абдуқодир Алавӣ, муҳаққиқи низ зодаи Язгулом бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони марҳум, навиштааст: “Мо бо кӣ нишинем, ки ёрон ҳама рафтанд…”

Исмоил Раҳимӣ 1 майи соли 1946 дар деҳаи Жамадги ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадаааст.  Ӯ ҳанӯз соли 1992 рисолаи докториашро дар асоси маводи мардумшиносии зодгоҳаш водии Язгулом дифоъ карда, сазовори унвони доктори илмҳои филология ва баъдан профессор шуд. Исмоил Раҳимӣ солҳои тӯлонӣ ба ҳайси ходими илмӣ дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо кор кардааст. Баъд устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев буд. Ӯ аз соли 2019 то дами марг дар вазифаи ходими пешбари Пажуҳишгоҳи улуми гуманитарии ба номи  Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Професссор Раҳимӣ муаллифи даҳҳо мақолаву рисола доир ба масоили мухталифи илми забоншиносист. Зери роҳбарии ӯ чандин олими ҷавон рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. 


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button