Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЗИНДА БА ЗИНДА СӮХТАНД… ТАФСИЛОТИ САДАМАҲОИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ВОСЕЪ ВА Ш.ШОҲИН (2 ВИДЕО +18)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон тафсилоти садамаҳои пурқурбонии шоми 29 июн ва субҳи 30 июн дар ноҳияҳои Восеъ ва Ш.Шоҳинро нашр кард.

Дар ноҳияи Восеъ шоми 29 июн, тахминан соати 19:30, бар асари бархӯрди “Тойота Кемри” бо “Опел Астра” мошин “Опел” даргирифта, ронанда ва як мусофираш дар дохили оташ ҷон доданд ва як мусофири дигари ин мошин ҷароҳатҳои вазнин бардошт.

Субҳи 30 июн, соати 08:30, дар роҳи Душанбе – Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин бар асари бархӯрди ҷипи “Тойота-Ланд Крузер 200” бо “Опел-Мерива” ронанда ва ду мусофири “Опел” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири солхӯрдаи “Тойота” ҷароҳат бардоштанд.

 Ҳамин тавр, субҳи 30 июн, соати 07:50  дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент як зани 80-сола зери чархи “Старекс” монда, дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст.

Дар умум ин се садама 6 кушта ва 4 захмӣ ба ҷо гузошт.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 29-уми июни соли 2023, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота Кемри”, Баёдов Муҳаммадҷон Саидович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 129-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Бозор Сафарович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мошини тамғаи “Опел-Астра” оташ гирифта, ронанда Раҷабов Б.С. ва мусофираш Ваҳобов Сайидакрам, соли таваллудаш 1941, сокини ноҳияи Фархор сӯхта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофири дигари мошини мазкур, Ваҳобов Ғиёсиддин Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Канали Parviz TV ду видеоро аз ҷои ҳодиса нашр кард. Дар видеоҳо дида мешавад, ки раҳгузарон бо истифода аз ҳар васоили мумкин, ҳатто бо сангу кулӯх талош доранд, сӯхторро хомӯш карда, ронандаву мусофиронашро аз дохили “Опел” берун бикашанд, вале бенатиҷа.

ВИДЕОҲОРО МЕТАВОНЕД БО ЗЕР КАРДАНИ ИН ХАТ ТАМОШО КУНЕД


Субҳи 30-юми июни соли 2023, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Ланд Крузер 200”, Cайфидинов Шайдо Шораҳматович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар километри 237-уми шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ”, дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Мерива”, таҳти идораи ронанда, Фармонбеков Искандар Мавлонбекович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ванҷ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Мерива”, Фармонбеков И.М ва мусофиронаш: Музофиров Далер Зиёратшоевич, соли таваллудаш 1986, Худойдодова Сухангул Маҳмадовна, соли таваллудаш 1970, сокинони ноҳияи Ванҷ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони мошини тамғаи “Тойота-Ланд Крузер-200”, Одинааҳмадов Шанбе, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Душанбе ва Элчибекова Давлатноз, соли таваллудаш 1959, сокинони ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин субҳи 30-юми июни соли 2023, тахминан соати 07:50, ронандаи мошини тамғаи «Хундай Старекс», Назаров Абдувалӣ Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Ахмедова Маҳтарой, соли таваллудаш 1943, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Ахмедова М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ду моҳи ахири май ва июни соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 80 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button